ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Вохӯрии раиси ноҳия бо ҷавонони соҳибкасб
Вохӯрии раиси ноҳия бо ҷавонони соҳибкасб

Вохӯрии раиси ноҳия бо ҷавонони соҳибкасб

17-уми декабри соли 2015 дар толори макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии ноҳияи Муъминобод вохӯрии раиси ноҳияи Муъминобод муҳтарам Амиршозода Тохирхон Темур бо ҷавонони соҳибкасби ноҳия дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар пешгирии хатари экстремизму тероризм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо» баргузор гардид.
Дар вохурӣ зиёда аз 370 нафар ҷавонони соҳибкасб аз ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзгорони ҷавон ва мутахассисони соҳаи тиб, кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия, мутахассисони ҷавон аз қисми мустақили 92-юми хадамоти оташнишонӣ ва дигар ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тохирхон Темур зимни суханронӣ қайд намудаанд, ки;
«Имруз дар Тоҷикистон созмону ҳаракатҳо, ба хусус ҷунбишу ҳаракатҳои диниву мазҳаби арзи ҳастӣ доранд, ки мақсадашон коста гардонидани суннатҳои милливу мазҳабӣ ва шикасти ваҳдату ягонагии сокинони кишвар аст.Табиист, ки ба ин ҷунбишҳои ғаразнок ва ифротӣ бештар ҷавонон ҷалб мегарданд. Ин гуруҳҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри ободию пешрафти ҷамъият ва роҳату осоиши инсоният нестанд, балки ҳамеша бо кирдорҳои номатлуби хеш ба ҷамъият зарар расонида, аҳолии осоиштаро дар гӯшаҳои гуногуни олам азият медиҳанд.
Воқеъан ташвишовар аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро бо роҳу усулҳои гуногун ҷалб намуда, барои расидан ба мақсадҳои худ, ки маъмулан бар зарари ҷомеа мебошанд, истифода менамоянд. Яке аз сабабҳои асосие, ки боиси майл кардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мегардад, надоштани донишҳои қавии диниву дунявӣ мебошад. Ин ҷиҳатро ба назар гирифта, таблиғгарони ғояҳои ифротӣ ва ё террористӣ ба ҷавонон пул ва молу сарвати зиёд ваъда медиҳанд, то ин ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шаванд.
Омили дигари шомил гардидани ҷавонон маърифати пасти ҷаҳонбинии ин табақа мебошад. Шомилшавии ҷавонон ба амалҳои терористӣ ва экстремистӣ ҳангоми қарор доштан дар муҳоҷирати меҳнатӣ, аз тариқи ширкатҳои сайёҳи ва тавассути сомонаҳои интернетӣ сурат мегирад.
Барои рафъ ва коҳиши шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундгаро моро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо тамоми ниҳодҳои ҷомеа, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо мубориза бурда, аз гуфтор ба амал гузашта, ин амали нангинро пешгирӣ ва бартараф созем».
Раиси ноҳия ба ҷавонони ноҳия руй оварда таъкид намуданд, ки «Барои нигоҳдории забон, фарҳанг, маърифату беҳтарин осоре, ки аз гузаштагон ба имрӯз мерос мондааст, сидқан дӯст доштани Ватани азиз, ки исмаш Тоҷикистон аст,
ба дӯши Шумо ҷавонони бо нангу ор, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибкасб вогузор аст. Шумо ин масъулиятро бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва хунбаҳои ҷону тан бегазанд ба ояндагон бо ифтихору сарбаландӣ бирасонед».
Дар вохӯрӣ ҷавонони ноҳия бо суханони самимӣ ва бо эҳсоси ватандӯстию садоқат ба миллату ватани маҳбуби хеш, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ибрози андеша намуда, изҳор намудаанд, ки бо дарки масъулияти баланд, содиқона ба миллату ватани хеш хизмати арзанда намуда, дар ободии диёри Муъминободи зебоманзар, ки яке аз гушаҳои Тоҷикистони маҳбубамон мебошад, саҳмгузорӣ менамоянд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ, ки ҳайати Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Муъминобод иштирок доштанд, масъалаҳои марбут ба ҷавонон баррасӣ гардида, Нақшаи корӣ барои соли 2016 тасдиқ карда шуд.

Иттилоъ аз Дастгоҳи раиси ноҳия



Вохӯрии раиси ноҳия бо ҷавонони соҳибкасб
Вохӯрии раиси ноҳия бо ҷавонони соҳибкасб
Вохӯрии раиси ноҳия бо ҷавонони соҳибкасб
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.