ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ПАЁМИ ШОДБОШИИ раиси ноҳия бахшида Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон
Рӯзи 23 майи соли ҷорӣ бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони варзишгоҳи ноҳи чорабинии фарҳангии баргӯзор гардид, ки дар чорабини раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур мақомотои ҳифзи ҳуқуқ, рохбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо инчунин тамоми ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок штирок доштанд.
Дар чорабини ПАЁМИ ШОДБОШИИ раиси ноҳия
Тоҳирхон Амиршозода, раиси ноҳия дар мулоқот бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳамаи ҷавонони ноҳия

Дӯстони гиромӣ,
Ҷавонони азиз,

22 майи соли 1998-дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат бо қарори Маҷлиси Олии кишвар Дар мамлакат 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид.
Сол аз сол дар сатҳи зарурии маърифатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва фарњангӣ баргузор намудани даҳҳо чорабиниҳои сатҳи маҳаллию умумиҷумҳуриявӣ шаҳодати онанд, ки таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маҳалу мамлакат аз нақши боризу созанда доштани ҷавонон дар ҷомеа башорат медиҳад.

Дӯстони ҷавон,
Ба ин муносибат Шумо иштирокдорони чорабинии имрӯза ва кулли хонаводаи мардуми ноҳияро ба Рӯзи љавонону Соли ҷавонон самимона шодбош мегӯям. Ба хонадони ҳар кадоми Шумо файзу баракат, амонию осоиштагии рӯзгор, толеи баланду саодатро таманно дорам.
Дӯстони ҷавон,
Мусаллам аст, ки Сарвари муаззами давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягон соҳаи ҳаёти ҷавонони кишварро аз мадди назар дур насохта, нақш ва иштироки ҷавононро дар идоракунии давлат муассир медонад. Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодї, иҷтимоии мамлакат дар санади олии ҳуќуќии мардуми Тољикистон - Конститутсия тағйиру иловаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон ворид карда шуд.
Дӯстони ҷавон,
Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор ва шароити мусоиди рушду камоли њамаҷонибаи ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид. Бо дарназардошти талабот ва тақозои замон соли 2004 Қонуни болозикр дар таҳрири нав, соли 2006 «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2011 «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумњурии Тоҷикистон то соли 2020» қабул гардиданд. Санадҳои қабулгардида барои рӯйи кор овардани барномаҳои миёнамуҳлат аз қабили «Барномаи ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» заминаҳои муассир ва созанда гузошт. «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.»-Таъкид дошт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат зимни Паёми солонаи хеш аз 22 декабри соли 2016 ба мақоми Олии қонунгузори мамлакат-Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи ҳамин пешниҳод ва ҳидоятҳои ояндасоз соли 2017-Соли ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Мақсад аз эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон, ин бешак имтиҳони масъулиятшиносӣ, инкишофи зеҳнӣ, ақлонию касбият, бедории тафаккури қишри ояндасози миллат мебошад.
Бо боварии том метавон гуфт, ки идеяи пешниҳоди ҷадиди Соли ҷавонон дар ҷомеаи Тоҷикистон як такони ҷиддию дигаргуниҳои куллиеро ба миён меорад. Муҳимтар аз ҳама ҷавонони имрӯза бо ифтихору қаноат-мандӣ аз идеяҳои созандаи Сарвари худогоҳ Ҷаноби Олӣ масъулияти ояндасозиро ба дӯши хеш мегиранд.
Иқдомҳои нав ба навро амалӣ месозанд. Парчами давлату миллатро дар чорабиниҳои бонуфузтарин аз қабили олимпиадаҳои фаннӣ, варзишӣ ва дигар мусобиқаҳо баландтару боло мебардоранд. Худро ҳамчун муаррифгари миллати тамаддунсозу сулҳпарвар нишон медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки пешопеши таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ноҳия бештар аз 10 адад майдончаҳои варзишӣ навсозӣ гардида, варзишгарони ноҳия дар чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкати фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, медалу сипоснома ва ифтихорномаҳои созмондиҳандагони чорабиниҳо гардиданд.
Аз давраи эълон гардидани Соли ҷавонон то ба имрӯз варзишгарони ноҳия дар бештар аз 7 мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ширкат намуда 10 адад медали тилло, 19 адад медали нуқра ва 14 адад медали биринҷӣ, ифтихорномаву сипосномањо ба даст оварданд, ки ифтихори падару модар, устодону мураббиён ва мардуми ноњия мебошанд. Дар доираи омодагиҳо ва таљлили Соли ҷавонон баъди сукути тӯлони тими футболи «Шоњин» ба марҳилаи мусобиқоти лигаи дуюми футболи вилоят роҳ ёфт ва рўзи 26 апрели соли ҷорӣ дар ҳамин варзишгоҳи зебову замонавӣ мусобиқа расман оғоз карда шуд.
