ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Иғвогариҳои беиқболи наҳзатӣ дар атрофи вазъи Хоруғ
Иғвогариҳои беиқболи наҳзатӣ дар атрофи вазъи Хоруғ Аъзои ҷомеа ду гуна мешаванд. Як гуруҳ, ки аксарият ҳастанд, дар ҳолати бо хатар мувоҷеҳ шудани ватан, мекӯшанд, ки саҳми худро дар ҳифзи он гузоранд ва дар баробари мақомоти давлатӣ сипари давлату миллат бошанд. Вале дар баробари ин, як гуруҳи кӯчаки дигаре вуҷуд дорад, ки аз ҳар вазъият манфиати шахсӣ ҷӯста, зидди манфиатҳои давлату миллати худ амал мекунанд. Чунин гуруҳи кӯчак ҳамеша бо душманони хориҷии давлат ҳамкории зич карда, аз онҳо маблағи ҳаром ба даст меоранд ва тибқи нақшаҳои шуми он хоҷагони хориҷии худ фаъолият мекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки гуруҳи ифротии наҳзатӣ ба ҳамон гуруҳи хиёнаткору ватанфурӯш дохил мешавад. Онҳо ҳамеша дар баробари душманони Тоҷикистон истода, барои чанд пули ҳаром зидди мардуми тоҷик фаъолият мебаранд. Дар миёни ин наҳзатиёни хоин шахсе бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин вуҷуд дорад, ки дар туҳматбофиву дурӯғпароканӣ ҳамто надорад. Ин бешарафи ватанфурӯш дар сомонаву саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тамоми қоидаҳои одобу инсонгариро канор гузошта, бо як беинсофии бу худ хос бар зидди созандагони ватан мақолаҳову наворҳои ҷаълиро паҳн месозад. Ин бешараф намехоҳад, ки мардуми тоҷик бо ҳамин сарбаландиву озодагии худ ватани худро боз ҳам ободтару зеботар гардонад. Вай мехоҳад, ки бо чанд туҳматномаву дурӯғнома обурӯи мардуми тоҷикро резонад ва то ба сатҳи худ поён оварад. Аммо чунин орзуи бешарафона амалӣ шуданӣ нест ва беиқболи наҳзатӣ наметавонад бо ин фаъолияти зиддимардумии худ пеши роҳи ободкориву созандагии мардуми тоҷикро гирад. Шикасти фитнаи душманони мардуми тоҷик дар Бадахшон метавонад далели бесамар будани фаъолияти хоинонаи наҳзатиён мебошад. Аз ҳамон рӯзи аввали сар задани ин мушкил дар шарқи Тоҷикистон наҳзатиён фаъолтар шуда, кӯшиш карданд дар амалӣ шудани он фитна шарик бошанд. Мақолаҳову наворҳои хоинонаи худро паҳн карда, мехостанд миёни минтақаҳои Тоҷикистон тафриқа андохта, ҷанги шаҳрвандиро дубора ба роҳ монанд. Беиқболи наҳзатӣ дар ин иғвопароканиҳои наҳзатӣ саҳми зиёд дошт. Аммо зиракии сиёсии мардуми тоҷик, махсусан мардуми Бадахшон пеши роҳи ин нақшаи шуми хоинонро гирифт. Давлати қавии мо тавонист бо роҳҳои инсондӯстона ин фитнаро шикананд ва оромиву суботро дар кишвар таъмин намоянд. Ҳама кӯшишҳои наҳзатиёни хоин барҳадар рафтанд. Дар Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ ва филми «Шикасти фитна» маълумоти дақиқ дар бораи омилону сабабгорон ва гунаҳкорони ҳаводиси Хоруғу Рушон дода шудааст. Дигар мардум медонанд, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо террористони наҳзатӣ ва неруи бадхоҳи хориҷӣ иртибот дошта, тавассути гурӯҳи иғвогари манфиатҷӯ аз онҳо пул гирифтааст. Душманони манфиатталаби мардуми мо дар ин шабу рӯз кӯшиш карда истодаанд, ки фитнаҳои дигареро роҳандозӣ карда, миёни мардуми тоҷик тафриқа андозанду аз он суистифода кунанд. Аммо боварӣ дорем, ки боз ҳам шикаст хоҳанд хурд. Ин гуруҳи хоин, махсусан Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф ҳеҷ обурӯе дар кишвари мо надоранд. Ҳеҷ вақт онҳо ҳадафҳои шуми худу хоҷагони хориҷиашонро дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ карда наметавонанд. Мардум ҳамагӣ аз ҳукумати интихобкардаи худ ҳимоя карда, наҳзатиёнро ҳамчун хоину душман мешиносанд. Дар чунин ҳолат душманон наметавонанд дар ватани мо ҷойгоҳ пайдо карда, ҳадафҳои шуми худро пиёда созанд. Хуршеди Мурод 20,06,2022silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.