Главная > --- > Мо аъзоёни ҳизби наҳзати исломро маҳкум менамоем.

Мо аъзоёни ҳизби наҳзати исломро маҳкум менамоем.


26-03-2021, 07:48. Разместил: admin

Таъкид кардан аз манфиат холӣ нест, ки дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ хадамоти махсуси хориҷӣ манфиатдор буда, чунин ғояҳои ифротӣ ва тахрибкоронаро миёни ҷавонон ташвиқ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳ­ҳои террористӣ – экстре­мистии ба ном «Давлати исломӣ», "Ҳизби наҳзати ислом”, «Ҳизб-ут-таҳрир», "Ҳара­кати исломии Узбекистон”, "Ҷамоати Ансорул­лоҳ”, "Ҷамоати таблиғ”, ҷараёни "Салафия”, «Ҳизбул­лоҳ», «Ал-қоида», «Боко-Ҳарам», «Толибон» ва ғайраҳо, ки дар маҷмуъ шумораи онҳо зиёда аз 65 адад мебошад, барои роҳандозӣ намудани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд.

Боиси зикр аст, ки Ҳизби наҳзати ислом давоми фаъолияти худ пуштибони ҳаракату ҳизбҳои экстре­мистӣ, аз қабили "Ҳизб-ут-таҳрир”, "Ансоруллоҳ”, "Ҷамъияти таблиғ”, "Ҳаракати исломии Туркистон”, "Ҷундуллоҳ” "Ҷараёни Салафия”, Ихвон-ул-муслимин ва "ДИИШ” буда, худ низ як ҳизби экстремистӣ ва террористӣ ба ҳисоб меравад, ки инро бо амалаш собит кардааст.

Дар мавриди матраҳ наму­дани масъалаи мазкур дар назди мо ду вазифаи муҳим меистад, ки иҷрои он ба ақлу заковат, дониш, ҷаҳонши­носӣ, масъулият ва қобилияти ташкилотчигии ҳар яке аз мо вобастагӣ дорад.

- Якум, дарки маърифати дурусти вазъи сиёсии ҷаҳон, хоса Осиёи марказӣ ва додани баҳои дуруст ва ҳаққонӣ ба он . Фаҳмидани замина ва сарчашмаҳои воқеии экстремизм ва хушунат дар минтақа.

- Дуюм, гирифтани пеши роҳи пайвастшавӣ ва шомил­шавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони гумроҳ ба ҳизбу ҳараккатҳои экстремистӣ-террористӣ тавассути тарғиботу ташвиқоти оммавӣ.

Директори муассисаи таълимии № 25: Зайнура Ҷобирова

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад