ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ваҳдат мароми мост
Илова кард: adminn21-05-2019, 13:55Асоси

Ваҳдат мароми мост

 

Тоҷикон таърихи куҳанбунёду осори гаронбаҳои фарҳангӣ дар тамаддуни башар доранд. Борҳо дар арсаи таърих дучори мушкилоти аҷнабиён гашта,роҳи сангинеро тай намуданд. Дар ҳар сахтиҳо далерони шуҷои ватандӯсташон пеши душман сар хам накарданд. То ҷон дар рамақ доштанд,марзу буми ватани худро ҳимоя менамуданд. Баъди сарсониҳои зиёде тоҷикон соли 1991 истиқлолияти давлатии худро ба даст оварданд. Марди шуҷову далери ватандӯст Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи таърих ба майдон омаду зери парчами «Ваҳдати миллӣ» мардуми парокандаи тоҷикро сарҷамъ намуд. Аҷнабиён барои пароканда намудани давлати тоҷикон нақшаву ақидаҳои ғаразнокашонро тарҳрезӣ менамуданд ва зери ҳизби ташкилкардаашон ба майдон баромаданд. Ин ҳизби «Наҳзати ислом» буд, ки дар Тоҷикистон солҳои 80-уми асри 20 пайдо шуду аз рӯзи аввал ба дини ислом, ба мазҳаби суннатии мо мухолифат намуд. Ақидаҳои ғаразнокашон бар ашхоси сустиродаву бемағз таъсир намуду зери тасарруфи онҳо гардиданд. Билохира вазъияти Тоҷикистонро халалдор намуданду фитнаву ошӯб барпо карданд. Қувваи солимақли ҷомеа бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурусти ба даст овардани сулҳу оштиро ҷустуҷӯ менамуданд. Марди хирад,далеру шуҷоъ ягона роҳи халосиро аз ин варта дар «Ваҳдати миллӣ» донист. Бо заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу осоиш, ваҳдату ягонагӣ барпо шуд. Чунин сарнавишти миллат дарси ибрат бар мардуми тоҷик гардид. Сокинони Тоҷикистон, махсусан ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳилаю найранги ашхоси бегона нагарданд. Қонун дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо тағйиру иловаҳо мавриди амал қарор гирифт, ҳар як ҷавонро водор месозад, ки ҳуқуқҳои падару модарро ба ҷо ораду аз суханони онҳо ҷилавгирӣ накунанд. Имрӯз чаро баъзе ҷавонон суханони падару модарро як тараф гузошта ба гапҳои бегонагон бовар менамоянд ва оқибат гирифтори мушкилоти сангин мегарданд. Ҷавоби ин суолро воқеаю ҳодисаҳое, ки дар Сурияву Ироқ, Афғонистону дигар давлатҳо рух додаанд, муайян карда метавонад. Ба ёд гиред, онон, ки ба дасти бегонагон об мерезанд, донанд, ки «дур аст сари об аз ин бодия, ҳушдор, то ғули биёбон нафиребад ба саробат». Акнун ҳар як шаҳрванди тоҷик ҳис менамояд, ки аз ҳама азиз барояш Ватану миллат аст ва ин сармояи гаронбаҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ бояд дошт. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки суханони зеринро сармашқи кори худ намуда барои ободонии кишвари офтобрӯяи азизамон саҳми худро гузоранд.

Ба ҳамин мазмун бузургон гуфтаанд: «Тамоми ҳастиам ва илму донишамро барои Ватанам, корхонаам ва оилаам мебахшам»,«Агар давлату миллататро дӯст медорӣ, коратро дар амал нишон деҳ» «Маърифати шахс на аз хату савод балки аз шинохтани вазифаи худ сар мешавад»«-Парешони марг аст, Ваҳдат зиндагист».

Мачин гул зи гулзори беиттифоқӣ,

Ба дил мехалад хори беиттифоқӣ.

Дар охир гуфтаниам, ки «Ваҳдат» ин муҳаббати беканор ва неъмати бебаҳо, ободии Ватан ва расидан ба саъодати дунё ва охират аст!

 

Эй ҳамватан, як дам биё, андешаи фардо кунем, Андешаи имрӯзаву бигзаштаи дунё кунем. Андешаи ин миллату ин меҳани зебо кунем, Дунё шавему аз дигар дунёи нав барпо кунем.

 

 

 

Директори маркази дарёфт ва рушди

истеъдодҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод:Х.Одинаев

 


 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.