| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Муҳтарам Зарифов Юсуф
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба Шумо ҷиҳати амалисозии сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат дар маҳал арзи сипосу миннатдории самимӣ изҳор менамояд
Мо дар ҳамкорию муттаҳидӣ, дастиҳамдигаргирию садоқат ба ин миллату давлат метавонем гӯшаеро ободу хуррам намоем.
Иқдоми созандаи Шумо, бародарону пайвандон ва аҳли ҷамоатчигии маҳал баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи ҳадафии сатҳи ҷаҳонӣ-даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ташаббускори аслиаш Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, қадами боварибахш мегузорем.