Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОХӮРИИ СУДМАНД БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022, ҳамчунин 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мунтазам чорабиниҳои гуногун доир карда мешавад.
Вобаста ба ин, санаи 23 феврали соли равон дар Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ вохӯрии судманд аз ҷониби гурӯҳи корӣ- муовини раиси ноҳия Зарифӣ Абдураҳим, раиси КИ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия Мирзобаротзода Салоҳиддин, сармутахассиси бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Шарифзода Зафар бо кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони Ҷамоат баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ вобаста ба тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, шомил нагардидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҳифз ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, сулҳу ваҳдати комил, меҳру садоқат ба халқу Ватан, фарҳанги либоспӯшӣ, нагаравиданиҷавонон ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундрав, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии нашъамандӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ибрози ақида карда шуд.
silvenpsp.rusferurezki.ru