Ба ватан баргардонидани 84 нафар кӯдакони
ситамдида, ки падару модарони гумроҳашон ба онҳо раво диданд ва фарзандонашонро
бо худ ба он мамлакатҳои ҷангзадаю ноором бурдаанд бо заҳмату талошҳо ва
гуфтушунидҳои родмарди фаррохдил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои
муаззами миллат ба Ватан баргардонида шуданд, ки бори дигар аз содиқ
будани Пешвои миллат ба халқу миллаташ шаҳодат медиҳад. Итминони комил дорам,
ки ягон давру замон подшоҳ ё сарвареро бо чунин хоксорӣ ва бузургдилӣ
надидааст. Ин амали ҷавонмардонаи Пешвои миллат бори дигар, мардуми
тоҷикро дар рӯйи олам сарбаланд ва ифтихорманд гардонид. Бори дигар исбот
намуд, ки миллати тоҷик зери сарварии Пешвои худ намегузорад ягон нафар
фарзандаш аз хурд то бузург зери зулму бедодгариҳои аҷнабиёни хоину
нотавонбин бошанд. Ин амалҳои нек шаҳодати инсондустона ва
ватанпарваронаи Пешвои миллатро нишон медиҳад. Мо ҳамагон медонем, ки
сарвари давлат аз рӯзҳои аввали интихоб гардиданашон ба сари ҳокимият иброз
намуда буданд, ки «то он даме, ки як фарди тоҷик аз хоки Ватан
берун аст ман худро ҳамчун роҳбари давлат ором ҳис намекунам» ва ҳамин
тавр ҳам ҳаст.
Боварии
комил дорем. ки зери сиёсати хирадмандона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар
кутоҳтарин вақт дигар шаҳрвандони тоҷик, ки ба дасисаю найрангҳои хоинону
бадбинон, халалдоркунандагони фазои осоиштаи Ватан гирифтошуда низ ба
Ватани азизамон баргардонида мешаванд.
Ба
кули ҳамватанони дохилию бурунмарзии миллати салбаланди Тоҷикистони азиз
муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ин Ватан аст, ки моро дар канораш мепарварад ва
мо осудаҳолона зиндагӣ дорем биёед зери як ливо, як сиёсат аҳлона зиндагӣ
намоем ва баҳри ободию осудагии фарзандони хеш талош варзем ва дар
ҳамбастагӣ мушт ба даҳони
дасисаандозон ва хоинони халалдоркунандаи осоиштагии миллат ва Ватан
занем! Зеро
Бе Ватан набвад маро осудагӣ.
Бо Ватан мурғи дилам парвоз кард,
Бе Ватан болу пари ман кандагӣ
раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод