ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА
СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА

СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА


Бахши соҳибкори хурду миёна хусусигардонии моликияти давлатӣ нишоннаи аввалиндараҷаи дигаргунсозиҳои давраи гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ буда, барои расидан ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва ҳамдастии онҳо дар мӯътадилсозии молиявӣ, ба ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва афзун кардани бозори истеъмоли равона шудааст.
Соҳаи тиҷорати хурд захираи азими рушди ноҳияро ташкил медиҳад.Тиҷорати хурд дар чунин соҳаҳо, чун савдою маҳсулоттайёркунӣ ва фаъолияти омехта, хизматрасонии маиши аҳолӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нақши муҳим мебозад. Шумораи ашхосе, ки ба соҳибкорию тиҷорати хурду миёна машғуланд, сол то сол меафзояд. Дар соли 2012 шумораи соҳибкорони тариқи патент ва дорои шаҳоданома дар қиёс ба соли 2005 мутаносибан 8,1 баробар ва 13 маротиба зиёд гардидааст, вале барои рушди марказу деҳотҳои ноҳия дастгирии соҳибкорони дорои истеҳсолот муҳим мебошад. Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия рушди соҳибкори сол то сол вусъати тоза гирифта истодааст ва айни ҳол дар ноҳия 13 адад ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуд ва 5 адад ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки қисми бештари соҳибкорони ба қайд гирифташуда ба фаъолияти тиҷорат ва хизмати нақлиёти машғул ҳастанд. Аз рӯи маълумотҳои ба дастомада аз шумораи умумии соҳибкорони тариқи патент машғулбуда 24 нафар ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, 12 нафар ба фурӯши молҳои саноатӣ 14 ва 26 нафар ба мусофир ва боркашонӣ машғуланд. Ин нишон медиҳад, ки ба намудҳои дигари хизматарсонӣ шумораи хеле ками аҳолӣ машғуланд ё ба қайд гирифта нашудаанд. Бо вуҷуди ин раванди васеъгардони миқдори корхонаҳои хурд ғайриқаноатбахш мебошад. Дар ноҳия шароитҳои мӯътадил ва захираҳое, мавҷуданд, ки ба афзоиши хеле зиёди шумораи корхонаҳои хурд имконият дода, барои ба молҳои ватанӣ ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин восита паст кардани сатҳи камбизоатиро таъмин намояд.Омӯзиш нишон дод, ки сабаби инкишоф наёфтани соҳибкории хурду миёна ва тиҷорат ба мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии ноҳия вобастагии зич дорад. Ин ба дур будани роҳ ба пойтахти ҷумҳурӣ ва вилоят ва ба ин васила нарасидани ашёи хом, маҳдуд будани бозори дохила марбут аст. Ҳамчунин сарҷамъ набудани соҳибкорон, ҳимоя нашудани манфиатҳои ҳуқуқӣ ва модди онҳо, андозбандии номуназзам ва барои аксари соҳибкорони хурд нофаҳмо, баланд будани фоизҳои қарзҳои бонкӣ ба соҳибкорон халал мерасонад.
Аз ҷониби дигар рушд наёфтани бисёр намудҳои соҳибкорӣ, ки ба хизматрасонӣ ва истеҳсоли маҳсулот машғуланд, ба нокифоя будани имкониятҳои молиявии соҳибкорон, баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ, арзиши гарони содироти маҳсулот ба бозори беруна вобаста аст. Бо вучуди ин нақши соҳибкорони хурду миёна дар таъмини бозори дохила бо маҳсулоти хӯрока ва саноати хеле калон аст ва зиёда аз 60,0 фоизи таъмини бозори дохилӣ ба дӯши онҳо мебошад. Рушди ҳунарҳои анъанавӣ метавонад дар беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия нақши бениҳоят калонро бозад.
Дар давраи феъли барои самаранок истифодабарии потенсиали вуҷуддоштаи иқтисодии ноҳия чунин сиёсатро гузаронидан лозим аст, ки он ба фаъолсозии рушди соҳибкории аҳолӣ барои намудҳои фаъолияти ғайрихоҷагии кишоварзӣ кӯмак расонида тавонад.
Самти афзалиятнок бояд дар баланд бардоштани нақши саноат дар заминаи инкишофи корхонаҳои хурд ва миёна ба ҳисоб раванд. Яке аз механизмҳои дар фаъолият будаи рушди саноати ноҳия ташкили намудҳои нави истеҳсолот ва эҳё сохтани ҳунармандӣ ва касбҳои анъанавӣ ба аҳолӣ омӯзонидани ихтисосҳои саноати мебошад. Ҳамоҳангсозии тадбирҳоро оид ба рушди саноат дар ноҳия бояд маъмурияти мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар хамкорӣ бо бахши хусуси таъмин созанд. Баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия, ичунин бо ҳалли проблемаҳои таъмини нуқтаҳои аҳолинишин бо нерӯи барқ ва бо ҳал намудани проблемаи барпо сохтани системаи боэътимоди нақлиёт ва коммуникатсионӣ вобаста мебошад

