ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ТОҶИКИСТОНРО ДИГАР ҚИСМАТ МАКУН!
Илова кард: admin23-05-2022, 11:36Асоси
Ҳангоми муталиаи маҷалае ба чунин навиштаҷон вар хурда, мутаҳаир шудам, дар он матлаб чунин байён ёфта буд: “Ҳаст мисли Тоҷикистон давлате, ки миллаташ аз ватан дида, дар дигар давлатҳо зиёд бошад” ва худи рӯзноманигор ҷавоб гардонидааст, ки албата не! Чаро ин тавр аст? Барои чӣ миллати форсу тоҷик , ки соҳибтамадум аст, парешхурда аст? Сабаб чист, ки шумораамон ба ватан дида дар дигар давлатҳо бештар буда, музафотҳои тоҷикнишин бо урфу одат, дину ойини тоҷикона бо ҳифзу забон обод шуда, ба ватани аслиашон бар нагаштаанд? Ба ҳақикати ҳол ва ба ин саволҳо аз таърихи гузаштаи ин миллату сарзамин ҷавоб ёфтан чуни аст? Замоне, ки дар асрҳои 1V-111 пеш аз миллод Искандари Мақдунӣ мамоликҳои форсу Осиёи Миёнаро тасаруф кард, шоҳи мақдуни Искандар ба болои халқи форсу тоҷик, эрониву дигар халқҳои муҳими хоҷагони худро ҳокими (сардор) карда, ба дигар ҷойҳо лашкар мекашид, аммо дере нагузашта ба ӯ Искандар хабар мебурданд, ки форсҳо тоҷикистони Ватандор сардорони таъинкардаашро сарнагун карда, худашон ҳокимию хукумати ҳамонвақтаро ба даст гирифта, амру сохтори Туро иҷро намекунанд. Искандар аз нимароҳ шахсан худаш барои барқарор кардану ҳукумфармон намудани одамони худаш издиҳоми ба амаломадаро маҳв карда, такроран саркардаҳо таъин мекард. Ин шуҷоату мардонагии миллати форсу тоҷик, ватандӯстиву бовиқорӣ ба далери ин миллатро Искандлар ҳис карда боре Амр кард, ки «Миллати форсу тоҷик ба пуррагӣ сар зада шавад»! Дар ин миён устоди Искандар, файласуфи замон Арасту ба Амри шоҳ монеъ шуда, ба ӯ чунин ҷавоб гардонид: «Мур, ки заррарасон аст, пашша ҳам зарар меорад, дар табиат ба пуррагӣ нест кардани онҳо як рукни табиатро вайрон мекунад, хол он ки миллати форсу тоҷик як узви бонуфузи табиату ҷамъиятанд, ба пурраги нест кардани онҳо чанд рукни табиату ҷамъият ва диниву дунявиро аз байн мебарад. Искандар мегуяд, набошад ёфтани илоҷи маҳв карданиӣ онҳо ба зиммаи ту! Арасту ба Искандар маслиҳат медиҳад, ки онҳоро ҳамчун асир гуруҳ-гуруҳ бо теъдоди калон ба харидорони ғулом аз мамоликҳои дигар мефурушем, бо ин восита ҳам ғанимат ба баст меорему ҳам аз исёну саркашии онҳо халос мешавем,ки ин нисбат ба ҳукми Искандар одилона буд, лекин як сабаби пош хурдани миллати тоҷику форс гардид ва дар он замон парокардании бузург барои ин миллату халқ гашт, ки ҳоло ҳам зиёнаш боқист. Дар давраҳои тасаруфи арабҳо ва муғулони куҳсори аҷнабӣ ба сари халқи тоҷику форс аз ин ҳам бадбахтиҳои зиёд омад. Миллатро қатли он фаро гирифт занони обистану, кӯдакони ширхора, пирону нотавононро ба сари найзаҳо бардошта аз сари одам каламанораҳо сохтанд, одамонро зинда ба зинда зери хоку деворҳо гузошта то ҷорӣ шудани хун дар руи замин одамонро сар мезанад. Аксари ваҳшониятҳо аз рӯи навиштани нависандагони маъруф Явдат Илясов, Соним Улуғзода, С . Айнӣ ин хиёнати дохилӣ алалхусус савдогарони беимон, мулоҳои бемағзу баъзе шоҳони мансабдустону шираткардаст рух медод. Чи хеле, ки аз таърих огоҳем ҳар навбат ба сари халқи Заҳматкаши мушкили меомад, халқ бехонаву ҷой мемонд, гуруснаву қаҳтӣ,гирифторшавӣ ба касалиҳои сирояти омаро думболагир буд.Халқи зиндамонда аз Ватани фирор мекард, беватан мегашт.Чи хеле , ки олими рус Гугле гуфтааст: Якс аз воситаҳои асосии дарозумри инсон , ин ҳимоя ва ҳифзи Ватан дар ғами Ватан зуд аз олам дармегузаранд. Эй тоҷикони бадахшон шумо маротибаи чандест, ки бо ҳар баҳона ба муқобиди ҳукумати қонуни хеш сар бардошта ба зиндагии осоиштаи мардум халал мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии марди асилу худодод Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони 30-35 сол пеш нест, халқу миллат ҳам дар шир сухта дуғро пуф карда менушанд. Магар модари аслии бадахшонӣ барои дифои Ватан фарзандӣ нохалаф зоида , падарон онҳоро ба ваз расонида, имрӯз дарди оммаи Тоҷикистониё гардонидаанд.Аз гуфтаҳои раиси вилоят дар бораи бесарусомониҳо ва аз рӯи гуфти Сардори ШВКД вилоят маълум мегардад, ки гуруҳҳои муташаккили исёнгару манфиатгу сулҳу оромиш вилояти Бадахшонро ввйрон карда, ба номи миллату давлати гул-гулшукуфон иснод мерасонад. Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам Ҳар он чӣ кард ба ман ошно кард. Дигар аз қирғизу _____________онҳо чӣ бинолем, ки дар дохили Ватан бо ҳам носозгорем. Ҳайфи шумо барин ватандор! Хулас аз қадим то ба имрӯз ҳамаи шикастҳо, нотенҷиву беадолатиҳо дар ҷамъият аз ноаҳливу беадолатиҳо сар зада кушта шудани Спитамени номдор, темурмалики қаҳрамон ва ҳазорон зиёии ватандӯсти миллати тоҷик аз хиёнати террористу экстремист нобуд шуданд. Биёед ба ҳам бошем, яктану якҷону муттаҳид бошем, бо ин васила чашми тангназарону баркирдоронро кур кунем, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ободу боз ҳам зеботар кунем, миллати ватандору озодаи тоҷикро минъбад ҳам дар ҷаҳон бо илму фарҳангаш муаррифиӣ намоем ва нагузорем, ки ба пояндагиву ҳастии милату давлати ҷоноҷонамон, ки онро зиёда аз 136 давлат рӯи дунё ба расмият мешиносанд зиён рассад. Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шумо барин фиристаҳо ба мисли оне рафтор карда истодааст, ки ангушти шуморо мемонед. Агар онро буранд лат мехурад, агар онро пинҳон накунад шармаш меояд. Ҳоло ҳам дер нашудааст ба ҷони худ ва ақли хешу табор ва ҳаммаслакону волидони худ ғадру ҷабр накарда , силоҳҳо, яроқҳои худро ба замин гузоред Тоҷикистон ба сарварам Худои бахшанда аст.Шуморо мебахшад.Биёед бо ҳам бошем. Зардов Холмуродsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.