ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Растанипарварӣ
Растанипарварӣ
Растанипарварӣ

Дар соли 2011 ҳаҷми умуми маҳсулоти растанипарвари дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 184104,6 ҳазор сомониро ташкил дода, дар қиёс ба соли 2010 ба андозаи 106,3 % зиёд мебошад. Ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ дар соли 2011 дар ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзии ноҳия 62,3 фоизро ташкил медиҳад. Соли 2012 дар ноҳия 27724 тонна ғалладона ва лубиёгиҳо (бо ҷуворимакка), гандум 24156 тонна, сабзавот 13430 тонна ,картошка 24097 тонна, меваҷот 10544 тонна, ангур 3545 тонна, полезиҳо 3028 тонна истеҳсол карда шуд. (ниг. ба ҷадвали дар поён овардашуда) Гарчанде истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қиёс ба солҳои таҳлилшаванда афзоиш ёфта бошад ҳам, вале талаботи аҳолиро пурра қонеъ карда наметавонад. Ҳадафи асосӣ дар ин самт барои хоҷагиҳо афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ тавассути истифодаи қоидаҳои агротехникӣ ва ба ин васила баланд бардоштани ҳосилноки мебошад.

Растанипарварӣ


Таҳлил нишон медиҳад, ки ҳаҷми маҳсулотҳои растанипарварӣ дар тӯли солҳои нишондодашуда тамоюли болоравӣ дошта, ҳосилнокӣ низ, ба истиснои картошка тадриҷан зиёд шудааст. Истеҳсоли ғалладонагиҳо сол аз сол зиёд шуда бошад ҳам, вале ҳосилнокии он на онқадар сол то сол зиёд шудааст. Сабаби асосии баланд нагардидани ҳосилнокӣ ин саривақт нагузаронидани чораҳои агротехникӣ, нарасидани нуриҳои минералию органикӣ, боло рафтани нархи нуриҳои минералӣ ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки наҳамаи хоҷагиҳо қобилияти харидории онро доранд.
Дар ноҳия майдони кишти картошка сол то сол зиё шуда бошад ҳам, лекин ҳосилнокӣ он дар соли 2011 ва 2012-ум нисбати соли 2008-ум кам мебошад. Дар сохтори кишти ғалладона ҳиссаи майдонҳо барои гандум сол то сол кам гардида бошад ҳам, ҳосилнокӣ тамоили болоравӣ дорад. Тавре маълум мешавад, истеҳсоли картошка, сабзавотҳо ба таври экстенсивӣ (яъне аз ҳисоби зиёд шудани майдони кишт) зиёд шудааст. Дар истеҳсоли гандум ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ баланд буда, ҳаҷми истеҳсоли ғалла ба ҳар сари аҳолии ноҳия дар соли 2012, 326 кг, аз ҷумла гандум 284 килограмро ташкил намуд, ки нисбати соли 2008, 2,9 % афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон яке аз омилҳои асоси баланд шудани ҳосилнокӣ ин истифодаи нуриҳои минералӣ мебошад, ки дар парвариши қариб ҳамаи маҳсулотҳо истифода мешавад. Дар заминҳои лалмӣ барои кишти ҷав, картошка, ангур, ҳамеша пору истифода шуда, нуриҳои минералӣ дар кишту корӣ гандум, ҷав дар заминҳои обӣ низ истифода мешавад.


