ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Амали раийятпарварона ва инсонпарваронаи Пешвои Миллат боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

 Ба ватан баргардонидани  84 нафар  кӯдакони ситамдида, ки падару модарони гумроҳашон ба онҳо раво диданд ва фарзандонашонро бо худ ба он мамлакатҳои ҷангзадаю ноором бурдаанд бо заҳмату талошҳо ва гуфтушунидҳои родмарди фаррохдил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами  миллат ба Ватан баргардонида шуданд, ки бори дигар аз содиқ будани Пешвои миллат ба халқу миллаташ шаҳодат медиҳад. Итминони комил дорам, ки ягон давру замон подшоҳ ё сарвареро бо чунин хоксорӣ ва бузургдилӣ надидааст. Ин амали ҷавонмардонаи  Пешвои миллат бори дигар, мардуми тоҷикро дар рӯйи олам  сарбаланд ва ифтихорманд гардонид. Бори дигар исбот намуд, ки миллати тоҷик  зери сарварии Пешвои худ намегузорад ягон нафар фарзандаш аз хурд то бузург зери зулму бедодгариҳои аҷнабиёни хоину  нотавонбин бошанд. Ин амалҳои нек  шаҳодати инсондустона  ва ватанпарваронаи  Пешвои миллатро нишон медиҳад. Мо ҳамагон медонем, ки сарвари давлат аз рӯзҳои аввали интихоб гардиданашон ба сари ҳокимият иброз намуда буданд, ки «то он даме, ки  як фарди тоҷик  аз хоки Ватан берун аст ман худро ҳамчун роҳбари давлат ором ҳис намекунам»  ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. 

     Боварии комил дорем. ки зери сиёсати хирадмандона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар кутоҳтарин вақт дигар шаҳрвандони тоҷик, ки ба дасисаю найрангҳои хоинону бадбинон, халалдоркунандагони фазои осоиштаи  Ватан гирифтошуда низ ба Ватани азизамон баргардонида мешаванд.

      Ба кули ҳамватанони дохилию бурунмарзии миллати салбаланди Тоҷикистони азиз муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ин Ватан аст, ки моро дар канораш мепарварад ва мо осудаҳолона зиндагӣ дорем биёед зери як ливо, як сиёсат аҳлона зиндагӣ намоем ва баҳри ободию осудагии фарзандони хеш талош варзем ва дар

ҳамбастагӣ мушт ба даҳони дасисаандозон ва хоинони халалдоркунандаи осоиштагии миллат ва Ватан  занем! Зеро

       Бо Ватан бошад нишоти зиндагӣ, <

 

       Бе Ватан набвад маро осудагӣ. <

 

       Бо Ватан мурғи дилам парвоз кард,

<

       Бе Ватан болу пари ман кандагӣ    

 
Мирзобаротзода Салоҳиддин 

раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.