ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Маълумоти ҷуғрофии ноҳияи Муъминобод
Илова кард: adminn5-05-2015, 22:40Шиноснома
Маълумоти ҷуғрофии ноҳия.

Маълумоти ҷуғрофии ноҳияи Муъминобод


Вобаста ба мавқеи ҷуғрофиаш Мӯъминобод мавзеи кӯҳсор буда, дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Аз шимол ба ноҳияҳои Ховалинг, Тавилдара, аз шарқ ба ноҳияи Шурообод ва аз ҷануб бо шаҳри Кӯлоб ҳамсарҳад аст. Масоҳати ноҳия ба 880.6 км2 баробар буда, аз пойтахти ҷумҳури 252 км, аз маркази вилоят 200 км ва аз шаҳри Кӯлоб 42 км дур аст, иқлими ноҳия континенталӣ буда, тобистон то 39 дараҷа гарм ва зимистон то 15 дараҷа хунук мешавад. Инчунин ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1400-1800 метр ҷойгир аст. Дар ноҳия ду дарёи калон арзи вуҷуд доранд. Дарёи Сурхак ва дарёи Ёхсу, дарёи Сурхак ва Ёхсу аз пирях, барфҳо ва оби борон сарчашма гирифта, ба водиҳо ҷорӣ мешавад. Як қисми дарёи Сурхак ба воситаи канали Қулулу обанбори машҳури Мӯъминободро бо об пур мекунад, ки ғунҷоиши обанбор 32 млн. м3 обро ташкил медиҳад, ки барои рушди саёҳати экологӣ имконият фароҳам меоварад.

Олами наботот ва ҳайвонот . Ноҳия дорои захираҳои бузурги табиӣ мебошад.
Аз ҷумла дар ноҳия 138 навъи растаниҳои дорувор, 45 навъи растании асаловар ва 98 навъи растанӣ ғизоӣ сабт шудааст. Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда аз водиҳо то минтақаи кӯҳҳои баланд паҳн гардидаанд. Дар ин ҷо бузи кӯҳӣ, гург, хирс, хуки ёбоӣ, ҷайра, рӯбоҳ, заргӯш, морҳои обӣ, калтакалос, аз паррандагон кабк, гунҷишк, кабутар, турна, қарроғ, зарғов, булбул ва ғайра дидан мумкин аст.



Захираҳои табиӣ. Сарватҳои зеризаминӣ: масолеҳи сохтмонӣ, (гаҷ ва гил) ва чашмаҳои маъданӣ
Мавҷуд будани табиати зебои нотакрор, шароити мусоиди иқлимӣ, ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ қадими ноҳия, барои инкишофи туризми байналмилалӣ асос шуда метавонанд. Аз ин лиҳоз ноҳияи баландкӯҳи Мӯъминобод, ки табиати нотакрор дорад барои ташкил кардани туризм шароити мусоид дорад.
Вазъи демографӣ. Аҳолии ноҳия ба ҳолати 1 январи соли 2012 79,9 ҳазор нафарро ё 1 %-и аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад, аз ҷумла: мардон 39885 нафар (49,9 %) ва занон 40015 ҳазор нафар (50,1%) буда, суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолӣ 1,6 фоизро ташкил намуда, зичии аҳолӣ 84 нафарро дар 1 км2 ташкил медиҳад. Мӯъминобод аз рӯи хусусияташ кишоварзӣ буда, аҳолӣ дар шаҳрак ва деҳот зиндагӣ мекунанд.
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.