Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
Дар ҳақиқат баъди ҳама ин дастгирию имконият фароҳам овардан вақте шахс ношукриро пешаи худ мекунад нафратам меояд. Дар ин масир метавон Муҳаммадбоқирро мисол овард, чунки баъди Истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон дар баробари дигар гӯшаву канори Тоҷикистон ин гушаи диёри зебоямон Бадахшон низ бо суръати баланд рушд карда, симои худро бо ободию хуррамӣ, роҳҳои ба мисли оина ҳамвор куллан дигар намуд. Лекин нотавонбинону бадхоҳони ин миллату ин сарзамин ба мисли Муҳаммадбоқир ҳамоно аз пайт тафриқаю гумроҳ сохтани мардум талош варзида вазъи орому осудаи ин гушаи Тоҷикистонро ки бо Боми ҷаҳон машҳур аст ноором сохтанд ва бехабар аз он, ки Худованд ҳеҷ гоҳ бори каҷро ба манзил намерасонад, аммо ин саркардаҳои мухолиф фориғ аз ин дар пайи амалҳои нопоки худ пайи тафриқаандозӣ, гумроҳсозии мардум талош менамоянд.Вале бояд як нуқтаи муҳимро дар хотир дошта бошанд, ки бо гузашти таърих дар ягон давру замон гуруҳ ва ё саркардаҳои бадхоҳ, ки мақсадашон низо андохтан ва ба мақсадҳои нопоки худ расидан мебошанд пирӯзӣ ба даст наовардаанд ва нахоҳанд овард. Оқибат ба мисли Муҳаамадбоқиру дигар ашхоси ҷиноятпеша бе ному нишон маҳви амалҳои нопоки худ гардаида дар паи ин рафтори касифонаи худ даҳо дигар сокинони осоиштаро сарсону саргардон месозанд ва оқибат байни худ ба як сари мақсад наёмада ба куштори ҳамдигарӣ даст мезананд. Лекин бошад, ки бо ин равиши худ якдигарро нобуд созанд ва мардуми Бадахшон дар маҷмуъ Тоҷикистони озоду осуда аз будани чунин аҳримансириштон дар амон бошанд.
Раис КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротзода
silvenpsp.rusferurezki.ru