Главная > Чорабинихо > ВАҲДАТИ СУЛҲОФАР

ВАҲДАТИ СУЛҲОФАР


29-06-2019, 19:08. Разместил: adminn


Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Муъминобод бо як сатҳи баланд дар макони зебои афсонивию Чилдухтарон доир гашт. Мардуми зиёд барои тамошо ва таҷлили ҷашни ваҳдат ба ин макони хушманзара сафар карда, аз ҳавои тозаю форами ин диёр ҳаловат бурданд. Ташкилоту муассисаҳои ноҳияи барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни пуршукуҳ тайи як моҳи охир омодагиҳо дида, як рӯз пеш аз ид дар назди кӯҳи Чилдухтарон хайма зада тайёрӣ медиданд. Кормандони шуъбаи маориф бо роҳбарии мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Олим Табаров ҷойи муайяншудаи шуъбаи маорифро бар сатҳи баланд омода намуда, таомҳои гуногунро барои меҳмонон ва кормандон пешниҳод намуда, истеъмол намуданд. Барои ҳавасмандии меҳмонон, сокинони ноҳия ва ҳаводорони варзиш "Гуштини миллӣ” аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод доир ва баргузор гаридид. Дар гуштини миллӣ раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур, меҳмонон соҳибкор Ҳоҷӣ Амонулло, соҳибкорони маҳаллӣ ва варзишгарони маъруфи кишвар, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию  айналмиллалӣ қувваозмоӣ мекарданд, ширкат варзиданд. Инчуни бо дастгирии бевоситаи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод барои ғолиби гуштин як автомобили сабукрав ба туҳфа гузошта буд. Ин туҳфаи арзишманд сазовори Оятуллои Қамар сокини ноҳияи Муъминобод гашт

       Лозим ба қайд аст, ки шереҳи гуштин Алӣ Шариф дар тартиб даровардан ва ҷолиб гузаронидани гуштин саҳми беандоза калонро гузошт. Тамошобинон аз чунин шореҳи асил ва рафти гуштингирӣ розӣ гашта, аҳсан ба Алӣ Шариф мегуфтанд. Хулас мардум бо як руҳияи баланд ин ҷашни бошукуҳи ваҳдатро ва гуштини миллиро то соатҳо 16:00 тамошо карданду ҳаловати нотакрор бурданд.

 

Сафаралӣ ФОЗИЛОВ,

Саидҷон БАҲРОМОВ,

н. Муъминобод.

silvenpsp.rusferurezki.ru


Вернуться назад