Ҷаласаи вохӯрии раиси ноҳия бо соҳибкорони ватани
Рӯзи 13 09 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷаласа-вохуриро бо сиҳибкорони ноҳия раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур ифтитоҳ бахшида хотиррасон намуд. ки рӯзи 23-августи соли ҷорӣ дар назди муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба гузаронидани Форуми байналмилалии соҳибкории "Душанбе-2018", таҳти унвони "Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ" диор гардид. Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо бобати омодагӣ ба чорабинии мазкур тасдиқ карда шуда, тибқи он ҷадвали гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо бо соҳибкорон ва сармоягузорон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили рӯзи соҳибкорон ва баргузории Форуми байналмилалии соҳибкорони "Душанбе-2018" таҳти унвони "Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисоди" бо имзои раиси вилоят тасдиқ гардид.
Раиси ноҳия қайд намуд, ки муддати чандин сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 октябр рузи соҳибкорон таҷлил мегардад. Ин иқдоми наҷиб, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, воқеан ҳар вақте, ки Сарвари давлат бо соҳибкорону сармоягузорони Ватанӣ мулоқот доир менамоянд, дар он мушкилотҳои асосии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва дар ин замина самтҳои муҳимтарни фаъолият ва вазифаҳои идораю мақомоти давлатӣ ҷиҳати руди соҳибкорӣ муайян ва мушаххас карда мешаванд. Дар мулоқот самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳиссаи соҳибкорон дар рушди иқтисодиёт, афзоиши истеҳсолот, пурра
гардидани қисми даромади буҷет ва дар маҷмӯъ шукуфоии Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.
silvenpsp.rusferurezki.ru