ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ПРЕЗИДЕНТИ МУВАФФАҚ, САРВАРИ ДАВЛАТСОЗ, ШАХСИЯТИ ТАЪРИХӢ
Илова кард: admin22-06-2022, 13:38Асоси
ПРЕЗИДЕНТИ МУВАФФАҚ, САРВАРИ ДАВЛАТСОЗ, ШАХСИЯТИ ТАЪРИХӢ Агар ба таърихи навини инсоният дар ду қарни охир назар андозем, ба таври аён мушоҳида мегардад, ки тули ин даврон танҳо он давлатҳое рушд кардаанд, ки онҳоро сиёсатмадорони дорои қобилияти баланди сарварӣ ва ислоҳотгар идора намудаанд. Аз зумраи чунин сиёсатмадорони ислоҳотгар ва сарварони муваффақ одатан Франклин Рузвелтро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Конрад Аденауэрро дар Олмон, Маргарет Тэтчерро дар Англия, Дэн Сяопинро дар Чин ва Ли Куан Юро дар Сингапур ном мегиранд, ки тавассути соҳиб будан ба мактаби хоси давлатдорӣ ва низоми мушаххаси идоракунӣ кишварҳои худро рушд бахшидаанд. Ҳар яке аз ин шахсиятҳо бо такя ба принсипҳои муайяни низоми давлатдорӣ, ки ба шароити даврон ва макони худ мувофиқат доштаанд, ба комёбиҳои назаррасу бесобиқа дар сарварии давлату миллати худ ноил гаштаанд. Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат чун қаринаҳои дигари худ, ки дар самти идоракунии давлат дар таърихи муосир ба зуҳур омадаанд, албатта, ба принсипҳои умумии ҷумҳуриятхоҳӣ, бунёди давлати демократӣ, дунявият, халқият, ислоҳотгароӣ ва амсоли он такя мекунад. Вале баъзе унсурҳои ин мактаб ё низоми идоракунии давлатро аз амалияи сиёсию давлатдории Пешвои миллат таҳлил намуда, қабл аз ҳама, якчанд принсипи асосиро ҷудо кардан имкон дорад, ки, ба андешаи мо, чунинанд: БУНЁДИ ҶОМЕАИ АДОЛАТПАРВАР Таъмини адолат дар ҷомеа, ки ҳамчун меъёри қонеъ гардондани манфиатҳои бо ҳам алоқаманди фардҳо ё гурӯҳҳо ҳисобида мешавад, дар мактаби давлатдории Пешвои миллат мақоми асосӣ дорад. Аз ин рӯ, аз ибтидои Истиқлоли давлатӣ манфиати тамоми гурӯҳҳо, минтақаҳо ва шахсони алоҳидаро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, Сарвари кишвари мо бо иқдоми хеш дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро, ки дар якҷоягӣ ҳамаи онҳо ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар, мусоидат мекунанд, пешбинӣ намуданд, ки он аз лиҳози сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ ҷанбаҳои зиёди давлатсозии анъанавӣ ва муосирро дар худ фаро мегирад. Бунёди давлати иҷтимоӣ ва ҷомеаи адолатпарвар дар даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти сарварии Пешвои миллат тамоми арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои неки ниёгони моро оид ба адлу адолатпарварӣ фаро гирифта, баробарии ҳуқуқу озодиҳои тамоми сокинони кишвар ва минтақаҳои гуногуни онро дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ таҳким бахшид. ТАЪМИНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ваҳдати миллӣ ҳамчун мафҳум ва навъи фаъолият, ки тавассути он томмияти ҳаёти мардум дар таркиби як миллат ифода меёбад, барои миллати тозаистиқлоли мо хеле муҳим буд. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ барои мо, қабл аз ҳама, маънии ҷавобгӯй будани миллати моро ба нишонаҳои асосии мафҳуми миллат ҳамчун иттиҳоди таърихан шаклгирифта ва устувори гурӯҳи одамон дошт. Бо иқдоми Пешвои миллат ба сатҳи идеологияи миллӣ бардоштани фалсафаи Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки иттиҳоди устувори гурӯҳи одамон будани миллати тоҷик комилан ҳифз карда шавад. Иқдомҳои шахсии Сарвари давлат дар самти қонунгузорӣ барои ба ҳам наздик гардидани