ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Рушди туризм.

 
Рушди туризм.


Туризм ҳамчун яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт барои суръати баланди рушди худ, фенолини иқтисодии садсола эътироф гаштааст. Дар бисёри мамлакатҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, кишоварзӣ, санъат, фарҳанг, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигарҳо таъсири мусбат мерасонад.
Ноҳияи Мӯъминобод дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию рекреатсионие (маҳалаҳои кӯҳӣ, мавзеҳои экологӣ ва мамнӯъгоҳҳо) мебошад, ки барои рушди ҳам туризми дохилӣ ва ҳам қабули сайёҳони хориҷи мусоидат менамоянд. Инчунин ноҳияи Мӯъминободро бо табиати зебо талу теппаҳо ва ду дарёи асоси Ёхсу, Сурхак, обанбори Мӯъминобод ва мамнӯнгоҳи табиии Чилдухтарон мешиносанд. Ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия метавонанд, инчунин мавҷудияти ҷойҳои истироҳати ва таърихӣ аз қабили Қалъаи Мир, маркази сайёҳии кӯҳистони Чилдухтарон, зиёратгоҳи мақбараи Шоҳи Хомӯш, мақбараи Мир Саид Ҷалолиддини Гулдаста, мақбараи Хоҷаи Нур, хонамузейи Соҳиб Табаров ва дигар ёдгориҳои таърихи мусоидат намоянд.
Қалъаи Мир - ёдгории асрҳои 3-4 буда солҳои 7-уми асри гузашта аз ҷониби бостоншиносон Эркиной Ғуломова ва Музаффар Азизов дар ин ёдгории беназир корҳои кофтукови шурӯъ шуда буданд, вале бо сабабҳои номаълум ин корҳо то ба охир ба анҷом расонида нашудаанд. Дар ҳолати давом додани корҳои кофтукоби мумкин аст бисёр чизҳои ноёби таърихи ёфт шавад ва бозёфтҳои нави ин мавзеъ метавонад, диққати сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ҷалб созад.
Мамнӯнгоҳи табиии Чилдухтарон. Яке аз ёдгориҳои беназири табиат дар шимолу шарқии ноҳия ҷойгир буда, дар масофаи тақрибан 28 км дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир мебошад.
Рушди туризм.

Мақбараи Саид Ҳасаншоҳ Шоҳи Хомуш- тахминан ба асрҳои 11-12 рост меояд. Ин орифи бузург марди Исфаҳонӣ буда бо мақсади таблиғи таасуф ба ин сарзамин ба воситаи Шуғнон ба Чорсӯ (Мӯъминободи имрӯза) меояд, ки баъди чанд муддат Шоҳи Хомӯш аз Дарвоз гузашта, ба мулки Хатлони Доруламон ташриф намуда, ба Чорсӯи шаҳри Мӯъминобод расида ба ҳазрати Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста мулоқот менамояд. Ба ҳамин тариқ Саид Ҳасаншоҳи Хомӯш сокини Дараи Туркияи Хатлон, ки ҳоло номи Лангарро ба худ гирифтааст мегардад.

Рушди туризм.


Ривоят мекунанд, ки аз духтари Саид Алишоҳи Валӣ ва шоҳи Хомӯш се писар, Саидшоҳи Одил ба дунё омаданд, ки аксарияти аҳолии Лангар аз ин авлод бармеоянд шоҳи Хомӯш дар синни 72 солагии умри хеш соли 531-и хиҷрӣ (1139 мелодӣ) фавтидааст. Қобили қайд аст, ки шоҳи Хомӯш дар баробари фаъолияти мударрисии худ, дар беҳбудбахшии хоҷагидории мавзеи Мӯъминобод, обёри кардани Лангари бостонӣ саҳмии хосаро дорост. Номгузории Лангар ҳам, мувофиқи ривоятҳо ба омадани Шоҳи Хомӯш ба ин мавзеъ вобаста аст. Аз ҳамон рӯзе, ки корвони уштурҳои шоҳи Хомӯш дар канори деҳа Лангар партофтанд, номи деҳа низ аз он ибтидо мегирад. Бо мақсади боз ҳам ривоҷу равнақ додани соҳаи туризм дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009, №299 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» қарори раиси ноҳия аз 8 июли соли 2009, №255 қабул гардидааст. Дар доираи барномаи мазкур вазифаҳои гузошташудаи аввалиндараҷа аз инҳо иборат мебошад:
-таъсиси механизми самараноки танзими давлатӣ ва дастгирии туризм;
-ташаккули стратегияи маркетингӣ оид ба таҳия ва пешрафти минбаъдаи маҳсулоти туристии миллӣ дар бозори дохилӣ ва берунӣ;
-рушди ҳамкори байналмилалӣ.
Дар айни замон дар ноҳия омилҳои зиёде мавҷуданд, ки ба рушди устувори соҳаи туристӣ монеа пеш меоваранд. Инҳо пеш аз ҳама менеҷменти заиф дар худи саноати туристӣ ва ҳам дар соҳаи ба он омехта, фарсудашавии фондҳои асосии дар иншооти инфраструктураи туристӣ мавҷуда, ба таври самаранок ба роҳ намондани корҳои рекламавӣ, набудани сайти алоҳида дар Интернет оид ба ҷалби туристон, набудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва кӯҳгардӣ (гидҳо, роҳбаландҳо) тарҷумонҳои забонҳои хориҷӣ, набудан ё кам будани маълумотномаҳои мухталиф аз қабили китобчаҳо, расмҳо, буклетҳо оиди мавзеҳои ҷолиби диққат ва шароитҳои мавҷудаи самти сайёҳӣ дар бораи ноҳия ва ғайра ба ҳисоб меравад. Илова бар ин яке аз муҳимтарин мушкилотҳои рушди соҳаи туристӣ ин масъалаи норасогии маблағ мебошад.



silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.