ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Суботу пешрафти Бадахшон ҳадафу мароми ҳар як Тоҷики Ватандор аст!
Илова кард: admin22-06-2022, 13:41Асоси
Суботу пешрафти Бадахшон ҳадафу мароми ҳар як Тоҷики Ватандор аст! Падидаву равандҳои сиёсии солҳои охир тасдиқ карданд, ки беш аз пеш бояд суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеа таъмин карда шавад. Чун манфиатхоҳон ва бозигарони геополитикии минтақа пайи ташкилу таъсиси нооромиву бесуботӣ қарор доранд. Вазъияти сиёсии ҷаҳон то ба сатҳе пешбининашаванда гардид, ки як давлати пешрафтаву орому осуда ба дигар давлати соҳибистиқлол ҷанг эълон кард. Албатта, дар ин маврид назару андешаҳо мухталифанд, вале воқеаҳои охир дар Русияву Украина нишон доданд, ки таҳрику балегӯиҳои доираҳои сиёсӣ ва манфиатхоҳони ҷангу куштор бисёр хатарбор гардидаанд. Дар ин маврид ҳастанд нафароне, ки сиёсати дохиливу хориҷии ҳам Русия ва ҳам Украинаро ба таври худ таҳлилу баррасӣ намуда, нодурустии сиёсати ҳардуро ояндабинӣ мекунанд. Вале падидаву равандҳо собит намуданд, ки дар муноқишаву задухӯрдҳои онҳо дасти тарафи сеюм ва тарҳу барномаҳои геополитикӣ нақши асосӣ доранд. Бинобар ин, борҳо вобаста ба фаъолияту амалиётҳои экстремистиву террористии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Бадахшон дар матлабҳои худ таъкид доштем, ки онҳо абзору бозичаи доираҳои сиёсӣ ва давлатҳои манфиатхоҳ дар минтақа ҳастанд, вале баъзе душманони давлату миллати тоҷик беқарорӣ карда буданд. Чун онҳо худ ин рафтору кирдори саркардагони ҷиноятпешаро дар Бадахшон омода карда, супоришҳо дода, идора мекарданд. Дар ин маврид бояд қайд кард, ки аксарияти саркардагон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Бадахшон наҳзатиҳо буда, пас аз барқарории сулҳу субот дар кишвар аз ҷониби Сарвар ва Ҳукумати мамлакат бахшида шуда, ҳатто ба сафи нерӯҳои қудративу низомӣ ҷалб шуда буданд. Аз ин рӯ, баъди хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарории суботу оромии кишвар саркардагон ва ҷанговарони бераҳми ВМК Бадахшон аз хулқу атвори худ даст накашида, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияту суботи вилоят ва кишварро чандин маротиба вайрон карданд. Вале чандин маротибаи дигар бинобар таъмину устувор нигоҳ доштани сулҳу суботи мамлакат дар вазъияти ноороми ҷаҳонӣ, ҷинояткорон аз ҷониби Ҳукумати кишвар бахшидаву авф гардида буданд. Таҳлилу мушоҳидаҳои солу моҳҳои охир нишон доданд, ки ин гурӯҳу ҳаракатҳои ҷиноятпеша аз кору рафтори худ даст накашида, то ба ташкилу таъсиси ҷиноҳҳои низомии худ расиданд ва дар охир бо душманони давлату миллати тоҷик алоқа барорқарор карда, пайи амалинамоии нақшаву барномаҳои геополитикии онҳо машғул гардиданд. Аз ин вазъият ва мақсадҳои онҳо давлатмардони тоҷик огоҳ гардида ба ҷунин хулоса расиданд, ки бояд Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМК Бадахшон таъсису фаъол гардад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ситоди номбурда аз шахсиятҳои сатҳи миллӣ ташкил шуда, дар доираи қонуну қоидаҳои расмии давлатӣ фаъолият