Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ як гурӯҳ хоинони ватанфурӯш бахусус аъзоёни ташкилоти террористии ҲНИ-Паймони зиддимиллӣ бо роҳбарии Кабирии занакабоз, ки аслан тоҷик нестанд, бо овози нофораму фитнаангезонаашон ҷор зада, мардуми асилу покизаи тоҷикро, ки бо баракати марди фидоӣ ва ҷоннисор, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Ваҳдату Истиқлолият ва давлати пешрафта шудаанд, гумроҳ карданианд. Ин нокасони ғайри тоҷики ватанфӯруш хаёл мекунанд, ки имрӯз мардуми ҷоннисори тоҷикро аз роҳ мезананд, ки хатои маҳз кардаанд. Онҳо оё намедонанд, ки “кӯр як бор дар чоҳ мезанад”, ҳол он ки миллати мо аз он кӯрони нодонон нестанд, ки дигар ба гапҳои пучу хоинонаи бегонапарасте бовар карда, аз ин зиндагии шоиста худро маҳрум гардонанд.
Не, шумо эй бегонапарастон, хато кардаед! Дигар тоҷик ҳеҷ гоҳ бо ақли нокомили бегонае кор намекунад. Акнун мардум фаҳмидаанд, ки кистанд он бо ном Худопарастони фосиқе, ки имрӯз дар пушти хоҷгони хориҷии худ, ки гӯё тарафдори мусулмононанд, вале дар асл мисли ин ватанфурӯшон мусулмонӣ ва мусулмононро бадном карда, дар хориҷа фосиқи карда гаштаанд мардумро фирефта карданианд. Лекин хуб донста бигиред, ки миллати тоҷик азоби фирефташавиро чашид ва дигар бо овози ҳар хар амал намекунад. Худованди муттаол дар Қуръони азиму шаън хабар додааст, ки овози фирефтакунандагон мисли овози харон аст, ки фақат дилгир мекунанду халос. Чи гунае ки бузургонамон гуфтаанд.
Агар шумо дар асл тоҷик бошед ва барои ин миллату ин ватан ин қадар ғамхор бошед пас биёед, ба халқу ватани азиз якҷоя хизмат кунем. Пешвои муаззам даҳҳо нафар хатокори ба гуноҳаш иқроршуда ва тавбакардаро бахшид, авф кард ҷою вазифа дод.
Дигар ин, ки Пешвои муаззами мо Тоҷикистони азизро гулистон кардааст, мардумро соҳиби замину хонаву дару давлати пешрафта кардааст! Оё шумо намедонед, ки Президент имрӯз шабу рӯз дар байни коргару деҳқон ва зиёиву хонашини ватанпарвар аст! Оё шумо намедонед, ки имрӯзҳо ҳазорон ҷавонон бо дастгириҳои ин марди муаззам соҳиби маълумоти оливу зиндагии шоиста гаштаанд!? Ё ин, ки аз пешравиҳо шумо мисли мори заҳролуди думбуридаи ба сар санги ҷонкозада беқарор шудаед, ки тоҷик соҳоби илму донишу хираду маърифат гардидаву дигар ба ҳар саг гӯшнамедода шудааст?!
Тоҷик дигар он тоҷики солҳои навадум нест. Тоҷик имрӯз дунёдидаву дунёомӯхта ва соҳибдавлати асил аст ва дигар ин давлати ҷоноҷонашро ба касе, иншоаллоҳ нахоҳад дод. Аз ин рӯ беҳуда ҷор назанед ва суханони бепарди дурӯғинро камтар гӯед, ки фардо дар назди халқу миллат ва асосан пеши Худованди ниҳоят қодиру тавоно ҷавоб хоҳед дод.
Ана аз ҳамин рӯ мо зиёиёни ин миллати тавоно ба шумо эй ҷорзанандагони беҳудагӯй гуфтанием, ки бас кунед иғвоангезӣ ва бегонапарастиҳои бемаъниатонро, ки рӯзатон имрӯз ё фардо сиёҳ хоҳад шуд. Наход надонед, ки “суханчини бадбахт ҳезумкаш аст” гуфтаанд, бузургонамон, яъне имрӯз ё фардо хоҳед сухт.
Гурӯҳи омӯзгорони ноҳияи Муъминобод.
silvenpsp.rusferurezki.ru