ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ваҳдати миллӣ – ганҷи бебаҳои миллати тоҷик!
Илова кард: admin22-06-2022, 13:37Асоси
Ваҳдати миллӣ – ганҷи бебаҳои миллати тоҷик! 27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ёд мешавад, ки барои тамоми тоҷикистониён ҳамчун рӯзи рамзии гиромиву муқаддас эҳтиром дорад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳо Истиқлоли давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаассифона, мо тоҷикон бо як бозии нави манфиатхоҳон рӯбарӯ гардидем, ки бо дасти худи ҳаммиллатон ба ҷанги бародаркӯшӣ кашонида шудем. Мардуми тоҷик дар рӯзҳои аввал натавонист, ки неъмати бузурги истиқлолу озодиро боманфиатона истифода барад. ТЭТ ҳизби наҳзат бо душманони давлату миллати мо забон як карда, хостанд давлати тозаистиқлол ва миллати сарҷамъӣ тоҷикро несту нобуд ва пароканда созанд. Вале ба мақсаду ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд. Хушбахтона, дар ҳамон давраи бисёр ҳассос фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати ҷавони мо гардиданд ва ба мо сулҳ оварданд. Ёдоварӣ менамоем, ки кӯшишу талошҳои Пешвои миллат буд, ки халқи бофарҳангу тамаддунофари мо, ки сарсону овораву гуреза шуда буд, сарҷамъ гардид. Бо тадбиру ҷонфидоиҳои Сарвари миллат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш гардид ва миллати тоҷик ба ваҳдату субот дастёб шуд. Саҳми Раисҷумҳури мо дар ҳамбастагиву ҳифзи давлату миллати тоҷик бузург мебошад. Шахсиятҳои огоҳи миллат дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шуда, ҷон дар кафи даст сӯйи барқарории сулҳу субот ва амнияти ҷомеаву давлат равон гардиданд. Мавриди зикр аст, ки имсол 25-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Месазад, ки атрофи аҳамияту моҳияти Ваҳдати миллӣ байни мардуми тоҷик чанд нуктаро дарҷ намоем. Сулҳу ваҳдати миллӣ ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам наздику тавъаму дилнишинанд ва шунавандаро ба андеша водор месозанд. Сулҳ – оштиву фарзонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва талабгори осудагиву оромӣ буда, ватандор будани ҳар як фардро инъикос менамояд. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, иттифоқ будан, дӯсту бародар будани халқҳои дунё, амну оромӣ дар тамоми кишварҳо мебошад. Дар замони муосир ҳифз ва устувор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат ва осудагиву оромии ҷомеа бисёр мушкил гардидааст. Вале миллати тоҷик тавонист, ки бо сулҳдӯстӣ ва эҳтирому ҳамбастагӣ байни ҳамватанон ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳайрат гузорад. Чун аксарияти созмонҳои бонуфуз ва давлатҳои миёнҷигарӣ дар барқарории сулҳу суботи миллати тоҷик ба он назар буданд, ки ин қарордоди сулҳ моҳу соле намепояд ва дар кӯтоҳмуддат шикаста мешавад. Вале 25 сол мешавад, ки мардуми шарифи тоҷик дар фазои сулҳу субот ва оромии давлат зиндагиву фаъолият доранд. Албатта, боз ҳам инҷо саҳми худи шаҳрвандони сулҳдӯстӣ мо ва саҳми бевоситаи Пешвои муҳтарами миллат бузургу беназир аст. Ва ин падида боиси хурсандиовар аст, ки миллат ва давлати мо имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои олам гардидаанд. Коршиносону таҳлилгарони соҳаи моҷарошиносӣ таъкид менамоянд, ки танҳо бо роҳи ваҳдати миллӣ метавон истиқлоли сиёсӣ, пешрафту ободӣ ва амнияту оромии мардумро аз ҳама таҳдиду хатарҳо эмин нигоҳ дошт. Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад”. Ҳамин тариқ, ҳар як пиру ҷавони тоҷик бояд ватандору сулҳдӯст бошад ва ин неъматҳоро қадр намояд, дӯст дорад ва эҳтиром гузорад, зеро бо доштани ин ганҷҳо давлату миллати мо ҳифзу устувор мемонад. Иброҳим Халилов, сиёсатшинос.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.