Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Таъкид кардан аз манфиат холӣ нест, ки дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ хадамоти махсуси хориҷӣ манфиатдор буда, чунин ғояҳои ифротӣ ва тахрибкоронаро миёни ҷавонон ташвиқ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористӣ – экстремистии ба ном «Давлати исломӣ», "Ҳизби наҳзати ислом”, «Ҳизб-ут-таҳрир», "Ҳаракати исломии Узбекистон”, "Ҷамоати Ансоруллоҳ”, "Ҷамоати таблиғ”, ҷараёни "Салафия”, «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-Ҳарам», «Толибон» ва ғайраҳо, ки дар маҷмуъ шумораи онҳо зиёда аз 65 адад мебошад, барои роҳандозӣ намудани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд.
Боиси зикр аст, ки Ҳизби наҳзати ислом давоми фаъолияти худ пуштибони ҳаракату ҳизбҳои экстремистӣ, аз қабили "Ҳизб-ут-таҳрир”, "Ансоруллоҳ”, "Ҷамъияти таблиғ”, "Ҳаракати исломии Туркистон”, "Ҷундуллоҳ” "Ҷараёни Салафия”, Ихвон-ул-муслимин ва "ДИИШ” буда, худ низ як ҳизби экстремистӣ ва террористӣ ба ҳисоб меравад, ки инро бо амалаш собит кардааст.
Дар мавриди матраҳ намудани масъалаи мазкур дар назди мо ду вазифаи муҳим меистад, ки иҷрои он ба ақлу заковат, дониш, ҷаҳоншиносӣ, масъулият ва қобилияти ташкилотчигии ҳар яке аз мо вобастагӣ дорад.
- Якум, дарки маърифати дурусти вазъи сиёсии ҷаҳон, хоса Осиёи марказӣ ва додани баҳои дуруст ва ҳаққонӣ ба он . Фаҳмидани замина ва сарчашмаҳои воқеии экстремизм ва хушунат дар минтақа.
- Дуюм, гирифтани пеши роҳи пайвастшавӣ ва шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони гумроҳ ба ҳизбу ҳараккатҳои экстремистӣ-террористӣ тавассути тарғиботу ташвиқоти оммавӣ.
Директори муассисаи таълимии № 25: Зайнура Ҷобирова
silvenpsp.rusferurezki.ru