ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ваҳдати фикрӣ ва идеаллошии мили.
Ваҳдати фикрӣ ва идеаллошии мили. Дониш ҷузъи таркибй ва масири рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, он маҳсули низоми босамари маориф ва кӯшишу талоши ашхоси хирадманди ҷомеа маҳсуб мегардад. Дар ҷомеаи донишбунёд мувафаққиятҳо аз неруи дониш сарчашма гирифта, роҳи пешрафту тараққист тавассути он муқарар карда мешавад. Талош баҳри умумй сохтани донишомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳй ва маърифатнокии тамоми қишрҳои ҷомеа, роҳи расидан ба музаффарияту озодӣ мебошад. Ҷомеа ба онҳое, ки дониш доранд ва низ ба онҳое, ки аз маърифат дуранд, паҳн мегардад. Дар натиҷа, дониш василаи эҷоди фосила миёни ду қишри ҷомеа мегардад, яке қишри донишмеҳвар ва дигаре аз маърифат дур. Дар баробари пайдоиши ин фосила вазифаи ашхоси хирадманд ва аҳли зиё бо роҳи донишомӯзй васл намудани ин ду қишр аст, ки аз лиҳози сатҳи огоҳй ва илму хирад аз ҳам фосила гирифтаанд. Яъне ваҳдату иттиҳод бо роҳи ҳидоят сохтани ҷомеа ба сӯи илму маърифат падид меояд. Сатҳи огоҳй дар ҷомеа баёнгари сатҳи маърифатнокй дар он аст. Гузаштан аз ин, роҳи борику маҳдуд ва ниҳоят боз намудани фазой ҷадид, ки тамоми аҳли ҷомеа бо тавсиаи ҷаҳонбинии илмии худ, ба он роҳ меёбанд, марҳилаи бунёди ҷомеаи идеалй ва инсонмеҳвар мебошад. Дар натиҷа нақши илму дониш ва таъсири он ба ҳаети ҷомеа вусъат гирифта, бо истифода аз зарфйяти зеҳнй ваҳцати фикриро ба вуҷуд меоварад. Ҷомеае, ки ҳаёти воқей дар он бар асоси хирад ва муносибатҳо тавассути ченаки дониш муайян карда мешаванд. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон ба соҳаи маориф ва илм аҳмияти ҷиддӣ зоҳир мегардад, зеро роҳи саодати башар, маҳз, дар доштани илму огоҳй аст. Асос ва муҳтавои маорифпарварй, ин пеш аз ҳама тарбияи инсони комил ва рушд додани он ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир, башар дарк намуд, ки роҳи пешрафту тараққиёт ва дар баробари ин ҳифзи шаъну шарафи инсонй, танҳо бо доштани илму хирад имкон дорад. Тараққиёти техналогия ва мавқеъ ёфтани шабакаҳои иҷтимой дар ҳаёту фаъолияти инсонҳо дар ҷомеаи мутамадцин тазоди фикриро ба вуҷуд овардааст. Истифодаи шабакаҳои иҷтимой ва дигар василаҳо ҳамчун абзори мафкурасозй ва бо ин роҳ тағийр додани самти фикрронии аҳли ҷомеа, хатари ҷидцие ба ваҳдати миллатҳо эҷод сохтааст. Асоси пойдории ваҳдати миллӣ ин муттаҳидии миллат аст ва асоси муттаҳидии миллат, ин вуҷуд доштани ваҳцати фикрй мебошад. Директории муассисаи томактабии №2 Бухориева Қутосбиsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.