карданд. Масъулони ватандори ситод барои ҳифзу нигоҳдории сулҳу субот ва амнияти ҷомеаву давлат саркардагони гурӯҳҳои муташаккили Бадахшонро ба роия кардани қонунҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ даъват мекарданд. Вале онҳо гаштаву баргашта қонуну қоидаҳои расмии давлатиро вайрон карда, пайваста ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазин содир намуданд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ чандин маротиба изҳор доштанд, ки барои иҷрои ҷазои ҷинояткорон онҳоро ба мақомотҳои судиву полис даъват мекардаанд, вале онҳо рад карда, ҳатто ба полисҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон медоданд. Албатта ин беҳуда нест, чун баъзе аз онҳо аз худ “лидер” сохта бо роҳҳои ғайрқонунӣ силоҳу маблағ ҷамъоварӣ карда буданд ва бо додани пул ҷавонони гумроҳро атрофи худ парвона карданд. Аксарияти ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҷалб гардиданд, беадабу ҷинояткор, наркоману арақнӯш ва бехабар аз арзишҳои диниву инсонӣ буданд. Бо ҳамин омилҳо онҳо ба суханҳои саркардагони ҷинояткор бовар карда, “гӯё дар хизмати халқ ҳастанд” бо онҳо ҳамроҳ гардиданд. Афсӯс, ки ҷавонон гумроҳ гардида, ба доми фиреби саркардагони бераҳми нашъаҷаллобу одамкӯш афтида буданд. Мавриди зикр аст, ки 12 саркардаи гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Бадахшон бо роҳу воситаҳои махфиву ғайриқонунӣ силоҳу техникаҳои ҷангиро захира карда, мехостанд бо супоришу ҳидоятҳои ТЭТ ҳизби наҳзат дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рушону Роштқалъа амалиётҳои террористӣ анҷом диҳанд ва вазъияти амниятии вилоятро ба ҳам зада, мардуми онро сарсону овора созанд. Масалан, дур намеравем, ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ ва моҳи майи соли 2022 дар Рӯшон тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд. Бояд гуфт, ки ин мисолҳо аз садҳо фаъолияту амалиётҳои экстремистиву террористии ин саркардагону аъзоёни ҷиноятпеша дар ин минтақа мебошанд. Дар инҷо мехоҳам, танҳо як моҳи натиҷагирии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолияту амалиётҳои ҷиноятпешаҳо дар ВМК Бадахшонро ба таври комил гузорам, то ҳар як хонанда худ мутолиа карда, хулосаи амиқ барорад: “Дар натиҷаи фаъолияти танҳо як моҳи охири Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Бадахшон, аз даҳ гурӯҳи ҷиноятӣ-террористии вилоят 16 адад пулемёти “Калашников”, 114 адад автомати “Калашников”, 4 адад силоҳи мерганӣ (СВД), 28 адад таппончаи тамғаи «Макаров», 1 адад таппончаи «ТТ», 2 адад тапончаи травматикӣ, 9 адад гранатомёт, 101 адад тири гранатомёт бо 6 адад заряд, 4 адад заряди РПГ, 22 адад гулулаи «ГРАД”, 2 адад миномёт, 19 адад гулулаи миномёт, 2 адад гулулаи гранатомёти зиддитанкӣ, 88 адад норинчаки дастӣ, 46 адад запали норинҷак, 2 адад “Карабин”, 64 адад силоҳи шикорӣ, 12 адад тарконаки барқӣ, 200 килограм таҷҳизоти тарканда, 22 ҳазору 718 адад тири гуногунқутр, 1 адад лентаи пулемёти “Калашников”, 1 адад тири ДШК, 330 адад тирдони АК ва таппонча, 5 кг 420 гр маводи таркандаи