ТОЧИКИСТОН ВАТАНИ НАВРУЗ АСТ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор намуданд.
Дар чорабини идона иштирок доштанд, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кулоб Сайвализода Салим, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Неъматзода Фарзона, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Кабирзода Ҷомӣ ва собиқадорӣ ҳизб Сафаралӣ Эргашев иштирок намуданд.
Чун анаъана нахуст иштирокчиёну меҳмонон аз хони идонаи наврўзӣ, хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ дидан намуданд.
Дар ин раванд, раиси ноҳияи Муъминобод Амирзода Сайвалӣ, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Ҷалилзода Сайрамбону ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки Наврӯзи имсола дар рӯзҳое таҷлил мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азиз дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Орзуи он карда шуд, ки ҷашни байналмилалӣ ба сарзамини хуршедии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, неруи бузурги созандаву офаранда ва баракату фаровонӣ ҳадя оварад.
Воқеан ҳам, ҳузури Наврӯз ба унвони ҷашни шодиҳо ва пирӯзии рӯшанӣ бар зулмат дар устураи фарҳанги мардумони меросбари он бегумон ба замони оғози зиндагонии башарият пайванд мегирад ва марҳилаи навини таҳаввулоти шинохти Наврӯз, эҳёи суннату оинҳои он ба даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд.
Маҳз истиқлоли давлатӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам оварданд, ки Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифт ва моро ба унвони халқи дорои анъана ва русуми таърихӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кард.
Дар идома аз ҷониби ҳунармандон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гузошта шуд.
silvenpsp.rusferurezki.ru