Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

Тақвими хабарҳо;
«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Хабарҳои охирин
Шавад то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ, Ливои мулки худро ашкрезон бусаҳо кардӣ. на танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ, Ҳалолат бод, бар аҳдат вафо, қарзат адо кардӣ. Имрӯз 13-ҳуми ноябри соли 2017 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умум...
Бо мақсади омузиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону духтарон, оилаҳое, ки зери фишори зуроварӣ қарор доранд, оилаҳои осебпазир, фаҳмонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оилв” , “Дар бораи танзиму анъана...
Табрикоти раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур бахшида ба 23 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи ноҳия Меҳмонони арҷманд, Ҳамдиёрони азиз! 6-уми ноябр ба қабули Конститутсия-санади танзим-кунандаи ҳуқуқу озодиҳои халқ...
Эҳдо ба Асосогузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон То наорам тоҷики саргаштаро бар кишварам, То насозам пок агар ман ашкҳои модарам. То нагардад ҳамқадам бо зиндагонӣ хоҳарам, То...
Мизи мудавар дар мавзӯи “Ҳуқуқҳи худро меомузем” дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Боғгаи Бахши кор бо занон ва оила дар доираи нақшаи кори дар деҳаи дӯстии Ҷамоати деҳоти Боғгаи мизи мудаварро дар мавзӯи “Ҳуқ...
Рӯзи Президент Шавад то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ, Ливои мулки худро ашкрезон бусаҳо кардӣ. на танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ, Ҳалолат бод, бар аҳдат вафо, қарзат адо кардӣ. ЭЙ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИГАҲБОНАТ ХУДО БОДО Салом! ...
» » Чашмаи Қундузиҳо

Чашмаи Қундузиҳо

0
Илова: adminn, 11-05-2015, 21:52 | Дида шуд: 194
Чашмаи Қундузиҳо

Чашмаи Қундузиҳо

Дар деҳаи Файзобод (пештар Қуруғак) чашмаи хурдакакеро Чашмаи бобои Камол ё Маҳмуди Раҳим Қундузӣ ном мебаранд. Шунавандаи номи Раҳими Қундузӣ дар тааҷҷуб меафтад, ки ин чашмаи ноаёни хурдак бо Қундузи Афғо¬нистон чӣ иртиботе дорад.
Тахминан солҳои 70-уми асри гузашта, ҳамроҳи қиблагоҳам аз паси хонаи бобои Камол ва бобои Маҳмуди қундузиҳо мегузаштем. Он ду бародари мӯйсафед ба кандану соз кардан ва новадон мондани Чашмаи хурди ноайёне машғул буданд. Баъди саломуалайк ман кунҷковона аз онҳо номи Чашмаро пурсидам. Падарам (Худо раҳматашон кунад, ки марди шуху хушчақчақ буд, ва бо мӯйсафедони ҳамсину соли худ имкони ҷавоб додан надода, бадоҳатан гуфт:
– Ин чашмаро, бачам, Чашмаи Қундузиҳо мегуянд,-гуфта якбора ҳама баланд хандиданд…
Сабаби қундузӣ ном гирифтани бобои Раҳим ва авлодонашро баъди ба хона расидан падарам ин тавр шарҳ дод:
Асли чунин ном гирифтани ин авлод он аст, ки дар ибтидои асри гузашта марде, аз Қундузи Афғонистон ба деҳаи Шуғноншаҳри Муъминобод меояд. Дар ин ҷо чанд муддате зиндагӣ мекунад, ба таълиму тадриси мардуми деҳа ва фарзандони он машғул мешавад ва дар натиҷа байни мардуми деҳа обрӯӣ ва эътибори хоса пайдо мекунад. Вақте ки бемор мешавад, ба сокинони деҳаи Шуғноншаҳр васият мекунад, ки агар қазоям дар ҳамин ҷо ба вуқуъ ояд, ҷасадамро ба ватанам – Қундузи Афғонистон баред. Ба ҳукми тақдир, он мард дар деҳаи номбурда вафот мекунад. Одамони калонсолони деҳа бо ҳам ҷамъ омада аз пайи ба ҷо овардани васияти ин марди ғариб мешаванд.
Азбаски фасли тирамоҳ будаасту роҳ дур, бурдани ҷасад мушкилиҳои зиёд дошт. Мардуми таҷрибадори солхӯрда ба хулосае омаданд, ки ҷасади маитро ба тамом бо себи хушбӯи Қосимсаркорӣ ва пудина печониданд, себ аз бадбӯйӣ ва пудина аз фасодшавӣ ҷасадро нигоҳ медошт, дар тобути чӯбин ҷо мекунанд ва то лаби дарёи Панҷ мебаранд, аммо касе ҷуръати гузаштан намекунад. Аз байни ҳамдеҳагон ҷавон¬марди содиқу шуҷоъ Раҳим пеш баромада, ин вазифаи мушкилро ба зима мегирад. Раҳим ду нафари дигарро киро карда, ҷасадро тавассути тал аз дарё мегузаронанд. Раҳим ҳамроҳи ёрдамчиёни худ бо аспҳои бодпо дар муддати як рӯзи дигар майитро ба назди авлодони худ мерасонанд.
Баъди такфину тадфини майит фарзандону бародарон ва хешу таборони майит Раҳиму ёронашро хуб меҳмондорӣ карда, муддати як ҳафта он ҷо мемонад. Дар бозгашт меҳ¬монҳоро сару либоси пурқимат, паллаҳои хурҷинашонро бо матоъҳои хушбофти афғонӣ пур карда, то лаби дарёи Панҷ оварда худоҳофизӣ мекунанд.
Вақте ки Раҳим ба деҳаи Шуғноншаҳр сиҳату саломат баргашт, туҳфаҳо овардаашро байни шахсони табаррук ва мардуми камбағал тақсим кард. Кулли ҳамдеҳагон ба ин ҷасорату далерӣ ва садоқати ӯ ба мардуми мусофир таҳсину офарин хонданд. Шуғноншаҳриҳо, ки табиатан мардуми хушчақчақу ҳазллгую зиндагидӯстанд, калимаи Қундузиро бо номи Раҳим ҳамроҳ карда, ӯро минбаъд Раҳими Қундузӣ номиданд. Ҳоло ҳам мардум писар ва наберагони абераҳои бобои Раҳимро «Қундузӣ» меномаанд.
Аз марҳум Раҳими Қундузи фарзандҳои зиёд боқӣ монд. Ду нафари онҳо бобои Камол ва Маҳмуд охирҳои солҳои 60-уми асри гузашта аз маркази ноҳия ба деҳаи Файзобод мекучанд. Дар ин ҷо дар ҳамсоигии якдигар хона сохта, чашмаи ноаёни хурдакакро таъмиру тармим карда, мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳар ду баробар соли 2004 дар як ҳафта дар синни пиронсолӣ аз ҳаёт гузаштанд. Аз ин чашмаи ҳоло фарзанду набераҳои онҳо Сафолу Сангиҳмад Абдул истифода мекунанд. Лекин дар гуфтугӯи мардум таҳҷой гоҳ-гоҳ вобаста ба таъмиркунандагони он калимаи Қундузӣ садо медиҳад: яъне Чашмаи бобои Камол ё Маҳмуди Қундузӣ
silvenpsp.rusferurezki.ru
Меҳмони азиз шумо дар сомона ҳамчун истифодабарандаи бақайдногирифташуда даромадед.
Мо ба шумо тавсия медиҳем киБақайд гиред ё ин ки дар сомона бо номи худ дароед.