Фаъолияти бонкҳо.


Дар инкишофи соҳибкорони хурду миёна фаъолияти бонкҳо мавқеи хосаро ишғол менамояд. Айни ҳол дар ноҳия филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», Бонки давлатии амонатгузорӣ, Амонатбонк, ҶСП «Тоҷпромбонк» фаъолият доранд.
Дар баробари ин ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба монанди ташкилоти хурди қарздиҳи аввалин Финка, Ҳумо ва ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Оксус» фаъолият доранд, ки ба амалиётҳои бонки машғуланд. Фаъолияти бонкҳои ноҳия ба талаботи дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 мутобиқ гардонида шуда, баҳри амалӣ намудани Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкии Тоҷикистон равона карда шудааст. Дар ҳамаи бонкҳои ноҳия нуқтаи ивази асъор фаъолият менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ноҳия бонкҳо ба соҳибкорон ва аҳолӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат медиҳанд.
Барои фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби бахшу шӯъбаҳои бонкҳои дар давоми соли 2010 ба маблағи 5 млн сомонӣ ва дар давоми соли 2011 ба маблағи 6,5 млн сомонӣ ва соли 2012 бошад 8 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ дар ин давра ба маблағи 11,7 млн. сомонӣ қарз дода шудааст. Ин қарзҳо барои истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, овардани маҳсулоти ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ ва роҳкирои муҳоҷирони меҳнатӣ дода шудааст. Инчунин хизмати бонкҳои мазкур дар кори ба аҳолӣ бо пули нақди асъори хориҷи бозпас додани маблағҳои ғайринақдии аз мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ интиқол дода шуда қобили қайд аст ва дар 11 моҳи соли 2012 ба маблағи 6 млн. доллари ИМА ва 22 миллион рубли Федератсияи Руссия ба сокинони ноҳия дода шудааст. Ҳарчанд ҳаҷми умумии қарзҳои бонкӣ ба мизоҷон солҳои охир афзудааст, лекин фоизи онҳо хеле баланд буда, ҳамчунин мӯҳлати баргардонидани онҳо кӯтоҳ аст. Ин бошад барои таъмини рушди соҳаҳои истеҳсолӣ имконият намедиҳад.
Хусусигардонии моликияти давлатӣ элементи аввалин дараҷаи дигаргунсозиҳои давраи гузориш ва иқтисодиёти бозоргонӣ буда барои расидан ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо, мӯътадилсозии молиявӣ бо ҷойҳои нави кори таъмин намудани аҳолӣ ва афзун кардани бозори истеъмоли равона шудааст.
Ҳамзамон аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия дар соли 2013-6312 ҳазор сомонӣ, соли 2014-6532 ҳазор сомонӣ ва соли 2015-7120 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарзӣ чашмдошт гардидааст.

