ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати ҳалол барои некуаҳволӣ ва ободии Ватан ҳидоят мекунад. Эмомалӣ Раҳмон. Муъминобод, як порча а...
Тақвими хабарҳо;
«    Январь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ҳар, ки меҳмонро гиромӣ мекунад Ё нуқтае чанд аз андешаҳо.....
Дар маърифати меҳмондорӣ, одоби муошират, иззату икром, баракт ва ризқу рӯзии меҳмон дар адабиёти шифоҳию хаттии миллати тамадунофари мо ривояти қиссаҳо андарзу ҳикматҳои фаровону ҷолиб ба мерос монданд.
Гироми доштани меҳмон ва ба ҷо овардани фазилати меҳмондорӣ, як рукни одоб ва инсони асил будан аст. Ин дар андешаҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муаззами мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳия тирамоҳи соли 2016 нишонрасу воқеъбинона арзёби намуда таъкид намудаанд, ки: “Муъминобод воқнан диёри мардони сарбаланду накусиришт буда, табиати зебояш қалби ҳар як сайёҳу меҳмонро тасхир месозад. Мавзеи зебои Чилдухтарон ва чашмаҳову гиёҳои шифобахши он шуҳрати беандоза дошта, сокинонаш бо меҳмоннавозиву ҳимматбаланди ном баровардаанд”
Роҳандози шудани иқдоми меҳмонии хонааводагии ҷавонон дар доираи омодагиҳо ба соли ҷавонон ба рӯзи ҷавонон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”иқдоми накӯ ва саривақтиву созанда аст.
Дар ин росто рӯзҳои 15-17 майи соли равон меҳмонии ҷавонони гуногуни кишвари азизамон ба ноҳия доир карда шуд. Меҳмонони суғдию хатлонӣ, бадахшонию раштӣ, нурободию варзобӣ, сангворию лахшӣ, душанбегию тоҷикободӣ чун шаддаи як марҷон бо ҳарорату ифтихор аз ватани азиз, суруди ваҳдат дар лаб, муҳаббати ватандори дар қалбҳо “Зиҳи Тоҷикистон”, “Мо пайравони Пешвои миллат” мегуфтанд. Масруру шоду хурсанд ҳамон гуна, ки фарзанди як хонадон буданд. Ва ҳамин тавр ҳам буд. Ҳамагӣ фарзандони Тоҷикистонт буданд ва бо забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезаданд, мехонданду месуруданд.
Шунавандагону сомеъони онҳо ба ҳисси ифтихор каф мекуфтанд. Аҷаб ҳаловате дошт сайру сайёҳат, тамошои манзараҳои нотакрор, нуқтаҳои маъдани маърифатӣ, ҷойҳои таърихӣ, чашмаҳои сарди шифобахш, ръду рудхона ва обанбори сунъии бо дасти муъҷизаофари инсон офаридашуда ва сайри бештари ин сарзамини ганҷофарро ният доштанд меҳмонон.
Бо ҳамин ният иштирокдорони меҳмонони хонаводагӣ роҳ пеш гирифтанд ҷониби мавзеи хушобу ҳавои Чилдухтарон, мавзеи шоҳкориҳо ва афсункориҳои табиъиӣ. Раҳораҳ иддаи навор мебардоштанду дигаре акси зебо интихоб мекарду сурат мегирифт, сеюмин шеър эҷод мекарду чаҳоруми таронаи муҳаббату садоқат, вафодорию шафқат мебофт. Ин қадар меҳрубону самимиянд мардуми деҳот. Хурду бузург даст рӯйи дил одоби салом гуфтану ҷавоби салом гуфтанро дар чаҳорчубаи одоби одамгарӣ риоя мекунанд-мегуфт панҷумӣ. Бо таасуроту андешаҳои созгору созанда расиданд ба домани гулрезу гулхези Чилдухтарон. Чилдухтароне, ки дар паҳнои домани хеш чаҳор фасли солро ғунҷондаву ҷо додааст. Сари болои Чилдухтарон барфпуш буду доманаш майсазори гулрез ва Чилдухтари чаканпӯшро мемонд, он рӯз Чилдухтарон.
