ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Соҳаи саноат
Соҳаи саноат

 

Соҳаи саноат



Саноат ба дараҷаи даромаднокии аҳолии камбизоат таъсири калон мерасонад, зеро ин соҳа ҳамчун асоси афзунгардонии индустронидан ва ҳалли масъалаҳои зиёди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҷой дошта метавонад. Соҳаи саноати ноҳия яке аз ҷузъҳои таркибии саноати вилоят ба ҳисоб рафта, дар он потенсиали муайяни истеҳсолӣ коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд мебошад.
Дар ноҳия 10 корхонаи саноатӣ, 72 осиёб ва 20 ҷувози равғанкаши фаъолият мекунанд, ки истеҳсоли маҳсулот дар онҳо бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2009 ба миқдори 10550 ҳазор сомонӣ соли 2010 ба 26848,4 ҳазор сомонӣ ва соли 2011, 26884,0 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки ҳиссаи он дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотии вилоят дар соли 2009, 1,1%, соли 2010, 1,3% ва соли 2011, 1,4 фоизро ташкил медиҳад. Корхонаи хурди «Оила» дар соли 2012-ум ба миқдори 182 ҳазор қуттии шартӣ, ҶДММ «Р. Мирзоев» 51 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулотҳои консервагӣ истеҳсол намуданд.Таҷҳизотҳои корхонаҳо хеле фарсуда буда, иншооти замонавӣ надорад. Инчунин оиди васеъ намудани корхонаҳо маблаҳои кофӣ дастрас нест. Ҳоло он ки дар ноҳия потенсиали ин намуди маҳсулотҳо аз қабили меваю сабзавот, ва дигар намуди маҳсулотҳо хеле зиёд мебошанд Асосан барои пурра фаъолият намудани ин корхонаҳо маблағ лозим аст. Дар натиҷаи дастрас гардидани маблағ ва дуруст ба роҳ мондани рушди корхонаҳои соноатӣ ноҳия метаванад, дар оянда ба паст намудани сатҳи камбизоати мусоидат намуда, бозори дохилию беруниро аз маҳсулотҳои худи пурра таъмин намоянд. Инчунин зиёда аз 150 ҷойи кори нав пайдо мегардад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба тариқи натуравӣ дар корхонаҳоисаноатии ноҳия.



Соҳаи саноат



Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ба мушкилиҳои зиёд нигоҳ накарда истеҳсоли намуди маҳсулотҳо сол то сол дар ноҳия зиёд шуда истодааст.Ин барои ноҳияе, ки потенсиали маҳсулотҳо хеле зиёд аст басанда нест. Барои ҳамин дар давраи миёнамуҳлат бояд чунин тадбирҳое андешида шавад, ки дар натиҷаи он ноҳия оҳиста-оҳиста индустриализатсия гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд. Ин масъала метавонад ба таври мусбӣ ба раванди муҳоҷират таъсир расонида, ба устуворсозии вазъи муҳоҷират ва рушди равандҳои демографи дар ноҳия мусоидат намояд.
Дар ин самт зарур аст, ки аз тамоми имкониятҳо ва захираҳои дохилию берунӣ самаранок ва оқилона истифода намуда, корхонаҳои хурд ва миёнаи коркарди маҳсулот таъсис дода шавад.
Мушкилоти асосии соҳаро ба таври зайл шарҳ додан мумкин аст:
- кӯҳнаю фарсуда гардидани техника ва технологияи мавҷуда (аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ ва техникӣ, ки мансуб ба солҳои 50-60-уми асри гузаштаанд);
- баланд будани арзиши аслӣ ва рақобатнопазир будани маҳсулотҳои истеҳсолшаванда;
- нокифоя будани захираҳои молиявии худ (барои васеъ гардонидани доираи истеҳсолот) ва суст будани ҷалби сармоягузорӣ;
- нарасидани нерӯи барқ ва газ;
- сатҳи сусти идоракунии устувори истехсолот (менеҷмент) ва набудани системаи ҳозиразамони маркетингӣ;
- нарасидани мутахассисони баландихтисос.
Мақсади асосии соҳа – зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти
саноатӣ ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Вазифаҳои асосии соҳа:



-Муҳайё намудани шароитҳои мӯътадил баҳри рушди корхонаҳои тиҷорати хурд ва миёна;
-ҷалб намудани сармоягузорони потенсиалӣ (имкониятдошта);
-ташкил кардани корхонаҳои муштарак ва ширкатҳо бо дигар кишварҳо;
-истифодаи технологияи пешқадам;
-ташкил намудани хизматрасонии техникӣ (сервис) ва хизматрасониҳои ёрирасон;
-тараққӣ додани системаи сертификатсиякунонии истеҳсолот ва маҳсулот;
-мукаммалсозии системаи нигоҳдории маҳсулот;
-омодасозии кормандони муҳандисӣ ва мутахассисон;
-харидори намудани таҷҳизоти ҳозиразамон барои корхонаҳо;

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.