Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба хабарҳо, ки гӯиё корманди сафорати мазкур бо номи полковник Назаров тариқи таҳдид аз соҳибкорони тоҷик дар Русия пул меситонад, вокуниш кардааст
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Полковник Назаров, ки расман гӯиё ноиби сафир дар умури иқтисодӣ ва аслан корманди мақомоти амнияти Тоҷикистон мебошад, аз соҳибкорони тоҷик дар Русия бо таҳдид садҳо ҳазор рубл меситонад, хабар дод сомонаи "Ахбор" дар як матлаб зери унвони "Доля” надиҳӣ, салафият мебарорам... полковник Назаров рекетири пагондор ва "банда”-и ӯ”.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши як иттилоия дар сафҳаи фейсбукиаш навиштааст, ки матлаби мазкур "бидуни далел ва воқеият" интишор шуда, сафорат онро қотеона рад мекунад.
Манбаъ навиштааст, тамоми маълумот дар бораи Назаров пӯшида аст, вале бино ба иттилои дарёфтӣ ин нафар дар асл корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буда, рутбаи полковникиро дорад. Инчунин аз қавли мусоҳибон иттилоъ дода шудаст, ки дастаи полковник Назаров дар наздикии истгоҳи метрои "Савёловская” як офисро иҷора гирифта, дар он ба тамаъкорӣ даст мезананд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, чунин мақом ва чунин фард аслан дар ин сафорат кор намекунад.