Ҳифзи ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фард
Ҳифзи ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фард
Ҷаҳони пуртазоди муосир, ки ин ҳама таҳаввулотҳои сангинро ба сари давлатҳои ҷаҳон оварда истодааст ва бархе аз давлатҳо дар муқобили ин гуна таҳаввулотҳо оҷиз мондаанд, бояд ҳар як фарди тоҷик аз соҳиби истиқлоли сиёсӣ будан ифтихор намояд. Зеро имрӯз баъзе аз миллатҳое дар сайёраи Замин ҳастанд, ки истиқлоли сиёсӣ надоранд ва ё онро аз даст додаанд. Аз ҳамин лиҳоз истиқлоли сиёсӣ барои миллати тоҷик ҳадяи бузурги таърих мебошад ва ҳифзи ин неъмати бузург вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди тоҷик мебошад.
Чуноне, аз таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мо маълум аст, давлати мо дар баробари ба даст овардани истиқлоли комили худ ба вартаи ҷанги бародаркуш гирифтор гардид. Ва ин фоҷиаи аз ҷониби душманони миллат сохташуда мавҷудияти давлати тоҷиконро дар тули як даҳсола зери суол бурд. Хушбахтона бо далериву шуҷоатмандии абармардони тоҷик ба ин ҷанги бародаркуш хотима дода шуд. Раҳми Подшоҳи ҷаҳон ба ба хонаи хурди миллати тоҷик омад. Офтоби сулҳ сарзамин тоҷиконро фаро гирифит. Миллати дар ҳоли порашудан ваҳдати худро ба даст овард. Мавриди зикр аст, ки баъзе аз афроде буданд ва мутассифона ҳастанд, ки ин арзиши бузурги миллатро чашми дидан надоранд. Аз чӣ бошад ин гуна афроди хоин, ки худ аз ҳамин сарзамин парвариш ёфтаанд, намехоҳанд модари азизи худро(Тоҷикистон) ҳамчун давлати пешрафта бубинанд? Ин гуна саволҳо зиёданд. Аммо ҳаминро бояд қайд кард, ваҳдати миллати тоҷикро ҳеҷ яке аз онҳо наметавонанд халалпазир намоянд. Ва бояд он шахсиятҳое ки такя ба хориҷиён карда, аз пайи амали намудани барномаҳои сиёсии худ ҳастанд, бидонанд, ки иштибоҳи бузургеро дар назди миллати тоҷик муртакиб шудаанд. Зеро ҳеҷ як аз афроди хориҷӣ ягон вақт барои ободии дигарон кӯшиш намекунад, ки мисоли ин дар таърихи дунёи сиёсат борҳо тасдиқи худро ёфтааст. Яъне дар сиёсати кабир ҳеҷ вақт дӯстии беғараз набудаасту нест. Дӯстӣ ба хотири манфиат. Дӯстии хориҷиёне, ки бо афроди хоини миллати тоҷик мавҷуд аст ва он афрод бо он дӯстҳои худ ифтихор доранд, ин гуна дӯстиҳо муваққатӣ буда то амали шудани манфиатҳои тамаъҷуёнаи хориҷиён аст. Ва он афрод ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои касифи худ намерасанд.
Танҳо ҳар як миллат барои ободии худ кӯшиш мекунад ва бояд ҳар як шахс рисолати таърихии худро дар назди миллат адо намояд. Имрӯз шахсиятҳои беназире дар арсаи сиёсати тоҷикон ҳастанд, ки барои рушду инкишофи давлати Тоҷикистон хизматҳои бузург карда истодаанд. Яке аз чунин абармарди дунёи сиёсат, беҳтарин сарвари сиёсӣ ин Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пайрави аз чунин шахси хирадманд вазифаи муқаддаси ҳар як инсон аст. Воқеан хизматҳои Пешвои миллат барои миллати тоҷик хеле бузург ва созанда мебошад. Ва дар ҳамин раванд бузургтарин рисолат дар назди ҳар як шахс ин ҳифзи арзишҳои миллӣ меистад.
Дар шароити имрӯз яке аз чунин арзишҳое, ки дар роҳи таҳкими ваҳдат ногузир хизмат мекунад ин худшиносии миллӣ мебошад. Худшиносии миллӣ асоси ҳифзи миллат аст. Аз бар намудани таърихи миллат, инкишоф ва ҳифз намудани мероси моддию маънавии Ниёгон асоси худшиносии миллиро ташкил медиҳад. Ва дигар аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими миллат ва таъмини амнияти миллӣ мебошад. Боиси зикр аст, ки имсолро Тоҷикистон соли ҷавонон эълон намудааст ва ин пеш аз ҳама ҳар як ҷавони тоҷикро ҳушдор аз он медиҳад, ки баҳри ободии ватани худ пайваста кӯшиш намоянд.
Имрӯз таҳаввулотҳои ҷаҳони муосир бори дигар ҳар яки моро водор месозанд, ки дар самти ҳимояи манфиатҳои миллии худ ҷиддӣ муносибат намоем ва дар рушди Тоҷикистон камари ҳиммат бандем. Ва дар муносибатҳои геополитикии ҷаҳон ҳифз ва рушди Тоҷикистони азизро ҳадафи аслии хеш қарор диҳем.
Қубод Дамовандӣ, сиёсатшинос.
silvenpsp.rusferurezki.ru