Зироати ғалладонагӣ

Растанипарварӣ


Ғалла асоси ғизои мардум ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ хоҷагиҳои ғаллакори ноҳия онро ба инобат гирифта сол то сол майдони кишти ин зироатро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва чарогоҳ зиёд намуда, барои таъминоти аҳолӣ бо ғаллаи худи кӯшиш ба харҷ доранд. Соли 2012-ум аз ин ҳисоб дар майдони 10736 гектар замини кишти ғалладона гузаронида шуд. Дар соли 2000-ум ҳосилнокӣ майдонҳои корами ғаллазор 11,9 сентнер аз 1 гектар ташкил дода бошад, дар соли 2012 ин нишондод 22,5 сентнерро ташкил намуда, истеҳсоли он ба 27,7 ҳазор тонна расонида шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагӣ ба ҳар нафар сокини ноҳия соли 2012 385 кг, аз ҷумла гандум 363 кг-ро ташкил намуд. Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли 2006 5,4 % ва истеҳсоли гандум 6,3 % афзудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар сол ба сол боло рафта дар қиёс ба соли 2006 аз ҷумла ғалладонагӣ 16,7 сентинер ва 22,5 сентинер афзоиш ёфтааст.
Дар ноҳия аз соли 2006 то ин ҷониб барои таъмин кардани хоҷагиҳо ва аҳолӣ бо тухми хушсифати ғалла ташкилотҳои ҷамъиятии «Хушаи заррин» ва картошка, ҷамъияти «БИО-ТЕХ» аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии Каритас ТММ таъсис дода шудааст. То ин давра ассотсиатсияи Хушаи заррин ҳар сол дар якчоягӣ бо деҳқонони саҳмдор 100-120 тонна тухми репредукциони 2 навъҳои серҳосили Ватанӣ ва хориҷиро тайёр намуда пешкаши деҳқонон менамояд. Дар баробари ин саҳми ассотсиатсия дар таъмин, истеҳсоли зиёди картошкаи тухми хело зиёд мебошад, натиҷаи чунин корбари мебошад, ки майдонҳои кишти картошка дар ноҳия сол то сол зиёд шуда истода, ҳаҷми истеҳсоли он баланд рафта аст. Ҳосилнокӣ аз 1 га аз 179 сентнер соли 2006 ба 204 сен/га расида ва аз он ҳам зиёд истеҳсол шудааст.
Сабзавоткорӣ. Таи солҳои охир афзоиши истеҳсоли сабзавот дар хоҷагиҳои ноҳия ба назар мерасад. Соли 2012 истеҳсоли сабзавот дар қиёс ба соли 2008, 130 % ва нисбати соли 2010, 120 % боло рафтааст. Ҳосилноки бошад аз 205,7 сентинери соли 2008 ба 218,3 сентнер расонида шудааст. Зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли сабзавот бо роҳи васеъшави заминҳо (экстенсивӣ) ба вуҷуд омадааст.
Аҳолӣ асосан ба парвариши сабзӣ, пиёз, помидор, бодиринг, қаланфур ва карам машғул буда, даромаднокии қисми алоҳидаи аҳолӣ аз фурӯши ин маҳсулотҳо мебошад.
Яке аз мушкилотҳои асосие, ки дар ин самт ба назар мерасад ин набудани гармхонаҳои калони ба талаботҳои замон ҷавобгуй ба ҳисоб меравад. Айни замон рушди соҳаи сабзавотпарвариро бе гармхона тасавур кардан ғайриимкон аст. Дар ҳолати ташкил гардидани гармхонаҳо дар сатҳи ҷамоатҳо деҳқонон метавонанд ба бозорҳои дохила маҳсулоти барвақти бароварда, соҳиби даромади иловагӣ гарданд ва дар ин замина ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.
Бо вуҷуди он ки нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ нисбати соли 2009 тамоюли болоравӣ дошта бошад ҳам, лекин сабабҳое мавҷуданд, ки ба афзоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла мавқеи ҷойгиршавии ноҳия аз бозори маркази вилоят ва ҷумҳурӣ, фаъолият накардани корхонаҳои коркарди маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ, бо сурат баландравии маводҳои сузишворӣ, нуриҳои минералӣ ва захрхимикатҳо мебошанд. Маҳдуд будани дастрасии хоҷагиҳои фермерӣ ба қарзҳои кам фоизи дарозмӯҳлат, набудани дигар хизматрасониҳо ва ҳолати бади инфрасохтор дар хоҷагии кишоварзӣ бахусус дар системаи таъминоти нокифоя бо оби ирригатсионӣ ва роҳҳои маҳаллӣ.
Картошкапарварӣ. Соҳаи картошкапарварӣ барои хоҷагиҳои кишоварзӣ яке аз соҳаҳои даромаднок ба ҳисоб меравад. Хоҷагиҳо бештар ба парвариши картошка машғул шуда, истеҳсоли онро барои таъмин намудани бозори дохилӣ зиёд намудаанд. Тамоюли истеҳсоли картошка дар ҷадвали поён оварда шудааст.

Ҷадвали №7. Истеҳсоли картошка дар солҳои 2009-2012

Растанипарварӣ


Растанипарварӣ
Растанипарварӣ



Таҳлил нишон медиҳад, ки истеҳсоли картошка сол аз сол зиёд шуда хоҷагиҳо ва аҳоли аз он даромади зиёд мегиранд. Аз ин рӯ парвариши онро зиёд кардан лозим аст. Шароти иқлими ноҳия барои васеъ намудани картошкапарварӣ мусоид аст ва дар оянда зиёд намудани майдони картошка аз афзалитҳои аввалиндараҷаи Барномаи рушди ноҳия аст. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ ва пешгирӣ намудани нарх дар бозор сол аз сол болоравии истеҳсоли маҳсулоти картошкапарварӣ дар назар аст. Аз рӯи нақшаи нишондиҳандаи дурнамо дар солҳои 2012-2015 майдони кишти картошка аз 5 то 7 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли он 7 фоиз афзоиш меёбад. Аз ҷумла, соли 2015 дар қиёс ба соли 2012 истеҳсоли картошка 7 %, мева 8 % ва ангур 6 % зиёд хоҳад шуд.
Мутобиқи нақшаи дурнамо соли 2015 дар қиёс ба соли 2012 майдони кишти умуми 2 %, аз ҷумла ғалладона 0,5 %, сабзавот 6 %. Картошка 7 % васеъ карда шуда. Исеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 8 %, зиёд хоҳад шуд.
Дар сатҳи кофӣ инкишоф наёфтани соҳаи кишоварзӣ. Бахусус соҳаи растанипарварӣ дар солҳои охир ба омилҳои зерин вобастааст
-набудани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ
-маҳдуд будани дастрасии хоҷагиҳои фермери ба қарзҳои кам фоизу дароз мӯҳлат
-паст будани хизматрасониҳ ва ҳолати бади инфрасохтор дар хоҷагиҳои кишоварзӣ. Бахусус дар мавриди таъминот бо оби полезӣ ва роҳҳои маҳаллӣ.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.