урфу одат ва анъанаву оинҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва рушди соҳаҳои дигар мусоидат намуда, ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон боз ҳам устувортар сохтанд. БУНЁДИ ИҚТИСОДИЁТИ ГУНОГУНМОЛИКИЯТ, РУШДИ БАРОБАРИ МИНТАҚАҲО ВА ШАҲРУ ДЕҲОТ Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар баробари моликияти давлатию ҷамъиятӣ, моликияти хусусӣ ва бахши хусусӣ дар иқтисодиёт пайдо шуда, рушди ҷумҳурӣ дар асоси тамоми навъҳои моликият сурат гирифт. Инчунин, рушди баробари тамоми минтақаҳо, на танҳо минтақаҳои алоҳида чун дар замони шуравӣ, ба ҷавҳари сиёсати давлатдории Пешвои муаззами миллат табдил ёфт. Сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар, ки натиҷаи фаъолияти пурсамари иқтисодии Сарвари кишвар аст, ба рушди мавзуни тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Таҷдид гардидани сохтори хоҷагии кишоварзии мавҷуда ва дар заминаи онҳо таъсис додани хоҷагиҳои деҳқонӣ ё фермерӣ ва соҳибкории инфиродӣ, васеъ намудани майдони боғу токзор, ҷудо гардидани замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон тибқи фармонҳои Президенти кишвар барои рушди деҳот омили ҳалкунанда гардиданд. ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СТРАТЕГӢ Стратегия аз нигоҳи донишмандони зиёд, ин на танҳо як роҳест, ки ба музаффарият мебарад, балки ба вуҷуд овардани чунин шароитеро мефаҳмонад, ки тамоми роҳҳо ба он мебаранд. Аз ин ҷост, ки дар баробари масъалаҳои рӯзмарраю ҷорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ҳалли масъалаҳои стратегӣ, яъне пайдои роҳҳои мухталифи расидан ба ҳадафҳои худ, як унсури муҳими низоми давлатдории Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дар шароити кунунӣ баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ, гувоҳи ҳадафманд будан ва ба дурнамо нигаронда шудани сиёсати давлатдории ин шахсияти таърихӣ ба ҳисоб мераванд. МАОРИФПАРВАРӢ Маорифпарварӣ ба маънии васеи он, раванде ҳисобида мешавад, ки барои бартараф сохтани нуқсонҳои ҳар гуна ҷомеа тавассути тарғиби ғояҳои адолатпарварӣ ва донишҳои илмӣ нигаронда шудааст. Аз ин нуқтаи назар, Пешвои миллат дар низоми давлатдории хеш маориф ва илм, инчунин, эҳё ва рушди фарҳанги миллиро ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти кишвар табдил дода, собит намуданд, ки беҳтарин анъанаҳои маърифатхоҳии давлатҳои ғарбӣ ва маорифпарварони тоҷикро идома хоҳанд дод ва амалан ҳам, ба шаҳодати тамоми сокинони мамлакат, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ин амал дар сатҳи олӣ роҳандозӣ шуд. Зиёд гардидани теъдоди мактабҳои миллӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, таваҷҷуҳи хоссаву шахсӣ ба илм ва сарнавишти олимон, эълон доштани солҳои маориф ва фарҳанги техникӣ, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва амсоли он гувоҳи онанд, ки дар мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат маорифпарварӣ мақоми калидӣ дорад. ТАКЯ БА ХАЛҚ ВА ДАСТГИРИИ ТАБАҚАҲОИ ОСЕБПАЗИРИ ҶОМЕА Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдории давлат, миллат ва соҳибистиқлолиро ҳамеша бо чунин омили муҳим – такя ба халқ ва садоқати он пайваста дониста, онро дар бунёди давлатдории миллӣ барои ҳар як қавму миллат ҳамчун омили калидӣ донистаанд. Ба қавли Пешвои миллат: “Садоқати мардуми Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ пойдевори давлати миллиро устувор намуд”, аз ин ҷост, ки ин шахсияти