Барои бунёди ин варзишгоҳ ва иншоотҳои дигари хизматрасон дар ноҳия миннатдории худ ва Шумо љавонони азизро ба Пешвои миллат мерасонам. Мову Шумо варзишгоҳ дорем, месазад, ки варзишгарони лаёқатманду парчамбардоронро бояд дошта бошем. Барои ин тамринҳои пайваставу маќсаднок заруранд.
Барои бозҳам оммавитар гардидани варзиш дар 7 деҳаҳои ҷамоатҳои деҳот
барои бунёди майдончаҳои варзишӣ истифодаи беш аз 4 гектар заминро розигӣ додам ва то 20 солагии Ваҳдати миллӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.
Боварии комил дорам, ки варзиши ноҳия дар тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ, ахлоқию маънавии мардум мавқеи меҳвариро касб мекунад.
Барои амалисозии ин нақшаҳо имрӯз бештар аз 70 майдонҳои хурду бузург, толорҳои варзишӣ дар ихтиёри алоқамандон ќарор доранд.
Бештар аз 500 нафар афсарону сарбозоне, ки ин шабу рӯз дар дифои марзу бум ва муқаддасоти Тоҷикистон қарор доранд, алифбои обу тоби ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои замони соҳибистиќлолиро аз ҳавлию майдончаҳои варзишӣ ва баъдан мактабу муассисаҳои алоқаманд аз бар намудаанд.
Дӯстони ҷавон,
Дар Соли ҷавонон дар 2 гектар доманатеппаҳои мавзеи Саркорон ҷавонони ноҳия боғ бунёд намуда, яке аз суннатҳои хеле қадимаву мақбули миллатро ба ҷо оварданд.
Иқлими ноҳия барои бунёди боғ хеле созгор аст. Боварӣ дорам, ки ҷавонони сарбаланди ноҳия барои бунёди боғу ҷангалзорҳо саҳм гирифта, Муъминободро ба минтақаи ҳамешасабзу хуррам табдил медиҳанд.
Ва ин сарзамини биҳиштиро ба маркази сайру сайёҳат ва туризми байналмилалӣ табдил медиҳанд. Дар ин росто мо имкониятҳои хеле фаррох ва заминаҳои қавӣ дорем. Танҳо роҳу усулҳои истифода карданашонро омӯзем ва аз бар намоем.
Бояд гуфт, ки дар азхудкардани касбҳои коргарии ба бозори меҳнат рақобатпазир низ қадамҳои устувор гузошта шуд.
Аз давраи ба фаъолият шуруъ кардани Маркази таълимии касбомӣзӣ бештар аз 360 нафар ҷавонон соҳиби касбҳои коргарӣ шуданд, ки метавонанд дар оянда эҳтиёҷотҳои худро дар пайдо намудани ҷойҳои корӣ бо доштани касб амалӣ созанд.
Дӯстони азиз,
Рӯзҳои 15-17 майи соли равон аз рӯи нақшаи тарҳрезинамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчини ҷавонони пешоҳангу эҷодкор аз ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ:- суғдию, бадахшонӣ, раштонзаминию хатлонӣ-њамчун корвони маърифату саодат меҳмони хонаводагии мардуми ноҳия буданд ва онҳо тӯли 3 рӯз аз тарзи зиндагиву рӯзгор, ҷойҳои таърихию нуқтаҳои фарҳангӣ дидан намуда, ошноӣ пайдо намуданд. Бештар аз 700 маводҳои иттилоотию фарҳангиро тариќи шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернетӣ ба мардуми сайёра расониданд, ки барои рушди туризм дар ноҳия оянда заминаҳои асосноку воқеӣ мегузорад. Ба онҳо дар «Кохи фарҳанг» мулоќот доштам. Андешаҳояшонро гўш кардам. Андешаҳои воқеъбинона ва боварибахш баён намуданд. Ҳар кадоми онҳо дар рафти чорабинӣ шиорҳои «Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем», «Тоҷикистон ва ҷавонон», «Зиҳи мардуми сарбаланди Тоҷикистон» дар ќалбу забони онҳо ҷовидона боқӣ монд. Њамин аст воқеияти зиндагии мову Шумо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат.
Дўстони азиз,
«Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату љаҳонбинї, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад» таъкид намуданд Пешвои арҷманд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ироаи Паёми хеш ба Маљлиси Олӣ ва халқи Тоҷикистон.
Ҷавонони азиз, барои сазовор шудан ба хостаҳо ва ҳидоятҳои Президенти маҳбуб-кафили ваҳдату ягонагии кишвар хонед, илмҳои замонро аз бар намоед, технология ва илмҳои инноват-сиониро омӯзед, истифобдарии замин ва захираҳои табииро ёд гиред, эҳтироми падару модар, насли калонсолро ба ҷо оварда тавонед, ба ин миллату давлат, ба Президенти хеш садоқат доштанро бо донишҳои аълои аз бар намуда, ахлоқу одоби ҳамида собит созед.
Нагузорем, ки соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолӣ, ки орзуи ҳазорсолаи гузаштагони мову Шумо буданд газанд ёбад.
Рӯзи љавонон ва Соли љавонон фотеҳу муборак бошад.
Парафшон бод Парчами давлатии Тоҷикистон!
Поянда бод, Тоҷикистони офтобӣ, макону мардуми сарбаланд!

ПАЁМИ ШОДБОШИИ раиси ноҳия  бахшида Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон

ПАЁМИ ШОДБОШИИ раиси ноҳия  бахшида Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон



Итттилоъ аз дастгоҳи раиси ноҳияsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.