| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
| 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
| 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
| 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
| 29 | 30 | 31 | ||||
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Муъминобод бо як сатҳи баланд дар макони зебои афсонивию Чилдухтарон доир гашт. Мардуми зиёд барои тамошо ва таҷлили ҷашни ваҳдат ба ин макони хушманзара сафар карда, аз ҳавои тозаю форами ин диёр ҳаловат бурданд. Ташкилоту муассисаҳои ноҳияи барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни пуршукуҳ тайи як моҳи охир омодагиҳо дида, як рӯз пеш аз ид дар назди кӯҳи Чилдухтарон хайма зада тайёрӣ медиданд. Кормандони шуъбаи маориф бо роҳбарии мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Олим Табаров ҷойи муайяншудаи шуъбаи маорифро бар сатҳи баланд омода намуда, таомҳои гуногунро барои меҳмонон ва кормандон пешниҳод намуда, истеъмол намуданд. Барои ҳавасмандии меҳмонон, сокинони ноҳия ва ҳаводорони варзиш "Гуштини миллӣ” аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод доир ва баргузор гаридид. Дар гуштини миллӣ раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур, меҳмонон соҳибкор Ҳоҷӣ Амонулло, соҳибкорони маҳаллӣ ва варзишгарони маъруфи кишвар, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию айналмиллалӣ қувваозмоӣ мекарданд, ширкат варзиданд. Инчуни бо дастгирии бевоситаи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод барои ғолиби гуштин як автомобили сабукрав ба туҳфа гузошта буд. Ин туҳфаи арзишманд сазовори Оятуллои Қамар сокини ноҳияи Муъминобод гашт
silvenpsp.rusferurezki.ru