барҷастаи сиёсӣ бузургтарин сарват, қиматтарин гавҳар ва азизтарин неъматро барои хеш халқи Тоҷикистони маҳбубро донистаанд. Дар ин росто қобили зикр аст, ки Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Сарвари худ шояд ягона давлате мебошад, ки рӯйхати комили тамоми ятимони кулл ҳамеша дар дасти мақомот ва шахсони масъул буда, ҳаёту фаъолияти онҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд. ҲИФЗИ ДАВЛАТ БО ТАКЯ БА НЕРУИ ХУДӢ Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо сарварии Пешвои миллат Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр ташкил ёфта, ҳифзи оромию суботи давлат ва кулли сарҳадҳои он комилан ба дӯши худи давлати тоҷикон гирифта шуд. Дар ин раванд ташаккул ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллие, ки дар собиқаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ шабеҳи худро надоранд, сурат гирифта, Тоҷикистон ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфт ва ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар радабандиҳои байналмилалӣ ворид гардид. РОҲАНДОЗИИ СИЁСАТИ ДАРҲОИ КУШОДА Роҳандозии усули “дарҳои кушода” ҳамчун як унсури муҳими мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба эътирофи байналмилалӣ пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷониби қариб 200 кишвар ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ, барқарор намудани ҳамкориҳои дипломатӣ бо 179 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи қариб 50 намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, инчунин, ифтитоҳи беш аз 30 намояндагии дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон овард. Бо сарварии Роҳбари давлат раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сурат гирифта, кишвари мо ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфт ва “Раванди Душанбе” ҳамчун бренди миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ эътирофи ҷаҳонӣ касб намуд. ГУЗАРОНДАНИ ИСЛОҲОТИ МУНТАЗАМ ДАР ТАМОМИ САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА Ислоҳот, яъне таҳаввул ва дигаргунсозии муҳтаво ё шакли объекти алоҳидаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амсоли он як раванди мантиқию ратсионалии ҳадафнок буда, ба азнавсозӣ ва воридсозии навгониҳо ба ҳаёти ҷомеа нигаронда шудааст. Аз рӯзҳои аввали сарварии худ Пешвои миллат роҳи азнавсозии давлати муосири тоҷиконро пеша карда, ислоҳоти сиёсӣ, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд ва асосҳои иқтисодии давлати моро бар пояи эътирофи тамоми шаклҳои моликият гузоштанд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат дар кишвари мо таҳаввули маданӣ сурат гирифта, бо ин мақсад, дар ҳама соҳаҳои фарҳангу маънавиёт азнавсозӣ ба вуқуъ пайваст. Рушди илму маориф, эҳёи тафаккур ва ҳувияти миллӣ, танзими ҳуқуқии анъана ва ҷашну маросимҳои милливу динӣ ва амсоли он аз унсурҳои асосии мактаби давлатдории Пешвои миллат дар самти ислоҳоти иҷтимоӣ будаанд. Хулоса, чанд принсипе, ки ҳамчун намуна аз усули давлатдории Пешвои муаззами миллат баён гардиданд, нишон медиҳанд, ки Сарвари кишвари мо дар идоракунии давлат соҳиби мактаби хоси худанд, ки дар ҷавҳари он давлатсолорӣ ва ислоҳотгароӣ қарор доранд. Аз ҷониби дигар, халқият, яъне такя ба халқ ва дастгирии халқ муҳтавои асосии ин мактаби идоракунии давлатиро ташкил медиҳанд. Хуршед ЗИЁӢ, доктори илми фалсафа, профессорsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.