амонал, 2 адад сарпуши қути мили автомат, 5 адад дасгоҳи баркдиҳанда, 159 адад тири ВОГ-25, 15 адад найзакорд, 11 адад пенал, 12 дона минаи зиддипиёдагард, 29 кг хокаи алюминӣ барои омода намудани маводи тарканда, 11 кг 635 грамм тратил, 11 ҳазору 221 дона патрони гуногунқутр, 1 адад дастгоҳи оптикии банишонгириии тамғаи «Combat», 3 адад дастгоҳи дурбини тамғаи «Olympus» ва «Newcon», 245 адад маводи таркандаи худсохти “Коктейл Молотова”, 29 адад мухобира, 13 адад заряддиҳандаи алоқаи ратсия, 16 адад батареяи алоқаи мухобира, 11 адад радиостансия, 12 адад телефони моҳворавии «Сурайё», 2 адад қутии оҳанини «ПК», 12 адад ҷузвдони ҳарбӣ, 4 адад ҷузвдони снаряд, 21 адад камзули ҳарбӣ, 1 адад пояи Бусол, 200 кг маводи мухаддири навъи «афюни афғонӣ» мусодира карда шуд”. Ҳамватанони азиз акнун худ қазоват кунед, ки агар ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо ин зарфияти бузурги яроқу силоҳ ҳадафу мақсадҳояшонро амалӣ менамуданд, вазъияти минтақаи Бадахшон ва дар умум кишвари азизи мо чӣ мешуд? Ин саволест, ки ҷавоби онро дар фаъолияту амалиётҳои чандинсолаи саркардагони ҷиноятпеша хулосабарорӣ кардан мумкин аст. Вале мардуми тоҷик ҳоло ҳам ҳодисаву воқеаҳои ҷанги бародаркӯширо аз пеши назараш дур накардааст. Дар он солҳо низ саркадагони ТЭТ ҳизби наҳзат бозичаи дасти душманони кишвар қарор гирифта, давлати тозаистиқлоли моро ба ҷангу куштор гирифтор карда буданд. Имрӯз низ онҳо аз кору фаъолияти худ даст накашида, ҷиноятпешаҳои Бадахшонро ҳидояту супоришҳо дода, ҳатто кору амали онҳоро “қаҳрамониву шаҳидӣ” ҷилва дода истодаанд. Ҳамин тариқ, дар асоси фаъолияти ситоди болозикр сулҳу суботи минтақаи Бадахшон ва дар умум кишвари мо таъмину ҳифз гардида, “12 саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дастгир, аз озодӣ маҳрум ва роҳбарони гурӯҳҳои оштинопазир, ки муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, нобуд карда шуданд. Дар рафти амалиёти махсус дар умум 220 нафар боздошт, нисбат ба 53 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва 16 нафар, ки муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, нобуд карда шуданд”. Бори дигар таъкид менамоем, ки воқеаҳои тайи солҳои охири ВМК Бадахшон пешакӣ тарҳрезӣ шуда, ҳадафу мақсадҳои доираҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ буданд. Махсусан таъкид месозем, ки бо ин фаъолияту амалиётҳои душманон дар муқобили давлату миллати тоҷик қатъ нагардида, баръакс ҳамин шабу рӯз дар шабакаҳои интернетӣ туҳмату дурӯғ ва таҳкиру танқидро нисбати ҳукумат идома дода истодаанд. Зеро, ин кору фаъолияти ҳамешагии онҳо мебошад, чун ки зиндагии камфорт дар давлатҳои Аврупоро онҳо аз ин амалҳои бевиҷдонона, беинсофона ва беимонона ба даст оварданд ва меоранд. Ҳамзамон, қайд мекунем, ки давлати Тоҷикистон ва мақомоту ниҳодҳои он иқтидори бузурги миллӣ дошта, дар муқобили ҳаргуна таҳдиду хатарҳои дохиливу хориҷӣ истодагӣ ва ҳатто пешгириву несту нобуд кардани онҳоро доро мебошанд. Иброҳим Халилов, сиёсатштинос.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.