ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ИЗҲОРОТИ ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи сарҳадӣ дар марз бо Қирғизистон
Илова кард: admin14-06-2022, 18:34Асоси
ИЗҲОРОТИ ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи сарҳадӣ дар марз бо Қирғизистон ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «14 июни соли 2022 дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии «Кех», воқеъ дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳонаи навбатӣ ба вуқуъ пайваст. Бахусус, соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ, дидбонгоҳи сарҳадии мазкур аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо истифода аз яроқи гуруҳӣ ва миномётҳо ба ҳамлаи ногаҳон гирифтор шуд», — гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ВКХ Тоҷикистон таъкид менамояд, ки дар натиҷаи ин амали таҷовузкоронаи беасос командири дидбонгоҳи сарҳадии «Кех» ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи ҷамоати деҳоти Ворух интиқол дода шуд. Айни замон вазъи саломатии ӯ бисёр вазнин аст. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон миёни намояндагони сарҳадии тарафҳо доиршуда, соати 07:30 бо вақти маҳаллӣ оташбас муяссар гардид. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон бо таассуф таъкид мекунад, ки амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон хусусияти мунтазам гирифтаанд. Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъиятро дар сарҳад танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад. Тоҷикистон амалҳоии иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда чораҳои бетаъхир андешад. Акс: ВКХ ҶТsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.