ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
26272829 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ДИДАН КАРДАНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР МУҲТАРАМ САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО АЗ ВАЗЪИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ РАҚАМИ 7-И НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
Илова кард: admin19-02-2023, 00:05Асоси
Дар нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори омма вобаста ба ҳолати фаъолияти муассисаи таълимии рақами 7-и ноҳияи Муъминобод суол пешниҳод карда буданд. Инро ба инобат гирифта, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро зимни сафари корӣ аз вазъи муассисаи таълимии мазкур боздид намуд.
Бо сабаби афзоиш ёфтани аҳолӣ, сол аз сол зиёд гардидани хонандагони муассисаи таълимии рақами 7 ва садамавӣ шудани яке аз биноҳои муассиса ба синфхонаҳои нав эҳтиёҷ ба миён омадааст. Аз ин лиҳоз, барои идома ёфтани таълими хонандагон дар назди беморхонаи ноҳия чор адад синфхонаҳои иловагии муваққатӣ кушода шуда, таълим идома дорад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ба инобат гирифтани вазъи муассиса аз тарафи Вазорати маориф ва илм дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони бинои иловагӣ барои муассисаи таълимии рақами 7 оғоз гардидааст.
Ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки бинои куҳнаи муассисаи таълимӣ соли 1949 сохта шуда, бо сабаби фаъолияти солҳои тӯлонӣ ҳолати садамавиро касб намудааст. Дар муассисаи таълимии номбурда 850 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Гуфта шуд,ки сохтмони бинои нави иловагии муассисаи таълимӣ барои 240 нафар хонанда дар як баст идома дорад. Аллакай, қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагӣ анҷом ёфтааст.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, барои тезонидани кор ва бо сифати баланд анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ масъулинро вазифадор кард.
Ҳамзамон, зимни дидан кардан аз муассисаи таълимии рақами 7 вазири маориф ва илм бо хонандагону омӯзгорон суҳбат орост. Бахусус, оид ба вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва аз бар намудани 400 вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим таъкид намуд. Қайд гардид,ки таваҷҷуҳу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ зиёд аст. Ба ин хотир, маҳз ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати алоҳида дода шавад. Дар ин раванд, аз раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия хоҳиш карда шуд, ки дар самти амалӣ шудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон мусоидат намоянд. Зеро, Роҳбари давлат дастгирии кадрҳои ҷавон ва соҳаи маорифро дар ҷойи аввал мегузоранд.
Дар ин баробар, вазири маориф ва илм аз рафти сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 5-и ноҳияи мазкур дидан ба амал овард. Сохтмони бинои иловагӣ барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Фариддун" буда, тибқи нақша давоми соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ҳангоми мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии муассисаи таълимии номбурда мавҷудияти норасоии синфхонаҳо пурра аз байн рафта, омӯзгорон ва толибилмон дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ҷавобгӯ ба талаботи замон таҳсилу фаъолият хоҳанд кард.
ДИДАН КАРДАНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР МУҲТАРАМ САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО АЗ ВАЗЪИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ РАҚАМИ 7-И НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
ДИДАН КАРДАНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР МУҲТАРАМ САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО АЗ ВАЗЪИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ РАҚАМИ 7-И НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
ДИДАН КАРДАНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР МУҲТАРАМ САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО АЗ ВАЗЪИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ РАҚАМИ 7-И НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
ДИДАН КАРДАНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР МУҲТАРАМ САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО АЗ ВАЗЪИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ РАҚАМИ 7-И НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
ДИДАН КАРДАНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР МУҲТАРАМ САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО АЗ ВАЗЪИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ РАҚАМИ 7-И НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
ДИДАН КАРДАНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР МУҲТАРАМ САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО АЗ ВАЗЪИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ РАҚАМИ 7-И НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.