ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Чашмаи бобои Раҳматулло
Чашмаи бобои Раҳматулло

Чашмаи бобои Раҳматулло

Мувофиқи нақли мардони солхурдаи деҳа, дар гирду атрофи Чашмаи бобои Раҳматулло (воқеъ дар деҳаи Алака) чинорҳои росту баланде қомат афрӯхта буданд. Як марди домуллосифати назарбаланде аз деҳаи Лангар омада мехоҳад чанд чинореро бурида, барои сохтмони масҷид барад. Ҳангоми буридан ба гӯшаш ким- чӣ хел садои маҳзу¬нона мерасад ва дилаш таҳ хурда, вуҷудашро ларза гирифта, дар ҳолати вазнин ба деҳааш бармегардад. Оқибат он мард ба касалии рӯҳӣ гирифтор мешавад.
Бори дигар Ҳазрати Домулло Барот тахмин солҳои 1902-1904 ҳангоми сохтмони масҷиди деҳаи Ғеш ба лаби ин чашма омада, мехоҳад чанд чинореро бурида барад. Ин марди фозил ҳама одоби зиёратро ба ҷо оварда ҷойнамозашро ба сараш гирифта ба муроқаба менишинад. Баъди муддати тулонӣ нишастан аз ҷой бархоста ба ҳамроҳонаш мегуяд:
– Ин ҷо шаҳидони бузург хобанд, рухсат надоданд.
Панди ҳикматомези Қурбон Назар

Бобои Қурбон Назари Алакагӣ дар сӯҳбатҳо бар замми ҳама хислатҳои наҷиби инсонияш боз ҳамчун деҳқони асил ёдоварӣ мешавад.
Мӯйсафедони деҳаи Алака бобои Акобир, бобои Мурод, бобои Мирзошариф (писари раиси Назар Бароти машҳур) нақл карданд, ки боре ҳангоми шоликорӣ бобои Қурбон Назар, ки пешкору пешпали шоликорон буд, ба ҳамкасбаш бобои Табар то нисфирӯзи шолӣ корида, ба ҳамкоронаш таъкид мекунад, ки дигар донаро ба замин напартоед, ки исроф мешавад, ҳосил намегиред. Яке аз деҳқонон Бобои Табар якравӣ карда то бегоҳ ҷуволи шолиро пошида тамом мекунаду дар фарҷоми суханаш мегӯяд:
– Аз мо пошидан, халқкунандаю ҳосилдиҳанда Худованд худаш аст.
Бобои Қурбон Назар паст нагашта ба ӯ мегӯяд: - Эй соддаи Худобехабар, Худованд ба ту ақли расо додаст, ки фаслҳои солро, вақти пошидану ҷамъ карданро сарфаро биравӣ, фаҳмӣ, кӯр-курона ба Худо таваккал кардан камоли гумроҳӣ ва беақлист. Ба ёд гир, коридагиҳоят бутта зада баланд шуда, шолиҳоят хуша мепартоянд, аммо ҳамааш бедона мешаванд. Ана, то ҳамон ҷое, ки ман пошидам, як нишона гузоред, вақти ҳосилҷамъкунӣ натиҷаашро мебинед.
Фасли тирамоҳ фаро расид. Ҳама замини шолипая баробар хӯша бастанд. Якто - нимта одамон ҳоло аз оқубат бехабар сӯи бобои Қурбон Назар санги маломат мепартофтанд.
Дар вақти дарави шолӣ бобои Қурбон Назар омада, ҷойи ишора шударо даравида диданд, ки хушаҳо пучу холӣ, ягон дона мағз- биринҷ надорад. Ҳама бо сари хам ва ҳолати ногувор сӯи ӯ назар карданд: нигоҳашон пур аз меҳр, вале узрхоҳона буд.
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.