ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Таъминот бо нафақа.
Таъминот бо нафақа.


Дар раёсати ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Мӯъминобод дар соли 2010-ум 5696 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда буд. Талаботи моҳонаи нафақаи онҳо 616421 сомониро ташкил медод, ки мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз № 1313 аз 13 августи 2012 нафақаи нафақаи нафақахӯрон бозҳисобӣ гардида, андозаи моҳонаи нафақа 172,66 сомониро ташкил намуд. Бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии нафақахӯрон зиёдшавии нафақа ва кӯмакпулиҳо пешбинӣ карда шудааст. Дар соли 2012 музди миёнаи нафака 172,66 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2010 ба 2,1 баробар зиёд мебошад.

Шумораи нафақахӯрон дар давоми солҳои 2010-2012 (ҳазор сомонӣ).


Таъминот бо нафақа.


Чуноне, ки аз ҷадвали боло бармеояд, дар муддати се соли охир миқдори умумии нафақахӯрон сол то сол зиёд шуда истодааст, (5,6 %). Дар ин самт зарур аст, ки аз ҷониби масъулин ва мутахассисони соҳа ба ҳолати кунунии саломатии физиологӣ ва рӯҳии аҳолӣ диққати махсус диҳанд. Миқдори маъюбон дар соли 2012 нисбат ба соли 2010 ба 4,0 % кам, маъюбони модарзод ба 1,7 % ва кӯдакони маъюб ба 19.3 % афзудааст. Дар ноҳияи Муъминбод, мактаб-интернат барои кӯдакони камбизоат фаъолият мекунад, ки дороии 134 нафар хонандаҳо буда, шароити онҳо хуб бошад ҳам, лекин ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.
Аз ин лиҳоз барои боз ҳам васеъ кардани он мушкилиҳо дида мешавад. Мушкилоти дигар дар ин соҳа ин аст, ки дар давоми солҳои 2010-2012 бо сабаби надоштани ҷои муайяни зист ва сарпаноҳ 70 нафар шахсони маъюб ва пиронсолони танҳо ба хона интернати дигар ноҳияҳо фиристода шуданд. Барои бартараф намудани ин мушкилот зарурияти бунёди хона-интернати пиронсолон ва маъюбон ба миён омадааст. Зеро бисёре аз ин пиронсолон ва маъюбон шароити ногувори иҷтимоию маиши дошта, аксарияташон мӯҳтоҷи парастор ё манзили зист мебошанд. Ҳоло дар ноҳия 1099 калонсолон ва 149 нафар кӯдакони маъюб зиндагонӣ менамоянд.
Мушкилоти асоси дар он аст, ки зиёда аз 136 нафар маъюбони гурӯҳҳои гуногун ба курси-аробача эҳтиёҷ доранд ва дар айни ҳол барои 53 нафари онҳо фавран дастрас намудани курси-аробача лозим аст. Шӯъбаи ёрии иҷтимоӣ, ки 15 нафар корманд дорад ба 79 нафар шахсони ба ҳолати душвори зиндагӣ гирифтор буда, хизмат мерасонанд. Ҳамзамон кормандони мазкур ӯҳдадоранд, ки дар ҳар ду рӯз бевосита аз ҳолу аҳволи нафақахӯрон хабар гирифта, рӯбу чини хонаю дар, харидани ғизо ва маводҳои доруворӣ, шустани сару либос ва пӯхтани хӯрокро ба анҷом расонанд. Табиат, иқлим ва боду ҳавои ноҳия барои ташкили Хона-интернати касбомӯзии маъюбон муносибу мувофиқ аст. Таъсиси хона-интернати касбомӯзии маъюбон метавонад, маъюбони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлонро фарогир бошад. Ҳамзамон ин табақаи аҳолӣ метавонанд вобаста ба қобилияти худ дар пешрафти истеҳсолоти маҳсулотҳои хом ва нимтайёр саҳм дошта бошанд.

Гузашта аз ин 50,6 фоизи аҳолии ноҳияро занон ташкил
медиханд ва аксари куллӣ онҳо дар деҳот зиндагӣ дошта ба проблемаҳои бекорӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Барои барҳам задани проблемаҳои бекории занон таъсиси корхонаҳои хурди дарзӣ, коркарди меваю сабзавот, пӯсту пашм, шир, маҳсулотҳои қаннодӣ заруру саривақтӣ мебошад. Барои тайёр кардани мутахассисон таъсиси коллеҷу ҳунаристонҳо зарур аст.
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.