Мушкилотҳои асосии соҳа:


- сатҳи пасти малакаҳои соҳибкорон;
- ба таври қаноатманд рушд наёфтани соҳибкории ба пешниҳоди хизматрасонӣ равона гардида; рушди ноустувори соҳибкории ба истеҳсоли маҳсулот машғул буда;
- нокифоя будани имкониятҳои молиявии соҳибкорон, баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ; - арзиши гарони содироти маҳсулот ба бозори беруна.
Ҳадафи асосӣ дар ин бахш-ин рушди соҳибкории хурду миёна ба ҳисоб меравад.
Барои рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёна амалӣ намудани пешниҳодҳои зайл мусоидат хоҳад кард:
- ташкили Ассотсиатсияи соҳибкорону тоҷирони хурду миёна, то тавонад манофии ҳуқуқӣ ва моддии онҳоро дар назди мақомоти гуногун (ҳокимият, нозироти андоз, гумрук ва ғайра) ҳимоя намоянд;
- бо ҷалби созмонҳои байналмилали ба бозомузӣ фаро гирифтани соҳибкорони хурд;
- муқаррар намудани имтиёзҳо ба намудҳои соҳибкоре (хоса хизматрасонӣ), ки мардум ба он ниёз доранд (дар ҷудо намудани замин, бино, андозбандӣ ва ғайра); фароҳам овардани имконияти гирифтани қарзи бонкии кам фоиз ва дарозмӯҳлат ба соҳибкороне, ки ба истеҳсоли маҳсулот машғуланд;
- муқаррар намудани имтиёз ба соҳибкороне, ки аз хориҷи кишвар техникаю технологияи истеҳсолӣ ворид менамоянд;

Сохтмон .


Дар ноҳияи Мӯъминобод 7 ташкилоти сохтмонӣ амал мекунад, ки аз 89 нафар кормандон ва коргарон иборат мебошанд. Миқдори умумии техникаҳои мавҷуда 10 ададро ташкил мекунад. Дар ноҳия асосан фаъолияти соҳаи сохтмон барои ба анҷом расонидани сохтмони мактабҳо, сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, таъмиру барқарорсозии кӯпрукҳо, гузаронидани хатти оби нӯшокӣ ва ғайраҳо нигаронида шудааст.



Таҳлил нишон медиҳад, ки тамоми корҳои сохтмониро дар ноҳия ташкилотҳои номбурда амалӣ менамоянд. Дар соли 2012 тавассути ин ташкилотҳо 1006.6 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ ба сомон расонида шуд, ки нисбати соли 2011 98,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ташкилоти сохтмони ҶДММ «Гулдаст» дар даҳ моҳи соли 2012 ба маблағи 318,9 ҳазор сомонӣ, Ҷ.Д.М.М «Хуҷаи Нӯр» ба маблағи 236,8 ҳазор сомонӣ, Ҷ.Д.М.М «Ҳунарманд» ба маблағи 251,8 ва Ҷ.Д.М.М «Азам» ба маблағи 199,1 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонидаанд.
Мушкилотҳои асосии соҳаи сохтмонӣ ноҳияи Мӯъминобод:
-набудани биноҳои зебову замонавӣ ва кӯҳнаю фарсуда гардидани иншоотҳои асосии хоҷагии халқ;
-маҳдуд будани буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои маблағгузорӣ намудани объктҳои сохташаванда;
-баланд будани нархҳои масолеҳи сохтмонӣ;


Ҳадафи асосии соҳа - ин бунёди иншоотҳои маъмурии ба талаботи муосири сохтмони ҷавобгӯй мебошад.

Вазифаҳо ва стратегияи рушди соҳа:
• Таъмин намудани ташкилотҳои сохтмонӣ бо техникаи ҳозирзамон;
• Таъсис додани корхонаҳои хурд оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.