ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Соҳаи кишоварзӣ
Соҳаи кишоварзӣ

Соҳаи кишоварзӣ

Ноҳияи Мӯъминобод минтақаи аграрии вилоят буда, соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои асосӣ ва пешбарандаи иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Дар ин соҳа 85 фоизи қувваи қобили меҳнатӣ аҳолии ноҳия машғули кор мебошад. Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи кишоварзӣ на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ низ дорад, чунки барои қисми зиёди мардум манбаи ягонаи даромад ба шумор меравад. Соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳия ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ мебошанд ва дар гузашта кирмакпарварӣ соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб мерафт. Мутаассифона, солҳои охир рӯ ба таназзул ниҳодааст. Дар ноҳияи Мӯъминобод 10 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ, 2880 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, як хоҷагии ҷангал, як хоҷагии зоотпарварӣ ва як хоҷагии давлатии таҷрибавӣ ва як қитъаи навъсанҷӣ фаъолият менамоянд. Ба 1 январи соли 2012 майдони умумии заминҳои ноҳияи Мӯъминобод 121629,11 гектарро ташкил медиҳад, аз он ҷумла обӣ 2969,42 га, заминҳои корам 11716,51 га, аз он обӣ 2085,72 га, боғот 1754,8 га, чарогоҳ 53346,1 га, токзор 630,81 га, тутзор 36,65 га, заминҳои кишоварзӣ 67705,24 га, аз он ҷумла обӣ 2499,79 га, заминҳои наздиҳавлигӣ 2572,5 га, заминҳои Президентӣ 1700 га, аз он обӣ 200 га, ҷангалу бешазор 8451,94 га, буттазор 14018,6 га, дигар заминҳо 24836,6 гектарро ташкил медиҳанд. Қисми зиёди алафзорҳо дар ноҳия ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (89 %) табдил ёфтаанд. Майдонҳои киштшавандаи ноҳия 11716,51 га-ро ташкил медиҳад.


Истифодаи замин аз рӯи категорияҳо


Соҳаи кишоварзӣ





Аз ҷадвал бармеояд, ки ҳоҷагиҳои ноҳия ҳиссаи зиёди маҳсулоти кишоварзиро дар замини ғайриоби (лалмӣ) парвариш мекунанд. Заминҳои обӣ танҳо барои парвариши картошка, сабзавот ва қисми камаш барои гандум истифода мешаванд. Аз ҳама зиёд заминҳои корами обии ҳосилдиҳандаи ноҳия дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ мебошанд (76 %) ва ба ҳисоби миёна ба як хоҷагии деҳқонии инфиродӣ 1,6 га рост меояд. Аз майдони умумии заминҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ (21,9 %) ва заминҳои президентӣ (14,5 %)-ро нисбати заминҳои корам ташкил медиҳанд.
Соли 2012 аз захираи замини корамӣ дар ноҳия мавҷудбуда бо назардошти ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 15478 гектар кишти зироатҳо гузаронида шуда, аз ин ғалладонагиҳо 11599 га, зироатҳои равғандеҳ 720 га (офтопараст ва зағир), картошка 1200 га, полезиҳо 101 га ва зироатҳои хуроки чорво 1243 га ташкил дод.

Маҳсулоти умуми кишоварзӣ. Ноҳия аксарияти намудҳои асосии маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводориро истеҳсол менамояд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2012 ба ҳар сар аҳолии он,аз ҷумла ғалладонагиҳо 326 кг, сабзавот 158 кг, картошка 283 кг, мева 124 кг, ангур 41,7 кг, шир 103 кг, гӯшт 59,5 кг ташкил дод. Дар соли 2012 ҳиссаи ноҳия дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят 3,9 фоиз ва дар истеҳсоли умумиҷумҳурӣ бошад 0,6 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ (бо нархҳои соли 2012) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ дар ҷадвали № 3 оварда шудааст.



Соҳаи кишоварзӣ


Нишондиҳандаҳои дар ҷадвал оварда шуда нишон медиҳад, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ сол аз сол тамоюли болоравӣ дошта, соли 2012 нисбати соли 2011, 108 % ва нисбат ба соли 2008, 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст ва майдони кишт дар қиёс ба соли 2008 ба андозаи 30 % кам шудааст. Дар сурати ба андозаи соли 2008 кишт намудан ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ боз ҳам зиёд гардида, ноҳия метавонад дар таъмини барномаи озуақворӣ саҳми босазо гузорад. Воқеан ҳам шароит ва иқлими ноҳия барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, растанипарварӣ ва дар ин асос махсус гардонидани ноҳия ба ин бахшҳо хело мувофиқ аст. Ба роҳ мондани кор-карди маҳсулоти чорводорӣ ва растанипарварӣ метавонад иктисодиёти ноҳияро такон дода, аҳолиро ба ҷои кори доимӣ таъмин намояд. Бинобар ин бунёди боғу токзорҳо ва зиёднамудани саршумори чорво дар ин васила ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти он барои ноҳия соҳаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.