| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Санаи 08-ноябри соли 2018 дар Қасри фарҳанги ноҳия рӯзи милитсияи тоҷик бо шукуҳу шаҳомат бо шукргузорӣ аз бақодории ва пойдории давлат таҷлил карда шуд. Ҳозиринро раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур табрик намуда аз таърихи милитсияи тоҷик далелҳои эътимодбахшро барои ҳозирин баён дошт. Иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар ноҳия майёри милитсия Қурбонзода Фарухҷон ҳайати шахсӣ собиқадорони мақомот ва ҳозиринро табрик намуда бо маърузаи пурмӯҳтаво аз таърихи милитсияи тоҷик баромад намуд.
Дар фарҷом ба як гурӯҳ кормандони мақомот рутбаҳои навбатӣ ва ифтихорнома тақдим гардид. Собиқадорони соҳа аз ҷониби раиси ноҳия бо маводҳои
хӯрока ва туҳфаҳои хотиравӣ қардони гардиданд.
Ҳунармандони театр барномаи ҷолиберо пешкаши ҳозирин гардониданд.