ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Таъминот оби нӯшокӣ ва хадамоти рифоҳӣ
Таъминот оби нӯшокӣ ва хадамоти рифоҳӣ

Таъминот оби нӯшокӣ ва хадамоти рифоҳӣ


Оби нӯшокӣ яке аз сарчашмаҳои асосии ҳаёт ба ҳисоб меравад. Чумҳурии Точикистон аз ин сарчашмаҳои бебаҳо хело бой бошад ҳам, вале мутаассифона ин неъмати бебаҳо на ба ҳама дастрас мебошад. Дар ноҳияи Мӯъминобод маҳаллаҳо ва деҳаҳое мавчуданд, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Дар ҳудуди ноҳия барои таъмину нигоҳубин ва танзими об ба истифодабарандагон Корхонаи Фаръии Давлатии Обтаъминкунӣ ва системаҳои оби нӯшокие, ки аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ сохта шудаанд, фаъолият менамоянд.
Корхонаи Фаръии Давлатии Обтаъминкунии ноҳия Мӯъминобод соли 1980 ташкил шуда, айни ҳол дар корхона 13 нафар коргар кор ва фаъолият мекунанд, ки аз ин 4 нафараш дорои маълумоти Олӣ ва 9 нафар дорои маълумоти касбӣ техникӣ мебошанд. Дар тавозуни корхона 1 адад трансформатор, 2 адад насоси оббарорӣ, 5 адад чоҳи амудӣ (скваж), ҳавзи обҷамъкунӣ 1500 м3 ва хатҳои обтаъминкунӣ ба масофаи 16,5 км-ро ташкил менамояд, мавҷуд аст.


Таъминоти аҳолии ҷамоатҳо бо оби нӯшокӣ


Таъминот оби нӯшокӣ ва хадамоти рифоҳӣ


Аз ҷадвали мазкур бар меояд, ки аз ҳама мушкилоти вазнин вобаста ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ба назар мерасад ва он 35 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон ин нишондод дар ҷамоатҳои деҳоти Кулчашма ва Ш. Шоҳин низ таваҷҷӯҳи махсусро талаб мекунад Маълумоти расмии оморӣ нишон медиҳад, ки дар ноҳияи Мӯъминобод ба сифати сарчашмаҳои таъмини оби нӯшокӣ обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ истифода бурда мешаванд. Мутобиқи тадқиқоти гузаронидашуда Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 (дар доираи 530 хоҷагӣ) муайян карда шуд, ки сарчашмаи асосии истифодаи оби нушокӣ барои ноҳияи Мӯъминобод хати оби марказӣ, хати оби берун аз хона ва назди ҳавлигӣ (56,6 %), оби овардашуда (привозная вода) (5,8 %) мебошад. Тавассути дарёҳо, кулҳо, ҳавзҳо, чуйҳо ва наҳрҳо (6,0 %), чашмаҳо 35,0 %), боришоти табиӣ (3 %), чоҳҳои амудӣ (8 %) ва дигарсарчашмаҳо (0,2 %) истифода бурда мешавад. Мутаассифона, на ҳамаи ин сарчашамаҳои оби нӯшокӣ ба талаботҳои санитарию гигиени чавобгуй мебошад, ки ин яке аз мушкилотҳои асосии соҳа ба шумор меравад.

Норасогии об дар хочагиҳои хонавода вобаста ба давраҳои сол


Таъминот оби нӯшокӣ ва хадамоти рифоҳӣ


Аз натичаи таҳлили чадвали мазкур бар меояд, ки аҳоли аз ҳама бештар вобаста ба норасогии об дар моҳҳои май сентябр ва октябр танқисӣ мекашанд. Дастраси умумии аҳолӣ ба хатҳои оби нӯшокӣ 60,3%-ро ташкил дода, 39,7 %-и дигари аҳолӣ аз норасогии об танқисӣ мекашанд. Илова бар ин мутобиқи ин татқиқот маълум гардид, ки 22 %-и онҳое, ки аз пурсиш гузаштанд барои ҳаққи истифодаи об маблағ пардохт намекунанд, ки ин корро дар ин самт боз ҳам мушкилтар мегардонад. Инчунин 64 %-и хонаводаҳо қайд карда гузаштанд, ки оби нӯшокие, ки аз хатҳои марказӣ истифода мебаранд бе хлоранд.

Таркиби сарчашмаҳои истифодабарии обҳои нӯшокӣ


Таъминот оби нӯшокӣ ва хадамоти рифоҳӣ


Таркиби сарчашмаҳои истифодабарии обҳои нӯшокӣ


Таъминот оби нӯшокӣ ва хадамоти рифоҳӣ


Аз таҳлили ҷадвал бар меояд, ки хонаводаҳо бисёртар оби нӯшокиро аз нуқтаи марказӣ ва чашмаҳо истифода мебаранд. Новобаста аз оне, ки баҳри аз байн бардоштани мушкилотҳои мавчуда мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод кушиш ба харҷ медиҳад, мутаассифона баъзе мушкилотҳо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Қайд кардан зарур аст, ки мувофиқи барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Чумҳурии Точикистон бо оби тозаи нушокӣ барои солҳои 2007-2020, ки бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Точикистон № 514 аз 2 декабри соли 2006 тасдиқ шудааст, аз чониби Корхонаи фаръии давлатии обтаъминкунӣ ва системаҳои хатҳои оби нӯшокие, ки аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ сохта шудаанд, барои солҳои 2013-2015 чунин чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин тибқи барномаи мазкур Корхонаи Фаръии Давлатии Обтаъминкунии ноҳия дар давоми солҳои 2007-2012 аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ, инвеститсияи хориҷӣ ва буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда нашудааст, ки барои таъмин намудани аҳолӣ бо оби нушокии тоза таъсири манфӣ мерасонад.





silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.