ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ПАРЕШОНИҲОИ ДИРӮЗ.
Илова кард: admin23-05-2022, 11:29---
Мардуми тоҷик аз азал бо заковату тамаддуни покизаву хиради оқилонаи худ кулли мардуми дунёро дар тааҷуб оварда аст. Тамоми сарчашмаҳои илми далелан исбот намудаанд, ки тоҷик ба ҷуз меҳнати софдилонаву зиндагонии осоишта дар тамоми саҳифаҳои таърих дигар нақш надорад. Агар аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров истифода намоем, тоҷик куҳантарин инсон дар саёраи замин буда, барои хеле халқияту миллат ифшогари илм ва тамаддун аст. Аммо, ҳоло мардуми Ғарб махсусан азҳобу ҳаракатҳои мамнуъ бо маблағгузории баъзе аз кишварҳои манфиатдори хориҷӣ гурӯҳҳои радикалӣ созмон дода, баъзе аз онони ин миллати кӯҳанро воситаи дасисаҳои худ месозанд. Ҳатто то ба дараҷае дар майна ва шуури онҳо таъсир мерасонанд, ки аз давлатҳои бегона рафта ба тарафи ворисону волидайни худ санги маломат мечошанд. Дар ин давраи пурмуҷарои ҷанги иттилоотӣ ин ашхоси бехабар аз фазилати пешинаи худ созгордиҳандаи зиёда кардани гурӯҳҳои манфиатхоҳ гардида, дигар ҷавонони камсаводу роҳгумзадаро ба худ ҷалб месозанд. Ҷавонон, ки бештар дилбохтаи маблағу ғаниматанд ба хотири ғанимате аз насабномаи худ фориғ монда, даст ба ҳасрати дунё меафшонанд. Ин каломро дар мисоли равшан ва дар ҳаёти ноҷавонмардонаи ду тан аз пайравони гурӯҳҳои радикалӣ Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин татбиқ намудан бисёр осон аст. Ин бемазҳабон зода сарзамини азизи Тоҷикон буда, ба ин миллату ба ин давлат нияти нек надоранд. Ҳамеша барои ин ин миллат айб ҷуста, барои парешони ва ҷидоли ин мардум кушиш менамоянд. Бародарони Бадахшонии ман, қудратам барои панд додани Шумо шояд басанде нест, аммао ҳамчун як фарди ҷомеъа ва ҳамчун як омӯзгор аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш дорам: Парешониҳои дирӯз дарси ибрати садҳо барои миллати тоҷик бад, доғи он боз чанд соли дигар дар қалби ин мардум боқи хоҳад монд. Ин осоиштагиву ин ороми неъматест, ки хеле мардуми дунё садсолаҳо боз орзуи онро доранд. Ташкилкунандагон ва созмондиҳандагони ин тазоҳуротҳо мардуми оддӣ ва ҷавонон нестанд. Онҳо гурӯҳҳое ҳастанд, ки ҷавононро дастгирӣ намуда барои иғво даъват месозанд. Аз ин рӯ барои решакан кардани ин ашхос дастаҷамъона ва аҳлона мубориза бояд бурд то дар қалби ҷавонон ва фарзандони мо ақидаҳои нопокро ҷой надиҳанд. Давлати Афғонистони ҳамсоя дарси ибратест, барои мо ҷавонону мардуми тоҷик. Модарон дар асорат, ҷавонон дар машақат ва мардум саргардону парешон. Низом ва тартибот аз гушаи хаёл солҳост фаромуш гардидааст. Аз ин хотир шукр бояд кард……. Шукр ба озодиву ба оромӣ, шукр ба тинҷиву осудагӣ. Шукр ба таҳсилу истироҳат. Ба даъво ва хархаша ҳеҷ мушкил осон нашудааст ва нахоҳад шуд. Хама хархашаҳои бемаънӣ оқибат ба бесарусомонӣ хоҳад бурд. Карим Эмом.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.