ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ифротгароӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ
Илова кард: adminn12-03-2020, 15:55---

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки аксари зуҳуроти номатлубро таҳиягарони гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш менамоянд, ки миёни ҷавонон татбиқ намуда, аз қувваи онҳо ба таври самаранок истифода баранд. Дар чунин ҳолатҳо барои вазъро воқеъбинона таҳлил намудану ба онҳо дуруст баҳо додан ва хубро аз бад фарқ намудан, албатта донишу фарҳанги бой доштан зарур аст.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ масъалаҳое, ки оқибати фалокатбори он танҳо марбут ба як минтақа ва ё ташвиши як мамлакат буд, феълан хусусияти умумии сайёравӣ пайдо карда, боиси нигаронии ҳамагон мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба кишварҳои олам, монанд ба як маризе дар узви инсон аст, кули аъзоро ба худ ҷалб месозад. Тераризм дар сурат ва сирати гуногун ба амал меояд. Таҳдидҳои бевосита дар вақти муборизаи сиёсӣ, зуроварӣ нисбат ба шахсони гуногун ва махсусан ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, ба гарав гирифтани шахсони мансабдор ба мақсадҳои муайян, рабудани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ё ҷисман аз байн бурдани онҳо, талаби пулу мол, воситаҳои дигари моддию молиявӣ ва муваффақ гаштан ба вазъияти умумии террор ва паст намудани эътибори ҳокимият ва монанди инҳо мақсадҳои нопоки онҳо мебошад.

Агар дар бисёр ҳолатҳо афроди тафриқаангез ба ҳадафҳои нопоки худ нарасанд ҳам, то як андоза метавонанд миёни мардуми осоишта ҷунбишу таҳлукаро ба вуҷуд биёранд. Ногуфта намонад, ки душманони миллати тоҷик ва гурӯҳҳои ифротӣ як нуқтаи хеле ҳам муҳимро набояд фаромуш созанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳамарӯзаи худро баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, подории Ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб аз қабили тераризму экстремизм, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, хурофотпарастию таасуби динӣ ва фарҳанги бегона равона месозанд.

Воқеан ҳамин нуқтаро бояд тазаккур дод, ки дар тенҷию осудагии миллати тоҷик ва оромии кишвари маҳбубамон мо кормандони соҳаи маориф махсусан омӯзгорон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки насли ояндасози худро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ҳифзи марзу буми ватан тарбия намоем ва инро шиори ҳаррӯзаи худ созем.

 

Рауфова Ҷамила: Роҳбари муассисаи таълимии № 17, деҳаи Фурузоба

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Скачать кино шаблоны dle и обязательно Джон Картер Смотреть онлайн бесплатно, а ещё все скачать драмы бесплатно на сайте