Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам АМИРШОЗОДА ТОҲИРХОН ТЕМУР
Ҳамдиёрони азиз!
<
Ба таъсисёбии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. Ин боиси хушнудӣ ва сарфарозист , ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо ин гуна муввафақиятҳо дар даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон гардидаанд. Ҷавонони бо нангу номуси тоҷик баҳри ҳимояи халқу Ватани хеш якдилона камари ҳиммат баста ва ин марзу буми муққадасро муҳофизат мекунанд. Аммо солҳо сипари гаштанду Артиши милии кишварамон бо ҷавонони бовиқору ватандӯсти миллати тоҷик боз ҳам п у р қ у д р а т т а р гардида истидодааст. Имрӯзҳо як қисми ҷавонон бо иродаи қавию бо дили гарму саршор аз муҳаббат ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар бо сари баланд рафта, содиқонаю софдилона қарзи фарзандии худро дар назди виҷдону Ватан адо крда истодаанд. Имрӯзҳо шароити афсарону сарбозон дар Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хубтару беҳтар шуда истодааст. Ҳамаи ин дастовардҳо аз хизмати фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Баҳри осудагии мардум сулҳу Ваҳдат, тинҷию осудагии кишвар ҷавонписарони ноҳияи баландкуҳи Муъминобод саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Ин боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар дили ҳар фарди тоҷик муҳаббати Ватан-Модар ҷой дорад. Аз ин рӯ ба фарзандони далеру шӯҷои Ватан яъне афсарону сарбозон тандурустию сарбаландӣ ва муввафақиятҳои нав ба навро дар рӯзгорашон хоҳонем. Ба тамоми афсарону сарбозони тоҷик ин чунин мардуми ноҳия Муъминободро ба иди Артиши Миллӣ табрику муборак бод мегӯям ва зиндагии орому осоиштаро баҳри миллати тоҷик хоҳонам.
silvenpsp.rusferurezki.ru