Абрпорае дар ҳавои хуршедӣ аз бари Чилдухтарон гузашту жолаборон шуд.
Анъанае миёни мардум роиҷ аст, ки кӯҳистониён барои накумеҳмони хеш қанду қандалот чош медиҳанд ва кӯдакону наврасон, ҳатто мардуми солхӯрдаву солдида қанду қандалотро аз замин чида, тановул мекунанд. Жола манзараи қанду қандалотпошии Чилдухтаронро дар пойгоҳи фарзандони хеш мемонд. Ба ростӣ, ки фарзандон жоладонаҳоро аз замин чидаву бо ҳавасчун қанду қандалот тановул мекрданд.
Чи сафаре буд аҷиб, чӣ манзарае буд бе муҳоботу муболиға дилфиребу мафтункунанда.
Рӯзи баъди раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур дар Кохи фарҳанг бо меҳмонон мулоқот орост. Зимни мулоқот таъкид намуд, ки: “Соҳибистиқлолию соҳибдавлатӣ ду мағзи як донаи дарахти Ваҳдат аст, ки бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муаззами мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мазраи сабзи Ватан сабзтару ҷиллои ояндабинӣ дорад ва Шумо насли ҷавонони кишвар масъулияти ояндасозиро ба уҳдаи хеш доред”. Ҳамчун рамзи эҳтирому эътиқод раиси ноҳия ба меҳмонон туҳфаҳои хотирави ҳадя намуд.
Меҳмонон таасуротҳои хешро аз ҷараёни сафар, мулоқоту вохӯриҳо, меҳмоннавозию самимияти доштаи мардуми ноҳия байён намуда. изҳори сипосу миннатдорӣ дошта таъкид намуданд, ки мо иштирокчиёни меҳмонии хонаводагӣ дар ноҳияи Муъминобод, падар модар бародару хоҳар дӯстону хешу ақрабои нав пайдо кардем.пеши ҳар кадоми онҳо фарзандвор сари таъзим фурӯд меорем ва дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия акси хотиравӣ бардоштанд.
Чорабини ба поён расиду андешаҳои ояндабинонаи Президенти маҳбуб ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пеши рӯ меояд, ки таъки намуд: “Насли наврасро дар рӯҳияи дӯстию бародарӣ, худшиносию ватандӯстӣ, омӯхтани илму фарҳанг ва хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ тарбия кунем. Ин вазифаи ҳам ахлоқӣ, ҳам маънавӣ, ҳам фарҳангии ҳар фарди ҷамъият мебошад”.
Оре, ватандӯстӣ ва ифтихор аз хоки поки аҷдодӣ, расидан ба қадру қимати забони модарӣ- ҳамчун шиносномаи миллат, пос доштани ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои навини давлату давлатдорӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқадасанд, ки мо ҷавонон давомдиҳандагони корнамоиҳои падару бобоёни гузаштаи хеш ин муқаддасотро пуштибонӣ ва чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем, чунин буд андешаи кулли ҷавонон.
Ба қавли Саъдии бузург:
“Сухан баланд кунам, то бар осмон гӯянд,
Дуои давлати ӯро фариштагон “омин” ”
Бегазандии Тоҷикистонро тамано намуда, аз дарвозаи ноҳия бадар рафтанд меҳмонони хонаводагӣ ва меҳри онҳо дар қалби мардуми ноҳия ба таври ҷовидонӣ боқи монд.

Раҷабалӣ Табарзодаsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Андешаи: AustSoymn2 апреля 2019 03:51
Viagra Se Vende Con Receta Viagra Quel Cas cialis 5 mg Can I Take Sudafed With Amoxicillin
Андешаи Шумо
Ном:*
E-Mail:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз:
Включите эту картинку для отображения кода безопасности
обновить, если не виден код
Рамзро дохил кунед: