Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, чунин таъкид намуданд: «Бо номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гаштааст. Назари қотеонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули руҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд» .
Воқеан баъди тамошои филми «Хиёнат» мо шаҳрвандон Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Муҳидин Кабирӣ ва дигар ашхосе, ки ба ватан ва миллат хиёнат кардааст нафрат пайдо намуда ва амалҳои ноҷавонмардонаи ҳизби наҳзати исломро маҳкум менамоем.
Баъзе муҳаққиқон, таҳлилгарон ва коршиносони исломи муосир бар он ақидаанд, ки дар ҷаҳони ислом ва баъзе кишварҳои мусулмонӣ ҳоло ду падидаи номатлуб ва хатарафзо ба мушоҳида мерасад.
Падидаи аввал, аз як ҷониб аз ҳад ба сиёсат омезиш ёфтан, ба сиёсат гаравидани дин, ё ба истилоҳ густариши исломи сиёсӣ, сиёсишавии дин (политизация религии).
Падидаи дуюм, аз ҷониби дигар аз ҳад ба дин омезиш ёфтан, ба дин гаравидани сиёсат, махлутшавии сиёсат бо дин, ё ба истилоҳи дигар динӣ гардидани сиёсат, афзалият ва ғолибияти арзишҳо, меъёрҳо ва муқаррароти динӣ, дар самту соҳаҳои гуногуни сиёсат нисбат ба меъёрҳо ва қонунҳои мутамаддин (религизация политики).
Мутаасифона дар таърихи гузашта ва начандон дури мо ин зуҳуроти номатлубро метавон мушоҳида намуд, ки сабаби хушунат, ихтилоф, парокандагӣ ва фоҷиаи миллат ва шикасти давлат гашта буд.
Яке аз сабабҳои суқути нахустин давлати мустақил ва муттамаркази тоҷикон-Сомониён аз байн рафтани таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии осоишта, эҳтироми якдигар миёни пайравони дину мазҳабҳои гуногуни қаламрави он давлат, шиддат ёфтани ихтилофҳои мазҳабӣ, афзудани хушунат ва ифротгароӣ ба шумор меравад.
Таҳлилу таҳқиқи таърихи пайдоиши ихтилоф ва ҷудоӣ дар ислом ва пайравони он собит месозад, ки сабаб, реша, омил ва ангезаи аслии он пеш аз ҳама мубориза барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ, маснаду курсӣ, молу сарват, обрӯ ва нуфуз мебошад.
Баъд аз шикасти давлати Сомониён мубориза барои қудрати сиёсӣ дар гӯшаву канори он ва дигар нуқоти Мовароуннаҳр ва Хуросон авҷ мегирад ва қудратталабон омили дину мазҳабро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ моҳирона истифода мебаранд. Ин буд, ки дар байни пайравони дини ислом равия ва шохаҳои гуногуни бо ҳам ихтилофангез пайдо шуданд.
Аз гуфтаҳои боло метавон чунин хулоса баровард, ки дину мазҳаб ҳамчун як ҷузъи таркиби арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ходимону пешвоёни дин метавонанд сабаб ва омили муттаҳидӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафт, созандагӣ, бунёдкорӣ бошанд ва баръакс баъзе ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ ва пешвоёну сарварони он боиси ихтилоф, душманӣ, хушунат, қатлу ғорат, тақрибкорию харобкорӣ, биму таҳлука дар ҷомеа ва монеаи пешрафти он гарданд.
Мусаллам аст, ки дар кадом ҷомеа ва кишваре, ки таассубу хурофоти динӣ-мазҳабӣ реша давонад, дар он ҷомеа ҳамон қадар каҷравию нобасомонӣ, бӯҳрону инҳирофоти равонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва мафкуравӣ дар руҳи иҷтимоӣ ғолибият ва афзалият пайдо намуда, ҷараёни табиӣ ва иҷтимоии таҳаввулот, инкишофи зеҳнӣ, ахлоқӣ ва дар маҷмӯъ пешрафти ҷомеаро бозмедорад. Маҳз таассуби динӣ, хурофот, ҷаҳолату торикӣ яке аз заминаҳо, сабабҳо, омилу ангезаи ифротгароии мебошад.
сокин н.Муъминобод Каримова Сабоҳат