ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРЧАШМАИ САОДАТИ МИЛЛАТ
Илова кард: admin22-06-2022, 13:39Асоси
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРЧАШМАИ САОДАТИ МИЛЛАТ Имсол мардуми шарафманди тоҷик 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати баланд таҷлил менамоянд. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 27 июни соли 1997 бо талошҳои бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллат, дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Масири тайнамудаи Тоҷикистони тоза ба истиқлолият расида, дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд. Замоне, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлат бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишварро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Даҳшати ин ҷанг ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад. Аз ин нуқтаи назар, ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва пояи пешрафту ободии Ватан мебошад. Басо рамзист, ки соли ҷорӣ 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олиро таҷлил менамоем. Маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои иҷлосия дар мамлакат барои барқарорсозии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шуд. Ҳаводиси солҳои ахир дар як қатор кишварҳо нишон дод, ки бо сабаби муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати доираҳои манфиатдор одамон ба мушкилоти сангин, ихтилофҳои мазҳабиву мафкуравӣ гирифтор шуда, ин раванди ҳалокатбор боиси фавти садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта, тарки Ватан кардани миллионҳо нафар, аз рушду инкишоф бозмондани давлатҳо ва, ҳатто аз байн рафтани аркони давлатдорӣ гардидааст. Дар чунин вазъ давлати мо, ки оқибатҳои фоҷиабори чунин зуҳуротро аз сар гузарондааст, зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар тамоми сайёра мебошад. Бинобар ин, ғояи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, ки падидаи муттаҳидсози миллат аст, дар байни сокинони мамлакат, аз ҷумла наврасону ҷавонон ба сифати воситаи муҳими таҳкими худшиносӣ ва тафаккури миллӣ бояд ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ шавад. Чунки ҳоло ҳам душманони давлату миллат зери пуштибонии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд рӯзгори осудаи халқи ваҳдатшиори моро рахна намоянд. Воқеоти Бадахшон нишон дод, ки аъзои собиқ ҳизби террористии наҳзат мехоҳанд Тоҷикистонро ба вартаи ҷанг кашанд. Аз ин рӯ, ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад. Хусусан, дар шароити ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба дасисаву фиреби ҳар гуна неруҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем ва ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеаро дар зеҳну шуури ҳар як шахс тақвият диҳем.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.