ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Тоҷикистон зидди терроризм ва ифротгароӣ

Тоҷикистон зидди терроризм ва ифротгароӣ

Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғро­фияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад.

Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъ­ҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамад­дунҳоро баран­гехтаанд.

Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.

Ба ин тариқ бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад.

Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.

Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид кардаанд, ки Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ "худӣ” ё "бегона” ва ё "таҳаммулгарову” "тундгаро” буда намета­вонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротга­роӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд.

Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки "Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави "ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.” Ин мафҳумҳо, ҳама хоси абарқудратҳо буда, сард шудани муносибатҳои онҳо таъсири манфӣ ба кишварҳои сеюм мерасонад. Таърихи начандон дури вазъи Ироқу Суриё ва Украина собит кард, ки кишварҳои абарқудрат барои манфиати хеш аз ҷангу хунрезӣ рӯй наметобанд. Гузашта аз ин Сарвари давлат бо изҳори он, ки дар ташкилоти террористии «Давлати исломӣ», баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил мебошанд, аз хавфи интиқоли махфиёнаи онҳо ба сарзамини мо нигарон дарак медихад. Ба қавли Пешвои миллат «имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Ин нуқта моро ҳушдор медиҳад, ки баҳри мубориза бо ин зуҳуроти нангини аср ҷаҳду талоши бештар намоем. Зеро ҳар кори мушкил дар дастаҷамъӣ осон аст. Барои ҳадафрас анҷом ёфтани мубо­риза бо ин вабои аср, албатта таҳкими амнияти иттилоотӣ хеле зарур аст. Зеро имрӯз мо садди роҳи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва ифротгаро шуда истодаем, аммо нерӯҳои беруна бо истифода аз фазои холии ит­тилоотӣ, маълумоти харобсоз ва тафриқаангезро дар байни ҷавонон, тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн карда истодаанд. Мутаассифона гурӯҳе аз шаҳрвандони мо низ, бинобар паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ақидаҳои ин гурӯҳҳои тундрав моил шуда истодаанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳу­рии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳо ва омилҳои асосии ҷалби шаҳрвандони мо, аз ҷумла сокинони вилоят ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта мебошад. Аз ҷониби дигар, сарчашмаи пайвастшавии ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ин гирифтани таълимот аз тарафи ҷавонон дар мактабу донишгоҳҳои динии кишвар­ҳои исломӣ маҳсуб меёбад, ки маҳз дар ин муассисаҳо ҷавоно­ни мо зери таъсири таблиғоти ба мазҳабу фарҳанги мо бегона ва ифротӣ карор мегиранд.

Дар мавриди матраҳ наму­дани масъалаи мазкур дар назди мо ду вазифаи муҳим меистад, ки иҷрои он ба ақлу заковат, дониш, ҷаҳонши­носӣ, масъулият ва қобилияти ташкилотчигии ҳар яке аз мо вобастагӣ дорад.

- Якум, дарки маърифати дурусти вазъи сиёсии ҷаҳон, хоса Осиёи марказӣ ва додани баҳои дуруст ва ҳаққонӣ ба он . Фаҳмидани замина ва сарчашмаҳои воқеии экстремизм ва хушунат дар минтақа.

- Дуюм, гирифтани пеши роҳи пайвастшавӣ ва шомил­шавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони гумроҳ ба ҳизбу ҳараккатҳои экстремистӣ-террористӣ тавассути тарғиботу ташвиқоти оммавӣ.

Мо халқи шарафманди тоҷик бояд худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст ва арзишҳои миллиа­мон­ро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем. Бо назардошти ваъзи кунунии сайёра ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашуда, ба қадри Сулҳу Ваҳдат оромиву субот ва осоиштагиву хотирҷамъии кишвар бирасанд. Аз ин лиҳоз, мо ҳалқи тоҷик боз ҳам аз пештара хубтару беҳтар муттаҳид бошем. Нагузорем, ки давлатамон осеб бинад ва дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба мақсади нопоки худ нарасад.

Фозилов Сафаралӣ

корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод.

 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Скачать кино шаблоны dle и обязательно Джон Картер Смотреть онлайн бесплатно, а ещё все скачать драмы бесплатно на сайте