ТЕРРОРИЗМ – ЭКСТРЕМИЗМ. СИЁСАТИ СӮЗАНДА
Ҷинояткории муташакилона ва шакли даҳшатноки он терроризм экстремизм кайҳост, ки ҷомеаи ҷаҳониро бо ташвиши амиқ мувоҷҷеҳ намуда, дар ин ё он гушаи ҷаҳон, минтақа ва ё давлате бо содир намудани ҷиноятҳои сангин арзи ҳасти мекунанд. Роҳбарони давлатҳо, созмонҳо, ташкилотҳои байналхалқи, олимон, равшанфикрон, сиёсатмадорон ва умуман инсонияти мутарққӣ шаклу усулҳои гуногун бо муқобили он мубориза мебаранд. Мақсади асосии ҷинояткории муташакилона ва терроризми байналхалқи аз байн бурдани одамони бонуфуз, роҳбарони давлатҳо, созмонҳо, сарнагун кардани низомҳои конститутсионӣ ва дар анҷоми кор дар ин ё он давлат мустақар намудани низомҳои таҷовузкори, ҷаҳолатпешаги моҷароҷуёнаи миллатгаро мебошад.
Ҳол он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба қудрати сиёси расиданаш ҳамвора аз минбарҳои бонуфузи олам диққати ҷомеаи ҷаҳониро барои саркӯб кардани ин падидаи шум ҷалб мекард ва таъкид менамуд, ки ҷомеаи башарӣ ба зуҳури ин ангезаи манфуз аз паси панҷа назар наандозад ва алайҳи он аз хурдтарин имконияти муборизаи дастаҷамъона истифода ба амал оварад.
Инсоният дарёфт, ки ҷудоиҳову ҷудоиандозии миёни қавму миллатҳо ва давлатҳо ва сиёсатбозиҳои моқароҷуёнаву авомфиребонона танҳо сади роҳи амалиётҳои пай дар пайи тероризми байналхалқӣ шуда наметавонад, балки барои фаррохтар доман паҳн кардани фаъолияти онҳо имконияти мусоид фароҳам меоварад. Маҳз ҳамон тишвиши инсоният тамоми кишварҳои ҷаҳонро водор намуд, ки бар зидди терроризми байналхалқӣ садои хешро баланд намояд.
Агар гуем, ки раванди оромшавии ҷомеа ва мустаҳкам гардидани қонун махсусан баъди суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ аз 9- уми феврали соли 1999 мустаҳкам гардид, хато намешавад, зеро ӯ қайд намуд «Раванди таҳкими амнияти миллии Ҷумҳурии Тоқикистон дар остонаи асри XXI дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтори низомӣ масъулияти басо бузург ва дар айни замон вазифаҳои пуршараф мегузорад».
Дар дунё ҳама машғули сиёсатанд, ки ин кори дуруст аст, аммо гап дар сари он меравад, ки сиёсати созанда ё сўзанда?
Сиёсати созанда гарон аст. Барои он нангу номус, ҷавонмардӣ, истодагарӣ, андешаи миллӣ, ҷонро дар хатар монданҳо, ба марг рў ба рў гаштанҳо аз худ гузаштанҳо ва монади инҳоро тақозо мекунад.
Сиёсати сӯзанда чоплусӣ, иғвогарӣ, дуруғписанди, аз пушт ханҷқар заданҳо, дуруягӣ, бенангӣ ва монади инҳоро дар назар дорад.
Ҳар кас бояд ҳис кунад, ки вай ба иҷрои коре масъул, ба тақдири коллектив ҷавобгар аст. Масъулият ва дилсӯзӣ набошад, пешравию дигаргуние ба амал намеояд.
Ибрат… на ҳар шахс ибратбахши дигарон шуда метавонад. Бо фикру андешаи нав эҷодкорона кор кунем комёбиҳо меафзояд.
Имрўзҳо дар байни мо сиёсатмадорони сӯзанда пайдо шуданд, ки ҷойи пинҳони нест, бо ҳар баҳона дар байни одамон баҳс ва мунозираро пеш меоваранд ва мардумро гумроҳ месозанд, аз ин амали онҳо чӣ гуна бардошт метавон кард?
Ҳол он, ки халқи тоҷик чанд маротиба ҷангро аз сар гузаронидааст, модарон дар дил доғи фарзандони аз даст рафта, дигар тоқати сузу гудозӣ азизони хешро надоранд.
Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,
Охирин умеди ин умедварон зинда бод!
Чунон,ки В.И.Ленин ба халқ гуфта буд: гапи ҳақро гуфтан даркор аст. Танҳо дар ҳамон сурат чашми халқ кушода шуда, вай бар зидди гапи дуруғ мубориза бурданро ёд мегоранд. Сухани ҳақ қувва ва қудрати беинтиҳо дорад.
Сокини ноҳияи Вахш ҲАЛИМАИ ҚОБИЛ
silvenpsp.rusferurezki.ru