ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Т. Т. Ба наваскарон, падару модарон ба муносибати Рӯзи даъватшаванда

Падару модарон, наваскарони азиз,

ҳозирини арҷманд

Ҳамасола дар ду давра баҳор ва тирамоҳ мутобиқ ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқаррарнамудаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд” даъват барои адои вазифаи муқадаси шаҳрвнд дар назди халқу Ватан анҷом дода шуда, ҳамзамон нафароне, ки вазифаи муқаддаси шаҳрвандии хешро бо сарбаландӣ ва масъулияти ба душдошта адо намудаанд ба рухсат аз сафҳои Артиш хориҷ мешаванд.

        Фурсати ба миёномадаро истифода намуда, Шумо падару модарони арҷманду меҳрубон, наваскарони азизро барои ҳозир шудан ба даъвати комиссариати ҳарбӣ барои иҷрои вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ-яъне хизмат ба Ватан , миллат ва ба модари хеш сидқан шодбош намуда, ба ҳар кадоми Шумо сарбаландӣ, бахти нек, оромию субот ва хизмати аълоро ба манфиати мардуми Тоҷикистон тамано дорам.

        Тамано мекунам, осмони Тоҷикистон софу беғубор, сарҳадаш бегазанд ва мардумаш сарбаланду солим ва ҳимоятгари воқеии давлату миллат бошад.

Навакарони арҷманд,

        "Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

        Тартиби хизмати ҳарбиро Қонун муайян мекунад”-оварда шудааст дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

        Ин масъулияти шаҳвандӣ, оини ватандорию ватанпарастӣ, қарзи фарзандӣ аз ин ва минбаъд ба уҳдаи Шумо навакарони азиз хоҳад буд. Зеро ин давлату миллат, забону фарҳанг ва муқаддасоти доштаи он ҳазорсолаҳо аз насл ба насл ба мерос монда, ҳимояи аслию наслии онро мову Шумо ҳамдиёрони азиз ба души хеш дорем.

        Зеро Тоҷикистон чун дигар давлатҳои рушдкунанда соҳиби марзу бум ва дигар арзишҳои миллӣ буда, ниёз ба ҳифзу ҳимоя ва барои ҳимоя Артиши хешро дорад. Қобил ба зикраст, ки Ҷумҳурии Азизи мо Тоҷикистон аз руйи мақеи ҷуғрофӣ  бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии халқии Хитой, Ҷумҳуриҳои Узбекистону Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Бо як ибора метавон гуфт, ки сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз канори чор давлати мустақил мегузарад ва табиист, ки аз хатарҳои экстремистию террористӣ ва сарҳадшиканию фишорҳои зидди давлатӣ эмин нест.

        Аз ин хотир Роҳбари давлат Ҷаноби Олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳама суҳбату мулоқотҳои хеш бо мардум бо ҳисси гарми ватанпарастӣ таъкид месозад, ки "Барои эмин мондан аз хатарҳои сайёраи замин бояд ҳушёрию зиракии синфию сиёсиро аз даст надиҳем”.

        Ба қавли донишмандону таҳлилгарон як шаб ҳимояи Ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомиёни Ватан мисли фариштагон нигаҳбон аст.

        Ба ин маъни дар ҳадисе хуб оварда шудааст. Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осомон мерасонад.

-овози қалами нависандагон, агар беғаразонаю наку бошад.

- овози чархресии занон дар хона (далолат ба меҳнати ҳалол).

- овози қадами марзбонон (зеро дар гармову сармо Ватани худро аз хатарҳо ҳифз мекунанд).

        Бо овардани ин ҳадис чӣ гуфтан мехоҳам.

        Мехоҳам бидонед, ки Шумо навакарон фиристодаҳои мардуми ноҳия биҳиштосои Муъминобод ҳастед. Сарбаландӣ ва хизмати аълои Шумо сарбаландии мардуми ноҳия ва ҷамъи Тоҷикистон аст.

        Имрӯз рисолати ҳимояи марзу бум ва хизмат ба Ватанро беш аз 357 нафар ҷавонон ҳомиёни Ватан дар сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошта, хизмати софдилонаю аъло доранд. Аз Шумо наваскарон низ таманои хизмати аъло ба Ватан,  садоқат ба марзу бум, садоқат ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳро сидқан тамано дорам.

Ватанро дӯст доред, дар ҳимояаш сипари боэътимод ва лашкари тавононю муттаҳид бошед.

Роҳатон сафеду толеъатон баланд ва давлату миллат пойдору бегазанд, бошад навакарони азиз!.

 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.