Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии ҶТ 24.11.2019
Субҳи 24-ноябри соли 2019 роҳпаймоии роҳбарону фаъолони ноҳия ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суи қасри фарҳанги ноҳия доир гашт. Дар қасри фарҳанг чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовини Прокурори вилоят Ҳайдарзода Ҷунайдулло Ниёз, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ноҳия ҳузур доштанд. Пас аз кушодашавии чорабнӣ табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовини Прокурори вилоят Ҳайдарзода Ҷунайдулло Ниёз ба аҳли толор ироа гардид.
Дар охир бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои хотирмону умедбахш хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.
иттилоъ аз дастгоҳи раиси ноҳия
<
silvenpsp.rusferurezki.ru