ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Пешниҳоди хизматрасонии манзилию коммуналӣ.
Пешниҳоди хизматрасонии манзилию коммуналӣ.

Пешниҳоди хизматрасонии манзилию коммуналӣ.


Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилӣ-коммуналии ноҳияи Мӯъминобод соли 1975 ташкил карда шуда, ба корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб мебошад. Дар корхона ҳамагӣ 50 нафар кор-гарон фаъолият менамоянд, ки онҳо асосан ба кабудизоркуни ободони маркази ноҳия чароғонкунӣ, тозагии санитарӣ, хизматрасонии манзил машғул мебошанд. Дар тавозуни муассиса 15 хонаи дуошёнаи коммуналӣ мавҷуд аст, ки масоҳати умумии он 5100 м2 мебошад. Муассиса ба 180 нафар истиқоматкунандагони хонаҳо хизмат мерасонад. Хизматрасонии коммуналӣ ва нигоҳдории фонди манзил аз таъмири бомҳои хонаҳо, таъмири дару тирезаҳо, таъмири даромадгоҳҳо ва равшаникунонии даромадгоҳҳо иборат мебошанд. Хизматҳои расонидашаванда ва фарогирии истеъмолкунандагон:
-баровардани партовҳои сохти маиши 25%;
-баровардани партовҳои моеъ 15%;
-нигоҳдорӣ ва истифодаи фонди манзил, дар биноҳои ду ошёна 8%;
-ободкунӣ, кабудизоркунӣ ва равшанкунонии ҳудуди марказ аз ҳисоби буҷети маҳалӣ 100%.
Корхонаи мазкур ба ҳисоби миёна ба 21600 муштариён барои баровардани партовҳои сахти маишӣ (ПСМ) хизмат мерасонад. Ҳаҷми миёнаи солонаи хошокрӯбаҳои баровардашаванда ба як нафар аҳолии марказ 0.87 м3-ро ташкил медиҳад, зеро меъёри гузоштаи корхона барои ғундоштани ПСМ дар шаҳрак ба як анфар истиқоматкунанда 0.95 м3 ва барои як оила дар бахши хусусӣ 2 м3-ро ташкил медиҳад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳаҷми ғундоштани ПСМ дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ бо ҳисоби миёна ба як истиқоматкунанда то 1.1 м3 ПСМ-ро ташкил медиҳад, ҳамин тавр мутобиқи меъёрӣ гузошташуда бояд ҳаҷми ПСМ-и баровардашуда дар ноҳия соле 1600 м3-ро ташкил диҳад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сол то сол ҳаҷми ПСМ зиёд шуда истодааст, аз ҷумла ҳамагӣ дар соли 2009 аҳолӣ 1200 м3 ПСМ бароварда шуда бошад, аллакай дар соли 2011 1303 м3 бароварда шудааст, ки ин ба 1.1 баробар зиёд аст. Корхонаи мазкур ба 23 корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои тиҷоратӣ, инчунин ба аҳолӣ оид ба баровардани ПСМ шартнома дорад, ки 75 фоизи корхонаву ташкилотҳоро сохторҳои тиҷоратӣ ташкил менамояд. Барои ҷамъоварии ПСМ дар корхонаи мазкур 3 адад автомашинаи тамғаи ГАЗ-53, 1 адад трактори Т-40 кор мекунад, ки хеле фарсуда шуда, қариб аз фаъолият боз мондааст. Шумораи автомашинаҳо барои бо пуррагӣ хизмат расонидан ба аҳолии марказ кам мебошанд. Бинобар нарасидани автомашинаҳо партовбордор ва дур будани масоҳати роҳ ба маҳалҳои деҳот барои баровардани партовҳо корхона имконият надорад. Чунки масофаи роҳ дароз буда, автомашинаҳо ва сӯзишвори намерасад. Партовгоҳи марказ бо масоҳати 25000 м2 дар масофаи 3.5 км аз маркази ноҳия ҷойгир аст, ки ба талаботи санитарию-экологӣ пурра ҷавобгӯ нест. Дар корхона мушкилоти асоси нарасидани техники ҳозиразамон мебошад. Барои солҳои 2013-2015 ба корхона 2 адад автомашинаи партовбардорӣ Камаз ба маблағи 200000 сомонӣ, ё 2 адад автомашинаи асенизатсионӣ кашидани обкашӣ тамғаи ГАЗ-53 ба маблағи 150500 сомонӣ ва 1 адад автомашинаи обпошии ЗИЛ-130 ба маблағи 170000 сомонӣ дастрас намудан зарур аст. Барои таъмири болопӯш хонаҳои коммуналӣ (хонаҳое дар тавозуни корхонаи мазкур қарор доранд) дар солҳои 2013-2015 115000 сомонӣ маблағ зарур аст. Умуман барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилӣ-коммуналии ноҳия дар солҳои 2013-2015 зиёда 532 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст, ки дарёфти ин маблағҳо сарпарастро талаб менамояд.
Барои бартараф намудани баъзе аз мушкилотҳо аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Мӯъминобод кашидани хатти ташноб дар масофаи 2,5 км бо маблағи умумии 1077,0 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шудааст.


Мушкилотҳои асосии соҳа:


- мавҷуд набудани оби нӯшокӣ дар баъзе деҳаҳои ноҳия;
-кӯҳна будани шабакаҳои обрасонӣ, корношоям будани обмилакҳо ва надоштани ҷумакҳо;
- ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгуй набудани сарчашмаҳои обгирӣ;
-зиёд будани талафоти шабонарӯзии об;
-нокифоя будани маблағгузорӣ;
-нарасидани таҷҳизотҳо ва корношоям гаштани воситаҳои техникӣ;
- коркард нагардидани партовҳо ва дар ҳолати ғайриқаноатбахш вуҷуд доштани онҳо;
-пурра ба кайд гирифта нашудани истифодабарандагони хизматрасонӣ;
-таъмирталаб шудани болопӯши корнаҳои коммуналӣ.

Ҳадафи стратегии соҳа – ин беҳтар намудани сифати пешниҳоди хизматрасони ва таъмини саривақтии он мебошад.

Вазифаҳо:


- бо оби нӯшоки таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳо;
- барқарор намудани шабакаҳои обрасонӣ, аз нав кардани обмилакҳо ва гузоштани ҷумакҳо, барқарор намудани фишор дар қубурҳои магистралӣ ва тамини об ба ошёнаҳои аз 3 то 5 дар биноҳои баландошёна;
- ба талаботҳои санитарию гигиенӣ мутобиқ намудани сарчашмаҳои обгирӣ;
-кам кардани талафоти шабонарузии об;
-дарёфти сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ;
-харидори намудани таҷҳизотҳо ва воситаҳои техникии нав;
- ба роҳ мондани коркарди партовҳо, ба талаботҳои санитарию гигиенӣ мутобиқ намудани партовҷойҳо ва маҳкам кардани гирду атрофии онҳо;
-дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳи ҷиҳати бақайдгирии истифодабарони хизматрасонӣ;
- аз таъмир баровардани болопӯши корнаҳои манзилию коммуналӣ.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.