ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Таваччух! Борону барф меборад
Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар нохияи Муминобод, аз боридани барф дар рӯзҳои 15-16 – уми декабр ҳушдор медиҳад. ЭҲТИЁТ КУНЕД ! Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони нохияи Муминобод мерасонад, ки тибқи гузориши Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 15-16 декабри соли 2024 дар қаламрави кишвар бориши борону барф дар назар аст. Дар баъзе навоҳии кӯҳии кишвар шамоли шадид бо суръати 7-22 м/с мевазад, дар баъзе минтақаҳо туман низ ба мушкилоти сардӣ мушкилиҳои нав эҷод мекунад. Дар робита ба ин, Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании нохияи Муминобод бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро аз қабл ба сафар омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум худдорӣ кунанд ва то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд. Дар ин рӯзҳо чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо, рафтан ба шикору моҳидорӣ ва ғайра низ маслиҳат нест. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми истифода бурдани асбобҳои гармкунии барқӣ коидаҳои бехатарии сухторро қатъиян риоя намоянд, аз таҷҳизоти дастсохти барқӣ истифода накунанд. Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири таъмини амният ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои пурбарф суръати ҳаракатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд. Дар ҳоли пеш омадани ягон ҳодисаи фавқулода ба навбатдорони фаврии КХФ ва МГ-и дар нохия тамос шаванд:- (83318) 22233, 2-1616; 938-80-29-09ё телефони ягонаи наҷот «112», замимаи мобилии КҲФ «SOS»-ро ба телефони худ сабт кунед.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.