Главная > Чорабинихо > Таҷлили рӯзи милитсия дар ноҳия
Таҷлили рӯзи милитсия дар ноҳия8-11-2018, 16:25. Разместил: adminn |
|
Санаи 08-ноябри соли 2018 дар Қасри фарҳанги ноҳия рӯзи милитсияи тоҷик бо шукуҳу шаҳомат бо шукргузорӣ аз бақодории ва пойдории давлат таҷлил карда шуд. Ҳозиринро раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур табрик намуда аз таърихи милитсияи тоҷик далелҳои эътимодбахшро барои ҳозирин баён дошт. Иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар ноҳия майёри милитсия Қурбонзода Фарухҷон ҳайати шахсӣ собиқадорони мақомот ва ҳозиринро табрик намуда бо маърузаи пурмӯҳтаво аз таърихи милитсияи тоҷик баромад намуд. Дар фарҷом ба як гурӯҳ кормандони мақомот рутбаҳои навбатӣ ва ифтихорнома тақдим гардид. Собиқадорони соҳа аз ҷониби раиси ноҳия бо маводҳои Ҳунармандони театр барномаи ҷолиберо пешкаши ҳозирин гардониданд. Ҳайати шахсӣ дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия ва мақомотҳои дар ноҳия фаъолияткунанда акси хотиравӣ бардоштанд.
Вернуться назад |