ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ҳолати кунунии соҳа :
Ҳолати кунунии соҳа :


Соҳаи ҳифзи иҷтимоии ноҳия аз системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, таъминот бо нафақа, шуғл, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи оила, кӯдакон, расонидани кӯмаки суғуртаи иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазир ва камбизоат иборат мебошад. Марҳилаи кунунии ноҳияи Мӯъминобод бо мавҷудияти бекорӣ, тафриқаи намоёни вазъи иҷтимоӣ, имконияти то андоза маҳдуди иқтисодии қисми асосии аҳолии деҳот вазифаи ташкили ҷойҳои кори навро гузоштааст.
Бо ин мақсад дар давоми солҳои 2009-2012 аз ҷониби шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия 4361 ҷойҳои нави кори ташкил карда шуд, ки аксарияти ин шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд. Аз сабаби паст будани музди меҳнат ва набудани шароити мусоиди иҷтимоӣ бахусус дар маҳалҳо нисфи зиёди корқабулшудагон ҷои кории худро тарк намуда ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ё ба муҳоҷирати меҳнатии берун марзӣ мераванд.
Самти асосии сиёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод дар бозори меҳнат то давраи то соли 2015 ин ҷалб ва ҳавасманд намудани муассисаҳои дахлдор ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани самараноки ва рушди бозори меҳнат ба ҳисоб меравад.
Шӯъбаи Агентии давлатии хифзи ичтимоӣ, шугли ахоли ва мухочирати ноҳияи Мӯъминобод зерсохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумхурии Точикистон буда, вазифахои хизматрасонии давлатиро дар сохаи хифзи ичтимои, шугли ахоли ва мухочират амали менамояд. Дар сохаи мусоидат ба шугли ахоли бошад бо назар дошти вазъ дар шугли ахоли ва бозори мехнати байналмилали низоми доимоамалкунандаи мониторинги бозори мехнатро дар сатхи ноҳия ташкил менамояд, тахлили холати он, ояндабинии талаботу пешниходотро ба кувваи кори амали месозад. Мутобики тартиби муқа-рраргардида чамъовари ва пешниходи саривактии маълумоти омориро доир ба холати бозори мехнат таъмин менамояд, хар сол оид ба холати бозори мехнат ва шугли ахоли варакахои маълумоти интишор мекунад, ба макомот ва ташкилотхои дахлдор аз холати он маълумот медихад.
Чуноне, ки аз диаграмма маълум мешавад, ки хароҷот барои рушди бахшҳои соҳаҳои иҷтимоӣ сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Ҳаҷми маблағгузории буҷетии ин соҳаҳо бештар дар асоси ҳисобу китоби сметави (харҷномавӣ) муайян мегардад. Дар натиҷа хаҷми хароҷотҳои алоҳида новобаста аз талаботи соҳа дар асоси имкониятҳои буҷети маҳаллӣ таҳия мегардад.


Ҳолати кунунии соҳа :

Ҳолати кунунии соҳа :


Таҳлили дар диаграмма овардашуда нишон медиҳад, ки буҷети ноҳия хусусияти иҷтимоӣ дошта 80,8 фоизи он соли 2011 ба ин соҳа равона шуда, дигар хароҷотҳо бошад 19,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла ба соҳаҳои маориф 57,3 %, тандурустӣ 19,7 % ва соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 15,2 % равона шудааст. Мувофиқи буҷети тасдиқ гардида (барои соли 2013), маблағгузорӣ ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ нисбат ба солҳои таҳлили зиёд гардида истодааст. Хароҷотҳои буҷети маҳаллӣ барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар соли 2011 нисбати соли 2009 то андозаи 15,7 баробар зиёд шудааст, ки ин ба хизматрасонии соҳа таъсири мусбӣ мерсонад. Маблағи ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ пешбинӣ шуда барои пардохти ҷуброни мактаббачаҳо (аз оилаҳои камбизоат), кӯмаки яквақта барои шахсоне, ки дар натиҷаи садамаи Чернобел зарар дидааанд, ҳавасмандгардонӣ дар вақтҳои ҷашнҳо ва идҳо барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, маъюбони модарзод равона карда мешавад.
Дар давоми солҳои охир афзоиши воқеии тамоми даромадҳои пулии аҳолӣ, аз ҷумла музди меҳнат ва нафақа ба назар мерасад. Музди меҳнати номиналӣ дар соли 2011 ба 181,14-ро ташкил намояд, соли 2012 ба 340,1 сомонӣ расид, ки аҳолӣ аз рӯи андозаи даромадҳо, сатҳи пасти музди меҳнати кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва сатҳи баланди музди меҳнати кормандони соҳаҳои хизматрасонии бонкӣ, суғурта, молия, сохтмон, алоқа, нақлиёт ва саноат ҳаллу фасли худро наёфтаанд. Ин натиҷаи он аст, ки хизматчиёни давлатӣ бинобар сабаби паст будани музди меҳнат сол аз сол ҷойҳои кории худро тарк намуда ба корҳои тиҷоратӣ ва муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзӣ машғул мешаванд. Таносуби байни нафақаи ҳадди ақали пардохтшаванда 150 сомонӣ буда ҳадди ниҳоии нафақа 500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Мӯъминобод бо мақсади рушди соҳаи мазкур ва дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар ин самт Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, суғуртаи ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа, маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва раёсати ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият менамоянд.
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.